Дар замони соҳибистиқлолӣ Пешвои фарҳангпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд Тоҷикистонро ҳамчун миллати фарҳангӣ, дорои таърихи куҳан, сарзамини тамаддунофару пуристеъдод ва зодгоҳи нобиғаҳои илму адаб ба аҳли ҷаҳон нишон диҳанд. Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муҳимму аввалиндараҷа баланд бардоштани ҳуввияти ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи ҳамаҷонибаи наслҳои ояндаи миллат ба ҳисоб мерафт. Вобаста ба ин, якчанд тадбирҳое, ки дар даврони Истиқлол маҳз бо талошу заҳматҳои беназири Пешвои муаззами миллат ба амал омаданд, тавонист барои ҳифзи мероси бойи фарҳангии миллати тоҷик мусоидат намояд. Дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон дар меҳвари сиёсатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон бо як қатор ташаббусҳои муҳим, аз ҷумла қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, консепсияву стратегияҳои давлатӣ, барномаҳои соҳавӣ ва мулоқотҳои пайвастаи Пешвои миллат бо намояндагони ҷавонон таҷассум ёфтааст. Далели раднопазири мо дар мисоли як қатор озмунҳои ҷумҳуриявиест, ки маҳз бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ РаҳмонаРаРроррпаазуалцузщшоуащцвууйцав2уанпнувсгоукдоир дооивцощвруцашгрщуцшгщрх тайи солҳои охир гузаронида мешаванд.  Роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, “Ихтироъкор”, “Шоҳномахонӣ” аз қабили иқдомҳои беназири  Пешвои миллат ба ҳисоб мераванд, ки бевосита барои рушди дониш, истеъдод ва зеҳнияти ҷавонон таъсири амиқ расонидаанд.

Имтиёзу маблағҳое, ки барои ин озмунҳо ҷудо шудаанд, ангезаи иловагие барои ҷавонон аст, то аз андозаи муқаррарӣ бештар талош кунанд. Ин озмунҳо як имконияти нодир барои ҷавонони шаҳру навоҳии дурдаст, фароҳам меорад, то истеъдоди худро нишон диҳанд ва ба зинаҳои баланди ҳунар расанд. Ҳамасола садҳо наврасону ҷавонон аз ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон, аз ноҳияҳои кӯҳистони Бадахшон то водиҳои Ҳисору Вахш, Рашту Хатлон ва вилояти Суғд ба пойтахт меоянд, то дар ин озмунҳо  ширкат варзанд. Ин иштироки фарогир на танҳо ба кашфи истеъдодҳои хуфта мусоидат мекунад, балки ба онҳо имкон медиҳад, ки зиндагӣ ва тақдири худро дигаргун созанд. Онҳое, ки шояд ҳеҷ гоҳ имконияти ба саҳнаи бузург баромаданро намеёфтанд, тавассути ин озмунҳо соҳиби чунин шонси тиллоӣ гардиданд. Озмун барои онҳо танҳо як рақобат нест, балки як саҳифаи нави зиндагӣ ва қадами устувор ба ояндаи дурахшон аст. Чунин  озмунҳои сатҳи баланд онҳоро бо устодони маъруф ошно месозад, дар онҳо рӯҳияи эҷодкориро бедор мекунад ва ба онҳо имкониятҳои навро фароҳам меорад.

Яке аз ташаббусҳои беназир ва пуртантанаю оламшумули Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти санъату ҳунар, ки ин дар таърихи фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик барои бо ҳарфҳои зарин навиштан арзанда асту ба аҳли эҷод дилгармиву такон мебахшад, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст, ки аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад. Бемуҳобо, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз зумраи озмунҳои бемислу монанд ҷиҳати дарёфти истеъдодҳо ва роҳнамоии онҳо ба майдони ҳунар мебошад. Воқеан, дигар минтақаҳои олам ҳавас мекунанд, ки дар Тоҷикистон бо имзои Президент диплому ҷоиза ва мукофотпулиҳои баланд ба истеъдодҳои асил тақдим мегардад.

