Дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши занон дар рушди ҷомеа, махсусан дар роҳи таҳкими Ваҳдати миллӣ ва посдории он ҳамчун неъмати муқаддас басо муҳим аст. Зан — Модар, тарбиятгар, бунёдкор ва посдори арзишҳои миллӣ буда, дар рушду оромии кишвар нақши калидӣ дорад.

   Агар ба гузашта дар таърих назар кунем, дармеёбем, ки солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, ки як давраи пурфоҷеа барои миллати мо буд, маҳз занону модарони фарзандгумкарда, хоҳарони нигарон ва бонувони мушфиқ аввалин шуда, мардумро ба сулҳу ҳамдигарбахшӣ даъват карданд. Онҳо дар маҳалҳо, деҳот ва шаҳрҳо бо суханронии ҷасурона ва ғамхории модарона оташи кинаҳоро фурӯ нишонда, заминаи Ваҳдати миллӣ ва оромиро фароҳам оварданд.

   Имрӯз вақте ки роҷеъ ба сулҳу ваҳдат ҳарф мезанем, бояд эътироф кунем, ки бидуни иштироки фаъоли занон ва модарон фарорасии ин рӯзҳои оромии мо имконнопазир буд. Ҳазорон занони тоҷик бо вуҷуди мушкилоти рӯзгор дар ҷараёни татбиқи созишномаи сулҳ, барқарории ҳаёти осоишта ва рушди ҷомеа саҳми арзандаи хешро гузоштаанд.

   Дар солҳои охир бо пуштибонии сиёсати давлат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занон дар ҷомеа торафт боло рафта истодааст. Имрӯз занон дар соҳаҳои сиёсат, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, тиҷорат ва ҳатто ҳифзи ҳуқуқ фаъолона ширкат карда, онҳо на танҳо масъулияти хонавода, балки рушди ҷомеаро низ бар дӯш доранд.

   Мисоли равшани ин раванд иштироки фаъоли занон дар барномаҳои рушди деҳот, тарбияи насли наврас, мубориза бо зӯроварӣ ва инчунин, тарғиби арзишҳои ватандорӣ мебошад. Бо ташаббуси бонувон имрӯз дар бисёр деҳоти кишвар маҳфилҳо, чорабиниҳои тарбиявӣ ва маърифатию фарҳангӣ баргузор мешаванд, ки ба таҳкими ваҳдат ва ҳифзи якпорчагии миллат мусоидат мекунанд.

   Бо руҳияи тарбиягар будан занон метавонанд наслҳои ояндаро бо эҳсоси баланди худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба камол расонанд. Зан, ҳамчун сутуни асосии оила, метавонад фарзандонро бо руҳияи ваҳдат, меҳру муҳаббат ва адолат тарбия намояд.

   Ҳамин тавр, Ваҳдати миллӣ на танҳо ҳадафи сиёсӣ, балки арзиши маънавиест, ки аз фарҳанги инсонӣ сарчашма мегирад. Занон дар нигоҳдориву густариши ин арзишҳо нақши беназир доранд. Аз ин рӯ, ҷомеа бояд нисбат ба нақши занон на танҳо эҳтиром, балки дастгирии воқеӣ зоҳир намояд. Танҳо бо иштироки фаъолонаи занон ва модарони ватандӯст метавонем Ваҳдати миллиро устувору пойдор нигоҳ дорем.

Ёдгорова Елена Норқуловна,
мудири шуъбаи коргузории
Муассисаи давлатии таълимии 
“Донишкадаи давлатии фарҳанг
ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода”