28-уми марти соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Нақши рӯйкардҳои навоварона дар рушди ҳунари коргардонӣ ва актёрӣ» бо иштироки олимону ҳунармандон аз 12 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳии конференсияи мазкур муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионии донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер Файзуллоҳ дар мавзуи «Таърихи ҳимояти давлатии санъати синамои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол» суханронӣ намуд. Мавсуф дар маърузаи хеш таърихи барномарезӣ ва дастгирии давлатии соҳаи кино, қабули барномаҳои гуногуни давлатӣ, амалӣ ва татбиқ гардидани онҳо дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар анҷоми қисмати ифтитоҳии конференсия Аминӣ Алишер бо туҳфаи рамзӣ ва шаҳодатномаи конференсия қадрдонӣ шуд.
Дар доираи баргузории кори конференсия муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионии донишкада Аминӣ Алишер бо ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Узбекистон Нодирбек Сайфуллоев вохурӣ намуда, дуруду паём ва омодагии ҳамкориҳои таълимӣ, илмӣ ва эҷодии ректори тозатаъйини МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзоро расониданд.
Ҳамчунин, мавсуф ба хотири ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои гуногун суҳбатҳои судманд доир намуд..
Сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ Холов М.