Инак, ҳафт сол аст, ки зери таваҷҷуҳи бевосита ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳёи санъати миллӣ ва тарғиби он, арҷгузорӣ ба санъату ҳунари аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии санъати мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва тарроҳӣ (дизайн), интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ ин озмун баргузор мешавад. Ба воситаи ин иқдом фарҳанги миллӣ аз нав эҳё шуда, дар заминаи анъанаҳои гузашта бо завқи муосир пайваст мегардад ва  ҷавонони ҳунарманду эҷодкори кишварро водор кард, ки дар баробари азхудкунии бахшҳои гуногуни санъат, истеъдоди худро сайқал дода, муаррифӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавонистааст сиёсати фарҳангии муосир ва устувореро ба роҳ монад, ки дар маркази он эҳёи суннатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба ҳунари аҷдодӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ қарор дорад. Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст ва ҳадафи асосии он муаффақ гардондани сиёсати фарҳангии давлат дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби ҳунари миллӣ ва боло бурдани сатҳи касбии ҳунармандон мебошад, ки аз соли таъсисёбиаш то имрӯз ба як падидаи муҳими фарҳангиву иҷтимоӣ табдил гаштааст.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағи мукофот барои ғолибони озмун соли охир  ду баробар зиёд гардида, барои озмун  аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз 23 070 000  (бисту се миллиону ҳафтод ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Аз рӯи гузориши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расонаҳо маълум кардем, ки то имрӯз дар ин озмун 27 ҳазору 753 нафар иштирок кардаанд, ки ин аз оммавияти озмун ва майл ба санъату мусиқӣ доштани қишрҳои гуногуни ҷомеа далолат медиҳад.

Қайд кардан зарур аст, ки зиёда аз 650 нафар соҳиби ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- ватани азизи ман» гардида, имрӯз аксарияти онҳо дар муассисаҳои фарҳангӣ ва ансамблҳои давлатӣ барои фаъолияти доимӣ ҷалб шудаанд.

Илова бар ин, дар сурати дар даври ҷумҳуриявии озмун сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ё Шоҳҷоиза гардидани хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил мекунанд, онҳо ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд, ки имконияти бузурги бемисл аз ҷониби Сарвари оқилу дурандеши мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз барои рушди санъат ва заминаи устувор барои гиромидошти ҳунар аст.

Дар комиссияи опелатсионии озмуни мазкур, ки бевосита раисии ин коммиссияро ба дӯш доштам, яқин дарк намудам, ки таваҷҷуҳи роҳбари давлат нисбат ба ин озмун хеле ҷиддист. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки фарҳанг пояи асосии ҳастии миллат ва санъати миллӣ, рукни муҳимми давлатдории миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи доимӣ ба соҳаи фарҳанг ва дастгирии амалии эҷодкорон аз сиёсати пойдори Пешвои миллат шаҳодат медиҳад.

Соли 2025 бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳаҷми маблағҳои мукофотӣ барои ғолибони озмун ду баробар зиёд гардид. Аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 миллиону 680 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Тибқи тартиби нав, ғолибони озмун чунин мукофот мегиранд:

  • Шоҳҷоиза — 100 000 сомонӣ,
  • Ҷойи якум — 70 000 сомонӣ,
  • Ҷойи дуюм — 50 000 сомонӣ,
  • Ҷойи сеюм — 30 000 сомонӣ.

Ин иқдом на танҳо рамзи қадршиносӣ аз меҳнати ҳунармандон, балки далели равшани сиёсати иҷтимоиву фарҳангии Пешвои миллат мебошад, ки тавассути ҳавасмандгардонии молиявӣ мехоҳанд сатҳи касбии ҳунарро баланд бардоранд ва ҷавононро ба фаъолияти созандаву эҷодкорона ҷалб намоянд.

Ғайр аз ин, соли 2025 дар сохтори низомномаи озмун тағйироти нав ҷорӣ гардид: жанри академии номинатсияи навозандагӣ ба ду қисм — созҳои миллӣ ва созҳои аврупоӣ тақсим карда шуд. Ин тасмими хирадмандона имконият медиҳад, ки ҳунармандон истеъдоди худро ҳам дар созҳои миллӣ ва ҳам дар созҳои ҷаҳонӣ нишон диҳанд.

Ҳамчунин, шумораи ғолибон аз ҳисоби ҷойҳои сеюм зиёд гардида, дар маҷмуъ 137 нафар ғолиб муайян мешаванд, ки нисбат ба соли гузашта 17 нафар зиёд аст. Ин нишон медиҳад, ки озмун сол то сол фарогиртар шуда, шумораи ҳунармандони эътирофшуда меафзояд.

