Имрӯз дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар нимсолаи аввали соли 2025 бо ҳузури рӯзноманигорони телевизион, радио ва матбуоти даврӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Нахуст ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо намояндагони ВАО-ро ба донишкада, ки боргоҳи бунёдии фарҳанг ва санъати ҷумҳурӣ мебошад, хушомадед гуфта, нишасти матбуотиро ҳусни оғоз бахшид. Ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо оид ба натиҷаҳои фаъолияти МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар нимсолаи аввали соли 2025 ба намояндагони ВАО маълумоти дақиқ ва ҳамаҷониба дод. Натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар давраи ҳисоботӣ назаррасанд, ки муҳимтарини онҳо ба қарори зайланд:
- Дар шашмоҳаи аввали соли 2025 сатҳи сифати дар имтиҳонҳои тестӣ 33,4% ва имтиҳонҳои эҷодӣ 53,4%-ро ташкил медиҳад, ки нишондоди мазкур яке аз нишондиҳандаҳои баланд дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.
- Азхудкунии фанҳои таълимӣ дар донишкада дар соли 2025 дар умум 94,6 %-ро ташкил дод.
- Дар соли 2025 7 нафар донишҷӯ донишкадаро бо дипломи аъло хатм намуд.
- 52 нафар донишҷӯ донишкадаро бо ихтисосҳои санъати мусиқӣ ва таҳсилоти томактабӣ (санъати мусиқӣ)-ро, ки ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ мебошанд, хатм намуда, ба ҷойҳои кори худ роҳхат гирифтанд.
- Дар соли 2025 дар умум 27 нафар донишҷӯ тариқи Квотаи президентӣ донишкадаро хатм намуда, барои кор ба маҳалли зисти хеш фиристода шуданд.
- Дар соли таҳсили 2025 зинаи магистратураро 7 нафар хатм намуданд. Ба онҳо тавсия дода шуд, ки таҳсилро дар зинаи доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) идома диҳанд, бархе аз онҳо ба кафедраҳои тахассусии хеш ба ҳайси омӯзгор қабул гардиданд. Ҳамчунин, зинаи таҳсили доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) -ро 1 нафар докторант хатм намуд.
- Дар донишкада аз рӯйи 12 ихтисос магистрант, 6 ихтисос унвонҷӯ, 7 ихтисос докторант аз рӯйи ихтисос (PhD) ва 5 ихтисос аспирантура қабул карда мешавад.
- Имсол дар донишкада аз рӯи 29 ихтисос довталабон дар бахши рӯзона, фосилавӣ ва ғоибона қабул карда шуданд.
- Дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббуси ректори донишкада бо мақсади ҳифзи оила ва аъзои он баҳри пиёда намудани талаботи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» Мактаби оиладорӣ таъсис дода шуд.
- Бо қарори Шурои олимони донишкада баҳри расонидани машварати равонӣ ба омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён Маркази машаваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд.
- Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади арзёбии раванди корҳои эҷодии омӯзгорону донишҷӯён сохтори Шурои бадеӣ таҷдиди назар шуда, 18 нафар мутахассисони варзида ҷалб карда шуданд.
- Айни замон дар корҳои таҳқиқотӣ ва илмию методӣ 139 нафар устодону профессорон ширкат меварзанд, ки аз ин миён 3 нафар доктори илм, 32 нафар номзади илм, 3 нафар профессор ва 1 нафар дотсенти соҳаи санъат мебошанд.
- Дар соли 2025 дар донишкада ду Шурои диссертатсионӣ бо фарогирии 4 ихтисос фаъолият мекунад. Шуроҳои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисос бо ихтисосҳои хизмати иҷтимоӣ-фарҳангӣ, кори китобдорӣ, санъатшиносӣ ва таҳсилоти мусиқӣ амал мекунанд.
- Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи устодони донишкада 71 мақолаи илмӣ, 78 мақолаи оммавӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва 39 мақолаи илмӣ берун аз кишвар ба нашр расонида шуд.
