«Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад».
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол пур мешавад. Мардуми сарбаланди Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсозеро қабул намуданд, ки он асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид.
Таҷрибаи 31-солаи амал кардани Конститутсия собит сохт, ки асосноккунӣ ва принсипҳои он ҳаётӣ будани ин санади ҳуқуқиро тасдиқ намуд, ки ин боиси шарафмандӣ ва ифтихор мебошад.
Ҳаёти имрӯза исбот менамояд, ки нуктаҳои асосии Конститутсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ бо муваффақият тадбиқ гардида истодаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисодӣ таъмин гардида, саноатикунонӣ яке аз ҳадафҳои муҳими ҳадафи чоруми инкишофи кишвар ҳисобида шудааст. Теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ афзуда, дар кишвар намудҳои мухталифи истеҳсолоти моддӣ ва маънавӣ рушду нумуъ меёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳое табдил ёфтааст, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои пешқадам ва оламгири худ обруву нуфуз ва эътибори бузург касб кардааст. Пешниҳоди умумибашарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” дар вохурии “БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар бори дигар собит сохт, ки сиёсати ваҳдатофаранда, сулҳпарварона ва таҳаммулпазиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари он ба манфиатиҳои миллии тамоми башар равона карда шудааст ва Тоҷикистон тарафдори сулҳу субот оромии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад ва мардуми кишварҳои ҷаҳон ба якдиливу ягонагӣ даъват менамояд.
Яке аз самтҳои муҳимми Конститутсия ин инъикоси масъалаҳои эҳё ва рушди фарҳанг дар ин санади тақдирсоз мебошад. Дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фарҳанг мавқеъ ва ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд. Дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон дар соҳаи фарҳанг муайян шуда, имкониятҳои ҳифз ва нигаҳдории арзишҳои фарҳангӣ ва фаъолияти фарҳангию эҷодӣ дар доираи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шуда, хеле мушаххас инъикос гардидаанд. Оид ба масъалаҳои нигаҳдорӣ, ҳифз ва рушди арзишҳои фарҳангӣ дар моддаи 40-уми Конститутсия чунин омадааст: “Ҳар кас ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад”. Муҳим он аст, ки Конститусия моликияти зеҳнии ҳар як шаҳрвандро ҳифз менамояд. Чуноне, ки дар Конститутсия омадааст “Савтҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад”.
Пас аз қабули Конститутсия яке аз қонунҳои аввалине, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд, ин қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” мебошад, ки он соли 1997 қабул шудааст. Баъдтар ба он тағйиру илова ворид гардидааст: соли 1997, № 23‐24, мод. 352; соли 2001, № 4, мод. 143; соли 2003, №12, мод. 691; соли 2008, №10, мод.819; соли 2009, № 8, мод.499; соли 2011 , №734).
15 ферали соли 2024 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” аз нав таҳийя ва қабул гардидааст, ки ҳоло яке аз санади муҳим дар қонунгузории соҳаи фарҳанг ба ҳисоб меравад.
Қобили қайд аст, ки дар соҳаи фарҳанг зиёда аз бист қонунҳои соҳавӣ таҳия ва қабул шуданд. Аз ҷумла, ќонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори умум», «Дар бораи табъу нашр» (1994), «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» (1998), «Дар бораи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ», «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои фарҳангӣ» (2001), «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» (2002), «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (2003), «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» (2012), «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» (2006) ва ғайра қабул гардиданд. Қонунҳои қабулшуда сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳама соҳаҳои фаъолияти фарҳангӣ муайян сохта, барои рушди фаъолияти эҷодии шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварданд.
Вобаста ба ин бо ибтикор Пешвои муаззами миллат, дар ҷумҳурӣ садҳо озмуну ҷашнвораҳо ташкил ва баргузор карда шуданд, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишварро ба эҷоди арзишҳои асили фарҳангӣ, иштироки озодонаи онҳоро дар эҷодиёти бадеӣ таъмин намуда, ганҷинаи фарҳанги мусиқии кишварро ғанӣ ва бой гардониданд.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои тараққиёти давлати соҳибистиқлоли моро барои садсолаҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ чун Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок намуда, ояндаи онро дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа дақиқ муайян сохтааст.
Барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини суботу оромии ҷомеа мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, одамфурӯшӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кардааст. Илова ба ин, дар замони муосир шомил гардидани ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни экстримистиву террористӣ мушкилоти асосӣ ва нигораникунандаи ҷомеаи тоҷикистониён ва ҷаҳониён мебошад ва воситаи асосии онро шабакаҳои интернетӣ, махсусан истифодаи нодурусти он номиданд. Мутаасифона, дар байни баъзе донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нафароне пайдо мешаванд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст дода, ба осонӣ ба доми чунин фиребгарон афтидаву ҳайёти худро доғдор месозанд. Василаи муҳими пешгирӣ аз шомилашавии ҷавонон ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ, зуҳуроти номатлуб ва хурофот мукамммал гардонидани саводи сиёсӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ба шумор меравад. Бинобар ин, аз ҷавонон хоҳиш карда мешавад, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, Конститусия ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистонро азхуд намуда ва риоя намоянд, хуб таҳсил кунанд ва дар рушди давлати соҳибистиқлоли мо саҳмгузор бошанд.
Дар хулоса ҳаминро зикр намуданиам, ки хусусияти ин санади тақдирсози миллат аз он иборат аст, ки Конститутсияи Ҷумҳарии Тоҷикистон натанҳо аз ҷониби коршиносони сатҳи ватанӣ, балки аз ҷониби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба монанди Созмони Аҳдномаи Амнияти ҳамкорӣ дар Аврупо ва СММ баҳои баландро соҳиб гардида, дар қатори даҳгонаи конститутсияҳои ҷаҳонӣ ҷой гирифтааст ва ба меъёрҳои байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ мебошад. Конститутсияи мо аз комилтарин ва мукаммалтарин конститутсияҳои ҷаҳон арзёбӣ гардидааст.
Дувум, Конститутсияи мо “конститутсияи мардумист”, зеро он тавассути муҳокимаи васеи умумихалқӣ қабул гардидааст ва бо хусусияти халқӣ эътироф гардиданаш аз конститусияҳои дигар фарқ дорад.
Ва сеюм, дар таърихи давлатдории тоҷикон қабули Конститутсия тавассути райъпурсии умумихалқӣ аввалин сарқонуне мебошад, ки бо забони тоҷикӣ таҳия гардида, аввалин бор халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият эътироф шуд ва маҳз дар асоси ин санади тақдирсоз ҳокимияти давлатӣ ба се шоха таҷзия (тақсим гардид) гардид.
Бинобар ин, Конститутсия аз ҷониби ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон чун раҳнамо ва меъёри ҳуқуқии баланд бардошатни ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба давлат ва фаъолияти он, эҳсоси ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ хизмат карда истодааст.
Аз ин ҷост, ки ҳифзи Конститутсия, ҳар як моддаи он ва ҳамзамон қонунҳои амалкунанда, риояи ҳуқуқ, озодӣ, эҳтироми шаъну шарафи дигарон вазифаи ҳар як шахси ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.
н.и.п., дотсент, мудири кафедраи технологияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сайёҳии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»
РАҲМОНЗОДА Абдусаттор

