Имрӯз дар китобхонаи илмии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” маҳфили “Журналист” дар мавзуи “Наттоқ чеҳраи телевизион” баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳи декани факултети журналистикаи телевизион ва радио Ниёзов Лутфулло, кори маҳфилро шуруъ намуда меҳмони фахрии маҳфил Ёрмуҳаммади Самадро, ки аз Телевизиони Тоҷикистон даъват гардида буд, муаррифи намуд.
Баъдан меҳмони маҳфил Ёрмуҳаммади Самад дар мавзуи наттоқ чеҳраи телевизион баромад намуда, махсусият ва вижагиҳои кори наттоқ дар телевизион, инчунин нақши андеша ва идеяи кор дар муайян кардани мавқеи наттоқро, барои ихтисосмандони журналисти телевизион ва донишҷӯёни ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик. Рӯзноманигор, аз таҷрибаҳои андухтааш қисса намуд. Ногуфта намонад, ки Ёрмуҳаммади Самад наттоқи варзида ва ҳирфаи буда, имрӯз дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи наттоқон кору фаъолият менамояд. 
Маҳфили илмӣ ва эҷодии кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ чун анъана дар интиҳои кори худ ҳамеша аз суолу ҷавоби ихтисосӣ бо меҳмони даъватгардида иборат мебошад. Ин навбат низ донишҷӯён аз ин усул истифода намуда, ба суолҳои худ посухи дилхоҳ гирифтанд.
Муаллими калони кафедраи
журналистикаи телевизион ва
радиошунавонӣ
Абдуллоева Адиба






