Бо мақсади дар амалия ошно гардидани донишҷӯёни ихтисосҳои фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, махсусан хатмкунандагони ихтисосҳои фарҳангшиносӣ (курсҳои 4), бо фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, татбиқи сиёсати фарҳангӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ниҳодҳои зерсохтори Вазорати фарҳанг ва таҷрибаи амалӣ андухтан, тасмим гирифта шуд, санаи 23.10.2025 ва 25.10.2025 дар доираи дарсҳои “Ҳуқуқи фарҳангӣ” ва “Сиёсати фарҳангӣ” донишҷӯёнро ба муассисаҳои мазкур сафарбар намуда, дарсҳои амалӣ баргузор карда шавад.
Ҳамин тариқ, тибқи дастури Ректори донишкада номзади илмҳои филологӣ, муҳтарам Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳайати донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгори калони кафедраи фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносии Донишкада Мирзошариф Абдусаломов ба ҳудуди муассисаҳои фарҳангӣ ташриф оварданд.
Боздид аз муассисаҳои Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқоти фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг оғоз гардид. Ҳайати устодон ва донишҷӯёнро бевосита директори Пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Аминов Абдуфаттоҳ роҳбаладӣ намуда, ҳайатро бо фаъолияти муассиса шинос намуд.
Дар идома, ҳайати устодону донишҷӯён аз Агентии миллии «Хонаи Китоб», Сарредаксияи миллии энсклопедияи тоҷик ва дигар нашриёту корхонаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг боздид ба амал оварданд. Дар ҳар муассиса донишҷӯёнро бевоситаи роҳбарият ва шахсони масъули муассисаҳо бо фаъолияти амалӣ дар низоми фарҳанг шинос карданд.
Раванди боздид бо саволу ҷавоб ва мубоҳисаҳо пеш мерафт.
Қобили зикр аст, ки дарсҳои амалӣ нисбат ба назариявӣ таҷриба ва ҷаҳонбинии илмии донишҷӯёнро бештар боло мебарад.
Донишҷӯён бо бардоштҳои хуби амалӣ дарсҳоро ҷамъбаст намуданд.
Дарсҳои амалӣ дар муассисаҳои фарҳангӣ мунтазам идома намуда, минбаъд низ сафарбар карда мешаванд.














