Имрӯз дар толори Китобхонаи илмии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оламафрӯз” баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, интихоби раиси ташкилот, муовини раиси он, интихоби вакил ба конференсияи 15-уми ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оламафрӯз” доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳусни ифтитоҳ бахшид. Мавсуф зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оламафрӯз” фаъолияти худро дар асоси нақшаи корӣ ва дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб як қатор чорабиниҳои сиёсии тарғиботӣ ва ташвиқотиро баргузор намуд. Дар маҷмуъ, давраи ҳисоботӣ барои тамоми сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва аъзои ҳизб басо хотирмон буд. Зеро, ки дар ин чорабиниҳо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оламафрӯз” саҳми назаррас гузоштанд.
Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури рӯимизии ҳар як корманд ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оламафрӯз” дар асоси нақшаи корӣ 10 маротиба соати сиёсӣ доир намуд. Доир ба баррасии нуктаҳои Паёми Пешвои миллат мақолаҳои устодони донишкада М.З. Низомӣ, Ф. Махсудзода, А. Аминӣ, З. Изатзода, Б. Сайфуллозода, С. Зокиров, М. Холов ва Зафари Шариф дар рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, Адабиёт ва санъат”, “Фарҳанги Тоҷикистон”, “Минбари халқ”, “Мароми пойтахт” ва сомонаҳои расмии давлатӣ, аз ҷумла АМИТ “Ховар”, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сомонаи донишкада интишор гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аъзои ташкилоти ҳизбии “Оламафрӯз” дар семинари омӯзишӣ, дар чанд шанбегиҳои дастаҷамъона, дар аксияҳои ниҳолшинонӣ, тозагӣ ва форумҳо фаъолона ширкат варзиданд.
Дар кори ҷаласа намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Давлатзода Ҳангома Рустам, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоҳир Иззат, муовини ректор оид ба таълим Махсудзода Фарҳод Махсуд, декани факултети журналистикаи телевизион ва радио Ниёзов Лутфулло ва мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносии донишкада Амондуллоев Бекмурод андешаронӣ намуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оламафрӯз”–ро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобиданд.
Б. Сайфуллозода,
Зафари Шариф