

Бояд ёдовар шавем, ки дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 марти соли 2024 омӯзгорони донишкада Саидзода Шодонаи Иброҳим ва Фарзона Наимова дар қатори даҳҳо бонувони азизи мамлакат сазовори дараҷаи илмии номзади илми филология гардиданд, ки ректори донишкада онҳоро самимона муборакбод намуд.
Сипас ректори донишкада як қатор бонувони собиқадори донишкадаро бо мукофотпулӣ қадрдонӣ намуда, ба онҳо саломатӣ ва умри дароз таманно намуд.

Дар конференсия номзади илмҳои фалсафа Нуъмонова Гулчеҳра, номзади илмҳои филологӣ Умарова Гавҳар, номзади илмҳои педагогӣ Тайғуншоева Ҷаҳонгул Саодатшоевна, номзади илмҳои таърих Муъминова Ҳаётхон, номзади илмҳои таърих Мамадазимова Майрам Муҳиддиновна, номзади илмҳои филологӣ Галимова Моҳинур, номзади илмҳои педагогӣ Назарова Зебо Эшонқулова, номзади илмҳои филологӣ Иззатзода Зулайхо Тоир, номзади илмҳои филологӣ Наимова Фарзона ва номзади илмҳои филологӣ Саидзода Шодона маърузаҳои худро ироа намуда, андешаҳои худро доир ба ҷойгоҳи Зан-Модар, мақоми ӯ дар ҷомеа ва нақши занон дар рушди илму маориф ва фарҳанги кишвар баён намуданд.
ҚУДРАТОВ Сино