Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” мувофиқи нақша — чорабинии муштараки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми тарбияи донишкада бо сарнозири Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Розиқзода Алихони Абдуҳалим вохӯрии судманд баргузор гардид. Вохӯриро, ки дар он устодону донишҷӯён ва кормандони донишкада ҳузур доштанд, муовини ректор оид ба таълими донишкада, номзади илмҳои педагогӣ Махсудзода Фарҳод ҳусни оғоз бахшида, дар бораи масъалаҳои вобаста ба роҳҳои баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷомеа, ташаккули рӯҳияи зиддикоррупсионӣ, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ изҳори андеша намуд.
Сипас, сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Розиқзода Алихони Абдуҳалим дар мавзуи “Дар бораи тасдиқи методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” суханронӣ намуда, қайд намуд, ки дар кишвари мо аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати коррупсияро дар ҳар баромаду мулоқотҳои худ махсус таъкид карда, муқовимати дастаҷамъонаро бо ин зуҳуроти номатлуб тақозо менамоянд. Мавсуф, ҳамчунин, оид ба мазмун ва моҳияти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳояшро баён намуда, аз аҳли нишаст хоҳиш намуд, ки дар самти муқовимат ба коррупсия ва боз ҳам коҳиш додани шиддати ин зуҳуроти номатлуб бетарафӣ ихтиёр накарда, саҳми худро гузоранд. Таъкид гардид, ки мақсад аз вохӯрии мазкур пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ, таблиғу ташвиқи сиёсати давлатӣ ва фаҳмонидани роҳу усулҳои муосири муқовимат ба коррупсия ба ҳозирин мебошад.
Розиқзода А.А. инчунин, зикр намуд, ки масъулин бояд ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро муҳайё карда, барои решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки ташкил ва баргузор намудани чунин вохӯриҳои судманд барои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, дар маҷмуъ иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба паст гардидани сатҳ ва шиддати коррупсия мусоидат менамоянд.
Қисми тарбия