Пешвои миллат ҳамеша ҷавононро неруи созандаи ҷомеа меноманд ва рушди иқтидори зеҳниву эҷодии онҳоро яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ медонанд. Дар ҳамин замина, бо супориши Сарвари давлат, хонандагону донишҷӯёне, ки дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил намуда, дар озмун ғолиб меоянд, ба гурӯҳҳои ройгон гузаронида мешаванд. Ин иқдом намунаи олии дастгирии давлат аз истеъдодҳои ҷавон аст. Ба ин васила, озмун ба як василаи иҷтимоии рушди захираҳои инсонӣ ва баробарии имкониятҳо табдил меёбад. Дар паёмҳои худ Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки фарҳанги миллӣ пояи пойдории давлат аст ва бе эҳёи арзишҳои фарҳангӣ мо наметавонем давлатдории муосири миллиро устувор созем.

Ин суханон дар амал тавассути чунин барномаҳо, аз ҷумла, озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” татбиқ мегарданд. Аз нигоҳи илмҳои санъатшиносӣ, таърих, фарҳангшиносӣ ва иҷтимоӣ, ин озмун як падидаи эҳёгарии миллӣ мебошад. Он на танҳо ҳунармандонро муаррифӣ мекунад, балки ба устувор гардидани худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ дар миёни ҷавонон мусоидат менамояд.

Ба туфайли сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, имрӯз Тоҷикистон тавонистааст фазои ягонаи эҷодиву маънавиро дар саросари кишвар ташкил диҳад. Озмуни мазкур мисли як мактаби миллии ҳунар амал карда, байни ҳунармандони касбӣ ва мардумӣ робита барқарор мекунад. Ғайр аз он, ҷорӣ гардидани номинатсияҳои созҳои миллӣ ва аврупоӣ, ҳамгироии фарҳанги миллӣ бо фарҳанги ҷаҳонӣ ва муаррифии чеҳраҳои нави ҳунарро таъмин менамояд. Ин раванд Тоҷикистонро ба ҳайси кишвари дорои сиёсати фаъоли фарҳангӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ мекунад.

Агар ба сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ назар андозем, равшан мегардад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо сарпарасти маънавӣ, балки ташаббускори асосии тамоми барномаҳои фарҳангиву эҷодӣ мебошанд. Аз таҷдиди идҳои миллӣ ва эҳёи Наврӯз то таъсиси озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҳамагӣ зери сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат амалӣ мешаванд. Озмуни “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” низ як ҷузъи муҳимми ин сиёсат буда, мисли оинаи равшан аз муҳаббати Пешвои миллат ба Ватан, миллат ва фарҳанги миллӣ шаҳодат медиҳад.

Дар маҷмуъ, озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” ба шарофати дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як майдони бузурги эҷодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Он имрӯз на танҳо як озмун, балки як қувваи муттаҳидсозандаи фарҳангии миллат, як мактаби ватандӯстӣ ва эҷодкорӣ ва як рамзи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат мебошад. Маҳз бо ирода ва ғамхории Сарвари давлат, фарҳанги тоҷикӣ имрӯз дар ҳоли шукуфоӣ қарор дорад, ҳунармандони ҷавон дастгирӣ меёбанд, ва санъати миллӣ ба зинаҳои нави рушд мебарояд.

Тоҷикистони мо дар ҳақиқат макони истеъдодҳо ва сарзамини ҳунарпарвар аст. Дар замони давлатдории Пешвои азизи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадр гардидани истеъдодҳову эҷодкорону ҳунармандон ин хизмати бузург барои пояндагии санъат барои ҳазорсолаҳои дигар аст. Сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, ба таври возеҳ ба рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанг ва санъат нигаронида шудааст. Ин сиёсат на танҳо ба рушди инфиродии ҷавонон, балки ба таҳкими пояҳои фарҳанги миллӣ ва давлатдорӣ низ хидмат мекунад ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонро бо дастони ҷавонони боистеъдод ва ватандӯст бунёд месозад.

Ҳамин тавр, озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” таҷассуми зиндаи сиёсати фарҳангпарварона ва ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат аст, ки бо нури хирад ва меҳри Ватан роҳи ояндаи миллатро равшан месозад.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,

н.и.т., профессори кафедраи

сарояндагӣ (халқӣ) 

Муминова Ҳаётхон Аслоновна