Санаи 20 ноябри соли 2024 дар Китобхонаи илмии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявии дар мавзуи “Парчам-баёнгари ормонҳо ва пирӯзиҳои миллат” аз ҷониби кафедраи бойгонишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ баргузор гардид.
Дар конференсияро ректори муассиса доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ М.З., ноибони ректор, деканҳои факултетҳои донишкада, устодону донишҷӯёни факултетҳо ва кормандони Китобхонаи илмӣ иштирок намуданд.
Кори конфронсро доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳусни оғоз баҳшида, ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод намуданд. Роҳбари донишкада зикр намуданд, ки пос доштани муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, ватанпарвару ватандуст мебошад.
Сипас ба кори конфронс мудири кафедраи бойгонишиносӣ, номзади илмҳои таърих, дотсент Майрам Мамадазимова роҳнамои намуда перомуни нақши Парчами давлатӣ дар худшиносию худогоҳии наврасону ҷавонон, дар маҷмӯъ аҳли ҷомеа ибрози назар намуданд ва зикр карданд, ки эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст.
Тибқи барномаи тасдиқгадида декани факултет Зафари Шариф дар мавзуи “Пешвои миллат ва ташаккули фарҳанги парчамдорӣ” суханрони намуда зикр намуд, ки пос доштани муқаддасоти миллӣ вазифаи шаҳрвандии ҳар як шахси ватанпарвару ватандуст мебошад. Боиси ифтиору сарбаландист, ки яке аз суннатҳои дерину бостонии далватдории тоҷикон, нишони шукӯҳу шаҳомат ва нангу номуси миллии аҷдодони сарбаланди мо аз даврони Ковиёни ба номи “Дирафши Ковиёнӣ” боқӣ мондааст. Маҳз посдоштани Парчами миллии мо имрӯз дар радифи дигар давлатҳо парафшонӣ мекунад, ки боиси ифтихору сарбаландии ҳар як шаҳванди ватандуст мебошад.
Сипас омӯзгори кафедраи бойгонишиносӣ номзади илмҳои таърих, дотсенти Донигоҳи Миллии Тоҷикистон Шарофуддинов Суҳроб дар мавзуи “Парчами давлатӣ – рамзи давлатдорӣ ва ифтихори миллӣ”, суханронӣ намуда қайд намуд, ки парчам ягона рамзи сиёсист, ки давлату миллатро аз қаҳрамонӣ, мавҷуд будани фарҳангу оини давлатдорӣ шаҳодат медиҳад. Аз таърихи кӯҳан тоҷикон соҳиби парчаму нишони давлатии худ буданд ва ин аз садсолаҳо мерос барои насли оянда боқи мондааст. Омузгори калони кафедраи бойгонишиносӣ Холибоева Нарзӣ дар мавзуи “Пешвои миллат ва оини парчамдории тоҷикон” суханронӣ намуда пачами таърихии миллати тоҷикро аз солҳои 1929 аз замони ба вуҷуд омадани Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил шаҳр дод. Зикр гардид, ки ҳарчанд тоҷикон аз қадим соҳибфарҳангу соҳибтамаддун буданд то замони ҳокимияти шуравӣ парчами давлати мустақил амал намекард, маҳз дар давраи давлатдории шуравӣ ва баъдан соҳибистиқлолӣ имконият дод, ки ҳар як давлату миллат рамзҳои давлати худро пос дорад. Тоҷикистон, низ аз ҷумлаи ин давлатҳоест, ки маҳз баъди ҷумҳурии мустақил гардидан соҳиби муқаддасоти миллӣ Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, асъори миллӣ, забони давлатӣ гардиддаст.
Омузгори кафедраи бойгонишиносӣ Ҷалолов Беҳруз зимни ироаи маърузаи худ дар мавзуи “Инъикоси Парчами давлати дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ” зикр намуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳз фарзандони шарафманди миллати тоҷик муаррифӣ мекунанд, ки ҳар яки он дар нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст.
Қайд кардан ба маврида аст, ки гиромидошти рамзҳои миллӣ, шинохти ҳуввияти миллӣ аз наслҳои гузашта ба имруз мерос омада ҳифз намудани он аз наслҳои минбаъда вобастагии амиқ дорад. Бинобар ин, маҳз дар ин маврид донишҷуёни фаъоли кафедраи бойгонишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Қодиров Самандар ва Имомқулова Фарангез дар посдории рамзҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дар арасаи ҷаҳони минбаъд парафшон намудани он маърузаҳои хешро пешниҳод намуданд.
Синои Абуалӣ шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, котиби Шурои олимони донишкада дар васфи Парчами миллӣ ва ифтихори ватандорӣ шеърҳо қироат намуда рӯзи Парчами давлатиро ба ҳамагон табрик намуд
Ноиби ректор оид ба илм ва рушди инноватсия номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер зимни сухани ҷамбастӣ қайд намуд, ки шинохти ҳуввияти миллӣ, ифтихори давлату давлатдорӣ аз парчамдории онон вобастаги дорад. Аз сарчашмаҳоми таърихӣ, ки уламо зикр намудаанд, пос доштани парчам аз ҷониби шоҳону сарлашкарон ҳангоми муҳорибаҳо ин худ нишонаи пирузии давлатдори буд.
Сипас мудири кафедра Майрам Мамадазимова ҳамагонро барои иштирок дар конфронс изҳори сипос намуда намуда ба кори конфронс хотима бахшид.
Назрӣ ХОЛИБОЕВА,
омузгори калони кафедраи бойгонишиносӣ