- Дар давраи ҳисоботӣ дар донишкада 4 конференсияи муштараки байналмилалии илмӣ, 1 форуми байналмилалии илмӣ, 26 конференсияву семинари илмӣ-назариявии сатҳашон гуногун баргузор гардид.
- 10-уми майи соли ҷорӣ бахшида ба 56-солагии фаъолияти эҷодӣ-омӯзгории Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ, профессор Ҳошим Гадо чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
- Дар нимсолаи аввали соли 2025 устодони донишкада Ҳамидиён Илҳом ва Арабов Фирдавс рисолаи докторӣ ва Раҳмонова Дилрабо, Холов Меҳриддин ва Зафари Шариф рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд.
- Дар ҳамин давра бо қарори КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони донишкада Муъминова Ҳаётхон, Раҳимзода Кароматулло, Арабов Фирдавс, Самадова Гулҷаҳон, Содиқова Матлуба, Амондуллоев Бегмурод, Зарипов Хурсандмурод унвони илмии дотсент ва Воҳидов Рустам унвони илмии профессорро дарёфт карданд.
- Ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 нафар омӯзгор ва 2 нафар донишҷӯ роҳхат гирифтанд.
- Магистранти донишкада Хубон Назирӣ бо мавзуи «Раванди обшавии пиряхҳо ва алоқамандии он бо тағйирёбии иқлим» дар озмуни Вазорати фарҳанги Ҷумуҳрии Тоҷикистон, ки бахшида ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида буд, иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид.
- Дар соли равон донишҷӯи курси 3-юми факултети журналистикаи телевизион ва радио Беҳрузи Сайфулло дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар аз фанни «Педагогика» иштирок намуда, сазовори ҷойи 3-юм гардид.
- Донишкада бо 60 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи онҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро ба роҳ мондааст.
- Дар соли ҷорӣ бо мақсади амалигардонии бандҳои дахлдори созишномаҳои байнимуассисавӣ ва роҳандозии чорабиниҳои байналмилалӣ бо хориҷи кишвар аз ҷониби устодону кормандон ва донишҷӯёни донишкада 5 сафари хориҷӣ анҷом дода шудааст.
- Дар моҳи июни соли ҷорӣ 5 омӯзгори донишкада ҷиҳати иштирок дар лоиҳаи ДДСТ ба номи Луначарскии шаҳри Москва (ГИТИС) таҳти унвони «Мактаби театрии русӣ дар хориҷа», ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, иштирок намуданд.
- Кормандону устодони донишкада дар 11 конференсияву симпозиумҳои байналмилалӣ тариқи онлайн ва ғайриҳузурӣ ширкат варзиданд. Дар натиҷа 39 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмӣ ва маҷмуаҳои илмии хориҷи кишвар ба табъ расид.
- Дар 6 моҳи аввали соли 2025 дар донишкада ва бахшҳои мухталифи он зиёда аз 40 консерту чорабиниҳо дар дохил ва берун аз он баргузор гардид. Аз инҳо 3 консерти ҳунарӣ, 8 консерти ҳисоботӣ ва 29 чорабинии фарҳангии донишкадавӣ ва беруна баргузор шуданд. Дар баробари ин, 5 намоиши театрӣ ба тамошобинон пешниҳод карда шуд.
- Дар ҳамин давра, дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар даври ноҳиявӣ аз донишкада 35 нафар иштирок карданд ва аз онҳо 28 нафарашон ҷойҳои намоёнро сазовор гардида, ба даври шаҳрӣ роҳхат ёфтанд. Дар даври шаҳрии озмун 6 нафар донишҷӯ сазовори ҷойҳои 2-юм ва 3-юм гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфтанд.
- 7 нафар омӯзгору донишҷӯ дар озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» фаъолона ширкат намудаанд. Онҳо 7 шеъри корманди донишкада, шоири ҷавон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Синои Абуалиро, ки дар васфи шаҳри Душанбе эҷод шуда буданд, аз рӯи талаботи номинатсияҳо ба озмун пешниҳод намуда, ғолибият ба даст оварданд. Дар натиҷа бо маблағи умумии 155 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд, ки ин дастоварди бесобиқа дар таърихи муассиса мебошад.
