«Оила ҳамчун ячейкаи аввалияи ҷомеа ва муҳити асосии тарбияи инсон, мактаби муҳаббат, вафо, садоқат, эҳтирому меҳрубонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу маънавӣ мебошад.»
Эмомалӣ Раҳмон
Оила нахустин ниҳоди иҷтимоиест, ки инсон дар он парвариш меёбад. Оила ба гурӯҳе аз афрод нисбат дода мешавад, ки аз тариқи пайвандҳои хунӣ, издивоҷ ва ё фарзандхонӣ бо якдигар иртибот доранд ва дар қолаби зиндагии муштарак масъулиятҳо ва нақшҳоеро бар ӯҳда доранд. Ин ниҳод дар шаклгирии шахсият, ахлоқ, боварҳо ва арзишҳои фард нақши бунёдӣ дорад. Аз лаҳзае, ки инсон по ба дунё мегузорад, нахустин омӯзишҳо, боварҳо, одату рафторҳои иҷтимоӣ ва иртиботи худро дар хонавода таҷриба мекунад. Ба ин мазмун, Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Беҳтарин арзишҳои инсонӣ дар оила ташаккул меёбанд”.
Оила дар ҷомеа на танҳо нақши тарбиятиву ҳимоятӣ, ҳамчунин нақши фарҳангӣ ва иҷтимоисозиву иқтисодиро низ дорост.
Аҳамияти оила дар рушди кӯдак бузург аст. Абуалӣ ибни Сино бесабаб нафармудааст, ки: «Оила тарбиятгоҳест, ки дар он фарзанд ахлоқ, одоб ва ҳунар меомӯзад». Зеро шахсият, эътимод ба нафс, тавоноии ҳалли масъала, навъи нигариш ба зиндагӣ ва иртиботи иҷтимоии афрод то ҳадди зиёде дар оила шакл мегирад. Кӯдакон беш аз он ки аз гуфтори волидайн омӯзанд, аз рафтору кирдори онон меомӯзанд. Ин аст, ки мегӯянд: “Фарзандро не, худатро тарбия намо”.
Хонаводаи солим метавонад макони муносиб барои парвариши афроди масъулиятпазир ва муассир дар ҷомеа бошад. Зеро оила пояи асосии устувории ҷомеа мебошад. Ҷомеае, ки дар он оилаҳо солим, устувор ва муттаҳиданд, имкони бештаре барои рушди устуворро доранд. Таҳқиқотҳои соҳаи иҷтимоиёт нишон медиҳанд, ки бисёре аз мушкилоти иҷтимоӣ реша дар ноустувории муҳити оилавӣ доранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими оила ва ҳифзи арзишҳои он як қатор фармону қонунҳо ва қарорҳоро қабул намудааст. Аз ҷумла, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 1998), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” (с. 2013), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” (с. 2011), Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (с. 2015), “Дар бораи Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”, “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” (с. 1999), «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2027» ва амсоли инҳо. Ин санадҳо ба таҳкими оила, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, пешгирии зӯроварӣ ва таъмини баробарии гендерӣ равона гаштаанд.
Аз ҷониби Пешвои миллат эълон шудани соли 2015 аз беҳтарин иқдомҳои Пешвои миллат дар масъалаи пойдории оилаҳо ва тарбияи дурусти фарзандон ба шумор меравад. Маҳз фаъолияти ҳамоҳанги мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ василаи боэътимоди боло бурдани маърифати оиладорӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳо, ташаккули муносибатҳои созанда ва орӣ аз хушунат дар оила буда, тавассути он имконияти воқеии таъмини пойдории оилаҳо таъмин мегардад.
Имрӯз оилаҳои муосир бо мушкилот ва таҳдидҳои гуногуне чун ҷаҳонишавӣ, муҳоҷират, фишорҳои иқтисодӣ, таъсири технологияву шабакаҳои иҷтимоӣ, тағйир дар арзишҳову коҳиши робитаҳои шахсӣ ва монанди инҳо дучор гаштаанд. Омилҳои мазкур устувории хонаводаҳо ва нақши иҷтимоии онҳоро зери хатар гузошта, ин ҳолат метавонад ба тафриқа, сардшавӣ ва ҳатто пошхӯрии оилаҳо оварда расонад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи талоқ дар солҳои охир 25% афзоиш ёфтааст. Дар бештари мавридҳо сабаби аслии пошхӯрии оилаҳои ҷавон аз ҷиҳати равонӣ омода набудани ҷавонон ба зиндагии муштараки оилавӣ мебошад. Маърифати нокифояи оилавӣ, набудани таҷрибаи муоширати солим ва нофаҳмии тарафайн сабаби зуд ба номувофиқат расидани муносибатҳо мегардад.
Таҳкими оила на танҳо вазифаи падару модар, балки масъулияти ҷамъият, расонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ низ мебошад. Тарғиби арзишҳои инсонӣ, фарҳанги муошират, эҳтироми байниҳамдигарӣ ва таълиму тарбияи муосир метавонанд ба таҳкими робитаҳои оилавӣ мусоидат намоянд.
Вобаста ба ин, моҳи апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ташаббусу роҳнамоии ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо маҳфили доимоамалкунандаи “Мактаби оиладорӣ” таъсис дода шуд.
Ҳадаф аз таъсиси маҳфили мазкур баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавонон ба зиндагии мустақили оилавӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо ва муноқишаҳои хонаводагӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби баробарии ҳуқуқии зану мард ва масъулиятшиносӣ мебошад. Роҳбарияти донишкада дар роҳандозӣ намудани ин иқдоми наҷиб дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, тасмим гирифтааст, ки ҳар моҳе ду маротиба маҳфили “Мактаби оиладорӣ”-ро баргузор намояд. Маврид ба зикри хос аст, ки ташкили чунин маҳфил дар макотиби таҳсилоти олии кишвар бесобиқа буда, фаъолияти он баҳри пиёда намудани андешаҳои созандаи Пешвои муаззами миллат дар роҳи таҳкими оиладорӣ равона мегардад.
Баргузории маҳфили нахустини “Мактаби оиладорӣ” бо ҷалби коршиносон нишон дод, ки он метавонад дар дигар муассисаҳои таҳсилоти миёна, донишгоҳҳо ва марказҳои саломатӣ ё ҷамъиятӣ таъсис ёфта, яке аз василаҳои муҳим барои беҳтар кардани сифати зиндагии оилавӣ ва пешгирии вайроншавии хонаводаҳо гардад. Зеро ба таъкиди Пешвои миллат танҳо дар муҳити солими оилавӣ мо метавонем фарзандони солим, бонангу номус, меҳнатдӯст ва ватандӯст тарбия намоем.
Дар маҷмуъ, оила ҳамчун пояи ҷомеа на танҳо муҳити муҳаббат ва дастгирист, балки нерӯи таҳрикдиҳандаи рушди иҷтимоӣ ва маданист. Ҷомеаи солим аз оилаҳои солим ва муттаҳид оғоз меёбад. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба таҳкими оила, тарбияи фарзанд, пуштибонии падару модарон, беҳсозии муҳити оилавӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, яке аз роҳҳои асосии таъмини пешрафт ва суботи ҷомеаи муосир мебошад. Ба ҳамин хотир, масъулияти ҳар як шахс, оила ва сохторҳои давлатӣ дар ин самт бузург ва тақдирсоз мебошад.
Изатзода Зулайхо, номзади илмҳои филологӣ, муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва иҷтимоии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”