Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрон ва донишҷӯён бахшида бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик», «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «700-солагии Ҳофизи Шерозӣ» бо ширкати корманди Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикстон», доктори илмҳои тиб, пиряхшинос, профессор Қаюмов Абдулҳамид ва устодону донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.
Конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявиро ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокдорони конференсияро ба донишкада хайрамақдам намуда, тазаккур дод, ки бо дарназардошти нақши бузурги илму маориф Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон карда, дар ин замина бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил мегардад, ки ба рӯзи таваллуди Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва рӯзи таъсиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рост меояд. Дар ин росто ҳамасола ҳар ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, аз ҷумла дар донишкадаи мо низ «Ҳафтаи илм» бо баргузории конференсияву семинарҳои илмию амалӣ, ки натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии ҳайати профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрони муассисаро бозгӯ мекунанд, гузаронида мешавад.
Ректори донишкада тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва рушди бемайлони он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ҳамаи суханрониҳо ва вохӯриҳо вобаста ба ин масъала таъкиду роҳнамоиҳои судманд мекунанд. Аз ҷумла, Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд, ки ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.
Зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир бо эълон кардани солҳои 2020-2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва ба роҳ мондани озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» ба рушди илм ва омода намудани кадрҳои илмӣ заминаи мустаҳкам гузоштанд.
Корманди Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикстон», доктори илмҳои тиб, пиряхшинос, профессор Қаюмов Абдулҳамид маърузаи илмии худро дар мавзуи «Тоҷикистон – пешоҳанги масоили пиряхҳо» ироа намуда, оид ба ташаббуси навбатии сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мулоҳизаҳояшро зикр намуд.
Номбурда дар давоми суханронияш тазаккур дод, ки моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, якдилона қабул кард. Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид. Дар асоси ин Қатънома, 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва қарори дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расид. Ин ташаббуси Пешвои миллат барои инсоният ва сайёраи мо воқеан аҳамияти бузург дорад, зеро он ба ҳифзи табиат ва захираҳои обӣ, дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳаёти инсоният дар сайёраи мо равона шудааст.
Сипас, устоди донишкада номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер Файзуллоҳ ва докторанти (PhD) курси 3-юми кафедраи санъатшиносӣ ва назарияи мусиқӣ Исрибшоева Нуринисо мутаносибан дар мавзуҳои «Бозтоби мусиқӣ ва истилоҳоти он дар шеъри Ҳофизи Шерозӣ» ва «Перомуни баъзе масъалаҳои ташаккули фарҳанги мусиқии Бадахшон дар солҳои 40-50-уми асри ХХ» баромад намуданд. Дар анҷоми конференсия миёни маърузачиён ва иштирокдорон мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Раёсати донишкада дар доираи конференсия омӯзгори донишкада Раҳмонова Дилраборо барои бо муваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ бо Ифтихорнома қадрдонӣ намуд.
Конференсияи мазкур, ки тайи як ҳафта давом мекунад, ба рушду тавсеаи иқтидори илмии донишкада равона гардида, дар он зиёда аз 200 мақолаи илмии профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрон ва донишҷӯён ироа мегардад.
ҚУДРАТОВ СИНО