Мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгони мо ҳамеша бузург арзёбӣ гардида, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ номидаанд. Имрӯз низ ин гуфтаи бузургони илму хирад пойбарҷо буда, ҳамеша аз нақши ин ӯ мегӯянду ба бузургияш арҷ мегузоранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварӣ ва роҳбарии маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, барои кору фаъолияти судманду мондагори онҳо дар ҷомеа шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Боиси хурсандист, ки барои қадр кардани заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ намудан аз фаъолияти содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳи октябр ҳамчун Рӯзи Омӯзгор дар сатҳи баланд қайд мешавад. Таҷлили Рӯзи омӯзгор дар кишвар шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии мамлакат ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро дар ба камол расидани насли ояндаи кишвар муҳим медонанд.
Муаллим, омӯзгор – вожаҳое, ки барои фарзанди инсон ошною муқаддас аст. Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад.
Муаллим шахси барумандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад.
Тавре гуфтаанд:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.
Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Дар воқеъ, омӯзгорон роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавиянд. Онҳо ҳидоятгари роҳи ростӣ, роҳи орӣ аз ҳама гуна кирдорҳои бади инсонӣ, ташвиқкунандаи роҳи дониш ва камолоти инсониянд. Ва онҳоянд, ки имрӯз мо якояк аз илму дониш бархурдорему ҳама баҳри ҳаёти маърифатнок доштан саъю талош менамоем.
Ба таъкиди бештари равшанфикрон дар соҳиби илму дониш ва ахлоқи ҳамида гардидани фарзандон дар баробари волидайн омӯзгорон ҳам вазифадоранд. Ва хеле хуб аст, ки имрӯз омӯзгорон ин вазифаи хешро дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда истодаанд.
Сарчашмаи ҳамаи хӯшиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзонанд, ки чандон кори осон нест. Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳии одамон аст. Тавре ки мухандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзонанд ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста, камбидиву нуксонҳоро бартараф мекунанд. Омӯзгор касест, ки хамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад.
Дар ин маврид низ Пешвои миллат дар ҷое иброз доштаанд: “Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад”.
Муаллим касби пурифтихор, бошараф ва соҳибрисолат аст. Муаллим барои гулгулшукуфоии низоми ҷомеа, соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа, соҳибтамаддунӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ хизмат кардааст. Муаллим бо ақл, бо хирад, бо таҳаммул муносибат мекунад. Бурдбор аст, сабур аст ва заҳмат ба харҷ медиҳад, то наслро ба камол расонад. Насли оддӣ не, насли созанда, бунёдкор, дурандеш, худшинос, худогоҳ, ҷомеасоз. Он ҷое, ки муаллим қадам мегузорад, эҳсос карда мешавад, ки пешорӯйи ӯ дастаи нур равон аст. Ин нур нури хирад, нури маърифат, нури дониш, нури солимии тафаккур аст. Ва он ҷое, ки нур аст, шароиту имконияте ҳаст, ки мардум аз он баҳраманд шаванд. Муаллим ғарқи дарёи дониш, муаллим ғарқи анбуҳи китоб, муаллим шабзиндадор, муаллим ҳамқадаму ҳамнафаси қаламу дафтару китоб аст. Муаллим кӯшиш ба харҷ медиҳад солҳои тӯлонӣ меомӯзад, то ки баҳри ҷомеа, насли созандаву бунёдкорро ба воя расонад. Муаллим соҳиби андеша, соҳиби андарз, соҳиби панду ҳикмат аст.
Бузургону донишмандон, олимону муҳақиқон худ, ки замоне толибилм буда аз омузгор сабақ меомухтанд бузургии касби омузгориро хуб ташбеҳ додаанд.
Ҳар кӣ номӯхт аз гузаши рӯзгор,
Низ номӯзад зи ҳеҷ омӯзгор. (Рӯдакӣ)
Агар дар ҷаҳон набвад Омузгор
Шавад тира аз бехирадон Рузгор. (Ҷомӣ)
Муаллим бояд кори худро бидонад ва ба масъулияти сангини худ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дошта бошад. Омӯзгор метавонад шахсони шоиста тарбия намояд, ӯ қодир аст, ки ҳатто одами бадкирдорро некӯ гардонад. Ҳеҷ ибодате беҳтар аз муаллимӣ нест. (Ҳусейн Мазоирӣ)
Шони Муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим,
Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим.
Набошад неъмате дар ҳар ду олам
Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Бидон инро, ки виҷдони ҳама халқ
Бувад аз рӯйи виҷдони муаллим.
Агар фардои меҳанро биҷӯйӣ,
Биёб аз файзи эҳсони муаллим.
Агар армони меҳанро бихоҳӣ,
Бидон аввал ту армони муаллим.
Каму беши замонро рост кардан
Тавон танҳо ба мизони муаллим.
Куҷо ояндаи рӯшан тавон дид,
Набошад нури чашмони муаллим.
Ягон ҳосил ба хоки мазраи таб
Магар рӯйида бе дони муаллим?
Бидон парвозгоҳи миллати мо
Бувад дар рӯйи дастони муаллим.
Дар тарбияи насли худогоҳу худшинос ва ватандӯст омӯзгор нақши муҳим дорад ва калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад.
Омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои муаллиманд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит месозад, ки давлати муаллим шогирдонаш мебошанд. Ӯ аз пешрафт комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона дар мушкилтарин даврони зиндагии мо омӯзгорон дар хидмати халқу ватан қадр доранд. Эҳтироми муаллим вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси ватан аст.
Ба ҳамаи Шумо, устодони муҳтарам ва муаллимони азиз, пеш аз ҳама саломатӣ, умри дароз, хонаободию саодати рӯзгор ва дар роҳи иҷрои вазифаҳои наҷибу пурмасъулияти дар наздатон истода комёбиҳои нав ба нави эҷодӣ таманно дорам.
Шарофидинзод Муслиҳиддин Шарофидин
Омузгори калони кафедраи тарбия ва таҳсилоти мусиқӣ