- Соли ҷорӣ 105 хатмкардаи донишкада роҳхат ба ҷойи кор гирифта, ба муассисаҳои фарҳангӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо фиристода шуданд.
- Соли 2025 дар донишкада 3-юмин Озмуни байналмиллалии рушди санъати миллӣ таҳти унвони «Дӯстӣ бимонад ҷовидон» бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» миёни донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар баргузор гардид, ки аз донишкада 37 нафар аз рӯи номинатсияҳои «Навозандаи асбобҳои халқӣ», «Сарояндагони халқӣ», «Санъати суханварӣ» ва «Санъати хореографӣ» иштирок нанамуданд. Аксари онҳо соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.
- Бо ташаббуси ректори донишкада ва Иттифоқи композиторони Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми апрели соли 2025 шаби эҷодии композитори маъруфи тоҷик, Арбоби ҳунари Тоҷикистон барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Хайрулло Абдуллоев таҳти унвони «Хотираи нек» баргузор гардид. Ҳамзамон, 15-уми апрели соли 2025 шаби эҷодии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори калони факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ Валиев Раҳматулло баргузор гардид.
- Дар шашмоҳаи аввали соли 2025 ба унвонии донишкада аз хориҷи кишвар 36 адад диплому сипосномаҳо аз натиҷаи иштироки устодону донишҷӯён дар чорабиниҳои байналмилалӣ ворид гардид.
- 2-юми майи соли ҷорӣ бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода З.А. ва дигар афроди расмӣ бахшида ба бузургдошти Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.
- Дар донишкада 60 нафар донишҷӯ аз кишварҳои хориҷӣ таҳсил намуда истодаанд.
- Айни замон 14 нафар донишҷӯи донишкада дар хориҷи кишвар тариқи буҷавӣ дар зинаи бакалавр таҳсил намуда истодаанд, ки аз аз онҳо 9 нафар донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой ва 5 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография (ВГИК) мебошанд.
- Дар нимсолаи аввали соли 2025 саҳни донишкада бозсозӣ шуда, 800 адад гулҳо ва дарахтҳои ороишӣ шинонида шуд. Дар майдони 1500 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ насб гардида истодааст, корҳои битонкунӣ, таҷдиди роҳравҳо ва азнавкунии лӯлаҳои обгузар идома дорад. Биноҳои таълимӣ, синфхонаҳо ва лабораторияҳо низ ба таъмири ҷорӣ фаро гирифта шудаанд.
- Айни замон бо мақсади беҳтар намудани шароит дар бинои хобгоҳи донишкада таъмири навбатӣ дар ҷараён аст.
Баъд аз ироаи маълумот намояндагони ВАО саволҳои худро пешниҳод намуда, аз вазъияти тадриси хунарҳои мардумӣ, миллӣ, ҳамкориҳои баналмилалӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ, фаъолияти толори Арғунун, таҳсилоти фосилавӣ, таъсиси Мактаби оиладорӣ, ихтисосҳои амалкунананда, фаъолияти собиқадорону ҳунармандон, натиҷаи хатми ихтисоси журналистика, асаршои театрии эҷодшудаи донишҷӯён, фаъолияти Шуроҳои диссертатсионӣ, ҳамкорӣ бо ҳунармандони машҳури ҷумҳурӣ, таҳсилоти рӯзона ва фосилавӣ, навгониҳои муассисаи таълимӣ, шартномаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳсили донишҷӯёни донишкада дар хориҷи кишвар, таъмини театрҳо бо ихтисосмандон, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, таъмини хатмкунандагон ба ҷойи кор, шартномаҳои ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои фарҳангу санъат, шароити таълим, баланд бардоштани сифати таҳсилот, иҷрои нақшаи қабул ва ғайраҳо посухҳои мукаммал гирифтанд.
Пас аз анҷоми нишасти матбуотӣ дар толори “Арғунун”-и донишкада консерти мухтасар пешкаши намояндагони ВАО гардид, ки ҷолибу диданӣ буд.
ҚУДРАТОВ СИНО