Имрӯз таҳти ҳамин унвон бо иқдоми факултети  китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи илмии Муассисаи давлатии таълимии  «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» конференсияи илмӣ дар мавзуи бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.  Дар конференсия ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин,  Сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Алиакбар, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Саидова Умеда ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷуёни донишкада ширкат варзиданд.

Конференсияи илмиро Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф зикр намуд, ки ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба китобу китобдорӣ, ки аз сиёсати мароифпарварона ва фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, омили асосии рушди фаъолияти китобдорӣ гардида, китобхонашиносӣ ва библиографишиносии ватанӣ ҳамчун соҳаҳои мустақили дониш ташаккул ёфта, дар байни афкори китобдории ҷаҳон мақом ва мавқеи устувор пайдо намуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушди  соҳаи китобу китобдорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи анъанаи эҳтирому бузургдошти китобу китобхонӣ корҳои шоёни зиёде анҷом додааст, ки бузургтарини онҳо бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ мебошад.

Маврид ба зикри хос аст, ки бо шарофати сиёсати маорифпарварона ва ибтикороти фарҳангии Пешвои миллат имрӯз дар кишвари мо якчанд озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фрӯғи маърифат» роҳандозӣ шуда истодаанд, ки онҳо муҳаббати насли навраси тоҷикро ба китобу китобхонӣ бештар намуда, мақоми ин ду падида, яъне китобу китобхонаро дар ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеа беш аз пеш баланду устувор гардонидааст.

Гардонандаи маҳфил декани факултети  китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф дар тақвияти андешаҳои ректори донишкада мулоҳизаҳои  худро доир ба саъю  талошҳои пайгиронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушд бахшидан ба фаъолияти китобдорӣ ва раванди мутолиаи китоб дар ҷомеа баён намуд.

Сипас, мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ Сайфуллозода Бозор Сайфулло номзади илмҳои педагогӣ, профессор дар мавзуи «Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди китобдории тоҷик» баромад намуда,  аз ҷумла иброз дошт, ки дар давоми ду даҳсолаи охир нақш ва саҳми Пешвои миллат дар вусъати раванди табъу нашри адабиёти илмиву оммавӣ, бахусус, китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимию методӣ, рисолаҳои илмии олимон, адибони классику муосири тоҷик, тарҷумаи осори пурқимати шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанги ҷаҳон, дастраси хонандагони тоҷик гардонидани онҳо, таъсиси китобхонаҳои электронӣ, истифодаи самарабахши китобҳои аудиоӣ ва электронӣ ниҳоят бузургу беназир ва қобили ситоиш мебошад.

Ба андешаи Бозор Сайфуллозода тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи китобдорӣ лаҳзае аз мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонда, пайваста дар ҳолати рушд қарор дорад. Тайи ин солҳо Пешвои муаззами миллат дар баробари эъмору рушди иқтисоди миллӣ ба масъалаи китобу китобдорӣ ва  ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба китобхонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, китобу китобхониро роҳи ягонаи аз ҷаҳолат раҳонидани шаҳрвандони кишвар арзёбӣ карданд. Номбурда маърузаи хешро бо суханони зерини Пешвои миллат: «Китобхонӣ роҳи асосии баланд бардоштани сатҳи маърифат аст» ҷамъбаст намуда, ҳозиринро ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи нақши Президенти мамлакат дар рушду нумуи соҳаи китобдорӣ даъват намуд.

Номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ Шосаидзода Сафар зимни ироаи маърузаи илмӣ зикр намуд, ки муҳимтарин дастоварди истиқлолияти Тоҷикистон дар соҳаи китобдорӣ ин ташаккули сиёсати давлатии китобдории устувор бар мабнои ҳуввияти миллӣ ва арзишҳову меъёрҳои умумибашарӣ мебошад. Бо шарофати ҳамин сиёсати оқилона фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон тадриҷан ба фазои ягонаи китобдории ҷаҳони муосир ворид мегардад. Ҳар як иқдоми амалӣ ва кашфиёти илмию эҷодӣ дар ин самт новобаста аз бартарию норасоӣ бояд аз ҷониби олимону мутахассисон мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирад. Зеро илми китобдории тоҷик бо қадамҳои нахустини хеш заминаи устувору боэътимоди воридшавиро ба доираи фаррохи афкору андешаҳои муосири илмии китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ, китобшиносӣ ва иттилоотшиносӣ фароҳам меорад.

Дотсент Маҳмудов Гадобег зимни ироаи маърузаи илмӣ зикр намуд, ки  миллати  мо дар ҳама давру замон новобаста аз сардиву гармиҳои таърих китобхону китобдӯст ва китобофар буда, зиндагии хешро бидуни китоб тасаввур карда наметавонад ва рӯзгорашро бо мутолиаи китоб рангу бори маънавӣ мебахшад. Аҳамияти китоб, бахусус дар тарбияву ҳидоят ва ташаккули шахсияти насли наврасу ҷавон бениҳоят бузург аст. Ин маъниро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо зикр кардаанд. Аз ҷумла, соли 2007 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд, ки табъу нашри китоб ва масъалаи таблиғи китобхонӣ таваҷҷуҳи ҷиддиро талаб мекунад. Китобхонӣ ҷузъи муҳимми тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст.

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, профессор Қурбони Собир дар базомади худ қайд намуд, ки таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои маҳбуби точикон ва Президенти сулҳофар дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастааст. Мавсуф инчунин, аз таассуроти сафарҳои ҳунарияш хусусан аз ифтихороти шоҳид шудан ба парафшонии парчами ватан дар гӯшаҳои гуногуни дунё ва сафарҳои хидматии Пешвои миллат сухан гуфта, бо  қироати шеъре табъи ҳозиринро шод намуд.

Номзади илмҳои таърих, дотсент мудири кафедраи бойгонишиносӣ Мамадазимова Майрам ибрози андеша намуда, қайд намудан, ки соҳаи бойгоншиносӣ чун ҳамқадами замона, бо тавлиди тарзу усулҳои нави нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва методҳои тамоман ҷадид кори бойгоншиносӣ вазифаи хешро ҷиҳати ҳифз ва нигоҳ доштани осори гаронарзиш ва асноди муҳими давлатӣ иҷро намуда истодааст. Бояд қайд намоем, ки соҳаи бойгоншиносӣ аз соҳаҳои басо муҳими ҷомеаи башарӣ, пеш аз ҳама Тоҷикистони азизи мо ба ҳисоб меравад  ва бойгоншинос нафарест, ки дар тамоми корхонаву муассисаҳои мамлакат соҳиби рисолати бузург ва касбу кори арзандааст.

Синои Абуалӣ шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, котиби Шурои олимони донишкада дар мавзуи “Пешвои миллат – фарзонафарзанди ваҳдатофар” суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки сарнавишт дар як замони пурталотум ва ҳалокатбор ба миллати тоҷик фарзонафарзандеро эҳдо кард, ки тавонист роҳи наҷоти ӯро пайдо намуда, сулҳу ваҳдатро барои ҳамешагӣ ба ватани мо орад. Ин шахс Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо шарофати хидматҳои беназири Пешвои миллат имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст. Рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад. Мавсуф инчунин дар васфи Пешвои миллат, ватан ва саодати соҳибистиқлолӣ чанд шеър қироат намуда, ватандориро иқболи баланд арзёбӣ намуд.

Дар анҷоми конференсия донишҷӯён ва ансамбли “Бонувон”-и донишкада дар васфи Пешвои миллат чанд суруди дилнишин сароида, ба кори конференсия рангу таровати тоза бахшиданд.

 

 

ҚУДРАТОВ Сино