Оила ҳамчун пояи асосии ҷамъият ва муҳити аввалини тарбияи инсон, дар ҳар давру замон нақши муассир доштааст. Аз замонҳои қадим то имрӯз, оила на танҳо манбаи муҳаббат ва дастгирии маънавист, балки мактаби ахлоқ, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонист. Бо тағйир ёфтани ҷомеа ва рӯ ба рӯ шудани инсон бо ҷаҳонишавӣ, технология ва дигар равандҳои муосир, муносибатҳои дохилиоилавӣ низ дучори дигаргуниҳо мегарданд. Маҳз ҳамин ҷараёнҳо масъалаи навро дар робита ба тарбияи фарзандон, нақши зану мард дар оила, муҳоҷират, таҳсил, бекорӣ ва дигар паҳлуҳои зиндагии оилавӣ ба вуҷуд овардаанд. Баррасии чунин масъалаҳо имкон медиҳад, ки ҷомеа роҳҳои ҳалли муфидро дарёфт кунад ва ба пойдории ин ниҳоди муқаддас мусоидат намояд.

      Бо назардошти нақши сарнавиштсози оила дар таъмини субот ва пешрафти ҷомеа, соли 2015 бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Соли оила»  эълон гардид. Ин иқдом на танҳо бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати оила, балки ҷиҳати таҳкими робитаҳои байнинаслию инсондӯстӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва ахлоқӣ дар ҷомеа роҳандозӣ гардид. Роҳбари давлат пайваста дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки  “Оила сарчашмаи ахлоқи ҳамида, меҳру муҳаббат ва инсонпарварист” , аз ин рӯ мустаҳкам намудани пояҳои он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар мебошад.

      Маҳз  ҳамаи ин талошҳо ба он нигаронида шудаанд, ки тавассути дарк ва паҳн сохтани арзишҳои маънавии ба рӯҳияи миллии кишварамон созгор, замина барои кушодани табиати воқеан ҳам фарҳангсолоронаи мардум, новобаста аз мансубияти иҷтимоияшон, фароҳам оварда шавад. Зеро ба асли табиати инсонии худ сарфаҳм рафтани ҳар як фарди ҷомеа маҳз тавассути азхуд кардани тарбияи маънавии оила ва  арзишҳои маънавие, ки дар тӯли таърих офарида шудаанд, муяссар мегардад. Маҳз ба ҳамин хотир, пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи хосса ба худшиносии миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, назари амиқ намудан ба осори пурғановати маънавии гузаштагон ва омӯзиши таърихи ниёгон қарор гирифт. Ин ҳама дар барномаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардида буд ва ҳам дар ҷомеа чунин иқдом ба вуҷуд омад. Албатта шароити нави ба амаломада ҷомеаро маҷбур мекард, ки рӯ ба таърих ва фарҳанги худ орад. Ин аз чанд омил вобаста аст:

  1. Фазои нави сиёсӣ, истиқлолияти давлатӣ ва марҳалаи нави бунёди давлатдории миллӣ талаб менамуд, ки мо ба фарҳанг ва мероси маънавию моддии халқамон такя намоем, ки ин ҳам барои ба тартиб даровардани сиёсати дохилии мамлакат ва ҳам барои ташаккули идеяи миллӣ ва худшиносии шаҳрвандон мадад мерасонд.
  2. Дар таҳким ва рушди давлатдории миллӣ моро зарур буд, ки аз таърихи халқи худ, аз он бурду бохтҳое, ки миллати тоҷик дар раванди таърих аз сар гузарондааст, сабақ гирем ва барои ислоҳи иштибоҳҳое, ки дар тӯли таърих анҷом шудааст, талош варзем ва тавонем, ки сабақҳои таърихиро баҳри ҳалли проблемаҳои муосир сафарбар намоем.
  3. Баҳри таҳкими давлатдорӣ зарур аст, ки ҷомеа ба анъанаҳои фарҳангӣ ва маънавӣ такя намояд.

       Боло бардоштани нақши оила дар тарбияи худшиносиву худогоҳӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳам мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва ҳам худи хонавода мебошад.  Зеро ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ маҳз аз оила маншаъ мегирад. Дар ин раванд анъанаҳои миллии оилавӣ ва арзишҳои ахлоқии халқи мо нақши ҳалкунанда доранд. Зеро  арзишҳои ахлоқии мардуми мо, расму оин ва анъанаҳои он дар тӯли асрҳо дар ташаккули шахсияти кӯдак, дар ташаккули сифатҳои ахлоқии наслҳои наврас нақши муҳимро бозидааст. Дар онҳо чунин арзишҳои умумиинсонӣ, ки ба тамоми мардуми ҷаҳон хизмат мерасонанд, мутамарказонида гаштаанд.

      Имрӯзу ҳама рӯз,  инсоният ба тарбият ниёз дорад. Инсон  ҳамон вақт моҳияти инсонии худро дарк мекунад, ки маданияти маънавии ӯ дар заминаи дониш ва тарбия комилгардида бошад.  Халқи фарҳангии мо доир ба  таълиму тарбия ҳикматҳои пандомези зиёде дорад. Аз ҷумла мегӯянд, ки  «тарбия аз остона- яъне хона оғоз меёбад», ё худ «аспро маҷбур ба лаби об бурдан метавон, вале  маҷбур об нӯшонидан наметавонӣ». Аз ин рӯ, падарону модарон, муррабиёну устодон ӯҳдадоранд, ки фарзандонашонро дар руҳияи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ тарбият намоянд.

     Маърифати оиладорӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ, мушовара ва пуштибонии ҳамсарон метавонад решаи зиндагии солимро мустаҳкам намояд. Танҳо дар сурати таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ин масъалаҳо, мо метавонем ҷомеаи солим, нерӯманд ва босуботро бунёд намоем, ки дар марказаш оилаи солиму устувор қарор дорад.

 

 

 

 

Суҳроб ЗОКИРЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Гулбаҳор ЭЛЧИБЕКОВА