Имрӯз дар Имрӯз таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода” таҳти роҳбарии ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишкада бо хотири ба роҳ мондани тамошои дастаҷаъмонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионию радиоии кишвар мустақиман пахш мегардад ҷаласа баргузор гардид. Роҳбари муассиса масъулинро вазифадор намуд, ки тамоми устодону кормандон, магистрон, докторантон, унвонҷӯён, ва донишҷӯёнро барои тамошои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷалб намуда, шароити мусоид фароҳам оваранд.
Ректори донишкада зикр намуд, ки Паёмҳои Пешвои миллат чун ҳамеша тамоми самтҳои асосии фаъолияти мамлакат барои давраҳои ояндаро муайян менамоянд ва Сарвари кишвар оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта, масири фардои моро муайян менамоянд.