Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабр дар ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, санади муҳими сиёсӣ ва барномавӣ маҳсуб ёфта, самтҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварро барои марҳалаи минбаъда муайян намуд. Муҳтавои Паём бар пояи таҳлили амиқи воқеияти ҷомеа таҳия гардида, ҳадафҳои стратегии давлатро бо дарназардошти талаботи замони муосир инъикос мекунад.
Дар Паёми худ Пешвои миллат ба соҳаҳои калидии ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илму фарҳанг ва маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ин равиш гувоҳи он аст, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамоҳанг ва мутавозини ҳамаи соҳаҳо равона гардида, инсон ҳамчун арзиши олӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.
Махсусан, таваҷҷуҳи амиқи Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва фарҳанг нишон медиҳад, ки рушди зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа омили асосии пешрафти давлат ба ҳисоб меравад. Маорифу фарҳанг ҳамчун пояи рушди устувор ва омили ташаккули худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ҷаҳонбинии солим дар сиёсати давлатӣ мавқеи калидӣ доранд. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои гуногуни фарҳангӣ ҳифзу рушди фарҳанги миллӣ ва тарбияи кадрҳои соҳибтахассус аҳамияти хоса пайдо мекунад.
Барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъкидҳои Пешвои миллат роҳнамо ва барномае, ки аз рўи онҳо бояд амал намоянд, амалӣ ба шумор мераванд. Зеро маҳз чунин муассисаҳо дар тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳанг, ҳунар ва санъат, ки нигаҳдорандагони арзишҳои миллӣ мебошанд, нақши сарнавиштсоз доранд. Омодасозии кадрҳои дорои дониши муосир ва ҷаҳонбинии васеъ метавонад заминаи рушди фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи он дар арсаи байналмилалиро фароҳам созад.
Яке аз нуктаҳои муҳими Паём дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф мебошад. Баланд бардоштани маоши омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ҳамзамон муқаррар намудани ҳадди ақалли музди меҳнат, иқдоми иҷтимоии муҳим ва саривақтӣ буда, ба баланд гардидани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва ҷалби кадрҳои лаёқатманд ба соҳа мусоидат менамояд. Аз нигоҳи таҳлилӣ, ин тадбир метавонад сифати таълимро беҳтар намуда, заминаи рушди захираҳои калидиро дар оянда тақвият бахшад.
Ҳамзамон, ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат дар самти роҳандозии озмунҳои фарҳангиву маърифатӣ ва дастгирии эҷодкорон нишон медиҳанд, ки фарҳанг ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ мебошад. Ин сиёсати фарҳангпарварона ба таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносии ҷавонон ва ҳифзи мероси маънавии миллат равона гардидааст.
Дар маҷмуъ, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади таҳлилӣ ва роҳнамои рушди ҷомеа буда, иҷрои самараноки он аз ҳисси баланди масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванди кишвар вобаста аст. Мо кормандони соҳаи маорифу фарҳанг, вазифадорем, ки ҳидоятҳо ва таъкидҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, бо заҳмати содиқона дар тарбияи насли худогоҳ, фарҳангпарвар ва ватандӯст саҳмгузор бошем. Танҳо дар ҳамин сурат метавонем дар рушди устувори Тоҷикистони азиз ва муаррифии фарҳанги ғании миллӣ нақши шоиста гузорем.

НАБИЕВ Ҳ.И., сардори раёсати таълими
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати
Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода