Ватан, озоданаврӯзат муборак!

Шукӯҳи бахти пирӯзат муборак!

Ту ҳастию ҳавас дар синаҳо сабз,

Баҳори оламафрӯзат муборак!

   Наврӯз – дар оини мардуми ориёитабор ҳамчун соли нав ё азнавзиндашавии табиат ба ҳисоб рафта, ба қаъри давру замонҳои дури ниёгонамон решапайванд мебошад. Ин ҷашни бузурги миллат дар масири ташаккулу инкишофаш давраи бедоршавии табиат ва ҷараёни таквини оламро дар худ таҷассум намуда, дар тӯли асрҳо гоҳ давраҳои номусоиду тундбодҳои замона  ва гоҳо фазои неку авзои мувофиқу мусоидро аз сар гузаронида, то бар замони мо омада расидааст. Дар китобҳову осорҳои таърихӣ омадааст, ки аввалин шахси ин идро ҷашн гирифта подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд ва ӯро ҳамчун асосгузори ин арзиши фарҳангии мардуми тоҷику форс ё кулли мардуми ориёнажод медонанд. Ин ҳама хусусиятҳову суннатҳои наврузӣ барои ба эътидол овардани оламу офариниши ҷаҳони инсонҳо фоли неке буда, яъне барои зиндагии  шоистаи инсоният аз аввали фасли соли солшумории шамсӣ дарак медиҳад.

Наврӯз оинаест, ки забону замонҳои ҷаҳони офаринишро бозтоб дода, ҳалқаҳои пайванди қавму миллатҳои ҳамфарҳангу ҳамтаърих ва ҳамтақдирро таҳким мебахшад ва яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Ҷашни бузурги Наврӯз дар воқеъ, ваҳдатгарои халқу миллатҳои гуногун мебошад буда, ин иди миллӣ дар тӯли таърих на фақат халқу миллатҳо, балки андешаву гуфтору кирдори онҳоро низ бо ҳам сахт пайвастааст, ки мо инро пеш аз ҳама, дар мисоли ҳаммонандии маросими ҷашнгирии иди Наврӯз дар тамоми миллату халқиятҳои Осиёи Миёна мушоҳида карда метавонем.

Наврӯз  аз  зумраи ҷашнҳои қадима маҳсуб гардида,ба қавле пайдоиши он ба замони  ҳазрати Одам ва Кайумарс, ба пиндори дигар, ба даврони Ҷамшед, ба фикри сеюм ва чаҳорум ба асри зардуштиён рост меояд ва боз андешаҳое  ҳам  роиҷанд, ки асрҳо мардумон онро гиромӣ медоранд ва чун бо баҳор тавъам  меояду сари сол аст, ҷашни баҳору ҷашни соли нав низ эътироф намудаанд. Аллома Димишқӣ дар китоби «Наҳбат-уд-даҳр» қайд намудааст, ки “Наврӯз иди бостониест, ки ҳавзаи фарогирии он борҳо тағйир хӯрда, хеле фарох аст. Наврӯз аз айёме, ки чархи гардун ба гардиш омадаст, яъне аз он даврае, ки ҷамияти инсонӣ  пайдо шудааст,таҷлил мешавад”.

Фарҳанги асили ҳар як халқу миллат, пеш аз ҳама, бо ривояту устура, андешаҳои мардумӣ, анънаҳои миллӣ, эътиқодҳои динию фазилатҳои ахлоқии дар тӯли асрҳо шаклёфта аз назари таърихию фарҳангӣ шомили мазмунҳои рамзию тамсилҳои дорои хусусияти табиию иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинию  кайҳоншиносӣ таҷассум меёбад, ки онҳоро тавассути  таҷлили ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ арзёбӣ намудан мумкин аст.

Ҷашни Наврӯз дар бисёр маъхазҳои таърихӣ ҳамчун “Рӯзи нав” тафсир гардида, аз аҷдодон бароямон ҳамчун мерос расидааст, ки ифодагари ҳувийяти миллию фарҳангӣ  мебошад ва шахсияту афроди ҷомеаи мутамаддини миллати тоҷикро дар ҳар давру замон муаррифӣ менамояд. Аз ин рӯ, омӯзиши ҷашни Наврӯз ва дигар идҳои солонаи аҷдодӣ, ҳамчунин таҷлили онҳо яке аз масъалаҳои муҳими худшиносиюу хештаншиносӣ ва комёб шудан ба умқи ниҳодҳои фарҳангу тамаддуни саршор аз ғановату муқаддаси мо хоҳад буд.

Фархундапаю мӯҳташам, Наврӯз аст,

Милоди дубораи Ирам, Наврӯз аст.

Аз Оли худу Миллати худ мефахрем,

Мероси сафобахш зи Ҷам, Наврӯз аст.

Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабурӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор ва рӯзи кишту кори деҳқон ба шумор меравад. Тибқи натиҷаҳои мушоҳида ва пешгуии мунаҷҷимон Наврӯзи имсола ба соати 2:01-и 20 марти соли 2025 рост омада, дар ҳамин соату дақиқа шабу рӯз баробар хоҳад шуд.

Бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон ҳамчун ҳавзаи Наврӯз  18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, қарорномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Дар қарорнома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад.

Имрузҳо, Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан дар кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон, ки гаҳвораи наврӯз ба ҳисоб меравад бо рӯҳияи болидаву ифтихор аз фарҳангсолорӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ низ дар заминаи равобити хуби таърихию фарҳангӣ ва иқтисодиёю иҷтимоӣ доштанашон бо мардуми форсу тоҷик, ба вижа узбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳo ва туркменҳо ин ҷашни миллиро бо сабку услубҳои ба худ хос ҷашн мегиранд. Ҳоло, ки дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Насаф, Термиз, Деҳнав, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём сукунат доштанду мардуми таҳҷоии ин манотиқ тоҷик ҳастанд, суннатҳову анъанаҳои хоссаи Наврӯзӣ то замони ҳозира ҳифз шудавнд ва ин ҷашнро ҳамасола таҷлил менамоянд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хоссаро пайдо кардааст. Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст. Насли ҷавони даврони нав аз ин падидаҳои умедбахш орзую умедҳои зиёд доранд, зеро зинда ва ҷовидон мондани анъанаи ниёгон бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад.

Аз шеъру таронаи ҳазорон маълум,

Ин лаҳза ҳама ҳарфи қалам, Наврӯз аст.

Биншаста лаби рӯди Ватан кардам дарк,

Номи ғазали шаршара ҳам, Наврӯз аст.

Ваҳдат ғами моро бирабуд аз дилҳо.

Дар мамлакати мо ҳама дам, Наврӯз аст.

Дар ҳақиқат ҳам Наврӯзи оламафрӯз рӯзгори одамиро пайваста поку тоза ва сабзу хуррам нигоҳ медорад. Воқеан ҳам, Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, нерӯбахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагӣ шинохта шудааст. Боиси хушбахтист, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллиамон – Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Садаро дар тули асрҳо нигоҳ дошта, то ба имрӯз бирасонад ва онро ҷаҳонӣ гардонанд.

Бигзор ин ҷашни миллӣ барои ҳазорсолаҳои дигар боқӣ монаду, мардуми сарбаланди тоҷикро дар саёраи замин боз ҳам муаррифгару миллатро таҷассумгар бошад! Ин ҷашни куҳану ҳамешаҷавон барои мардуми кишвари мо тинҷию осоиштагӣ, хуррамию некрӯзӣ, сулҳу амният ва неъматҳои фаровон ато намояд, орзу ва армонҳои насли имрӯза низ ҷомаи амал пӯшанд. Шодиву сурур ва хурсандию нишоти кӯдакон дар осмони софи кишвар ҳамчун сафобахши рӯзгору сулҳу осоиштагӣ танинандоз бошад.

Наврӯз, ки бар замин бувад ҳуснфизо,

Рафтанд чи асрҳову урост бақо.

Хоҳӣ ту агар бақои умрат бошад,

Бар рӯи замин ба мисли Наврӯз биё!

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Меҳриддин ХОЛОВ –

сардори раёсати робитаҳои байналмилалии

ДДФСТ ба номи М. Турсунзода