БАХШИДА БА ҶАШНИ МАВЛУДИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ 15-АПРЕЛ
Айнишиносӣ чун мактаби бисёрсоҳаи илмиест, ки айни ҳол олимон ва муҳаққиқони зиёдеро фаро гирифтааст. Паҳлуҳои гуногуни осори С. Айниро донишмандони илмҳои филология, таърих, сиёсатшиносӣ, журналистика, педагогика ва дигар соҳаҳо мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор додаанд. Номаҳои устод Айнӣ аз зумраи осори арзишманди ӯ ба шумор меравад ва чун жанри хоси адабӣ афкори адабию эстетикӣ, масъала ва муаммоҳои замони шуравӣ, инъикоси муҳимтарину падидаҳои адабию фарҳангии замонро фаро гирифта, дар тарбияи адабию эстетикии қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла тарбияи ҷавонони соҳибистеъдод нақши муҳим дорад. Ин аст, ки дар бораи номаҳои устод Айнӣ донишмандон ва муҳаққиқони зиёд таҳқиқоти арзишманд ба вуҷуд овардаанд.
Дар адабиётшиносии тоҷик масъалаи марбут ба нома ва номанигорӣ саҳифаи тоза набуда, намунаҳои дурахшони осори таҳқиқиро дар даст дорем. Бояд тазаккур дод, ки масъалаи мазкур дар адабиётшиносии мо дар заминаи номанигорӣ дар адабиёти классикии тоҷик ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Аммо ин масъала ҳанӯз дар асоси маводи адабиёти муосири тоҷик, хусусан, адабиёти давраи шуравии тоҷик бо истифода аз равишҳои тозаи илмӣ таҳқиқ нашудааст. Дар адабиётшиносии замони шуравии тоҷик фаъолияти номанигории С. Айнӣ дар ду шакл баррасӣ шудааст. Нахуст, чопи номаҳои устод Айнӣ ба адибони тоҷик, ки ин падида ҳанӯз дар замони зиндагии нависанда ба расмият даромада, имкони шиносоӣ ба онҳоро фароҳам овард. Дувум, таҳқиқи ин падида дар зимни таҳқиқоти адабиётшиносон дар робита ба дигар фаъолиятҳои устод Айнӣ сурат гирифтааст. Дар адабиётшиносии замони шуравии тоҷик дар масъалаи мукотиботи С. Айнӣ бо адибони тоҷик, гуфтан мумкин аст, ки нисбат ба масоили таҳқиқ бештар ба масъалаи ҷустуҷӯ, бозёфт, баргардон ва чопи номаҳо таваҷҷуҳ шудааст. Дар масъалаи мазкур саҳми донишмандону адабиётшиносон К. Айнӣ, Х. Айнӣ, И. Брагинский, Р. Ҳошим, Р. Фиш, А. Деҳотӣ, М. Осимӣ, Х. Отахонова, С. Солеҳов, Н. Аслонова ва дигарон шоистаи тамҷид аст. Зеро маҳз бо кӯшиши онҳо номаҳои гуногуни С. Айнӣ ба адибони тоҷик дар маҷаллаи илмию адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ» (дар он солҳо «Шарқи сурх») нашр гардидаанд.
Мактубҳо, хотираҳо ва гуфтугӯи адибон С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ дар соҳаи адабиёт, илм ва фарҳанг сарчашмаи бузургест ва мо дар онҳо дар бораи саҳифаҳои номаълуми таърихи адабиёт ва шахсиятҳои машҳур, инчунин, воқеаҳои хотирмон маълумоте ёфта метавонем, ки дар ягон асари онҳо пайдо намешаванд.
Номаҳои ин нобиғаҳои адабӣ дар соҳаи муҳимми ҳаёти иҷтимоию маданӣ ҳамчун сарчашмаи пурқиммат хизмат мекунанд. Чунки дар онҳо муҳимтарин лаҳзаҳои таърихӣ инъикос ёфтаанд.
Ҷиҳатҳои таърихии мактубҳои С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ бо фикру мулоҳизаҳои онҳо доир ба адабиёт, нақши он дар тарбияи завқи эстетикии одамон ифода ёфтааст, ки наслҳои нави адабиётшиносон аз фикру мулоҳизаҳои онҳо чун сарчашмаи хуби адабӣ истифода мебаранд.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати таърихии номаҳои С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ дар он зоҳир мегардад, ки масъалаҳои адабӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ дар заминаи онҳо зиёд мавриди баррасӣ қарор гирифта, таваҷҷуҳи хонандаро ба худ мекашанд. Дар ин номаҳо мухтассоти он ҳамчун навъи махсуси адабӣ, илмӣ, ҳунари сухансароӣ, одоби муошират, қонунмандиҳои дохилӣ матраҳ гардидаанд.
Онҳо дорои мавзуъҳое мебошанд, ки ба адабиёт, забон, таърих, фарҳанг ва оила низ рабт мегиранд. Дар номаҳо чанд масъала роҷеъ ба худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳодисаҳои ҳақиқати баъзе аз сафаҳоти рӯзгори адибон, инчунин, тартиби кори эҷодии онҳоро дидан мумкин аст.
Устод Айнӣ дар номаҳое, ки ба адибони тоҷик ирсол намудааст, дар хусуси асарҳояш, тарзи навишти осор ва аз чоп баромадани онҳо, баъзан вазъи саломатӣ, тарзи зисту зиндагиашро баён кардааст. Дар номаҳое, ки устод Айнӣ ба А. Лоҳутӣ, Ҷ. Икромӣ, А. Деҳотӣ, М. Турсунзода ва дигарон фиристодааст, дар бораи офаридани асарҳои бадеӣ низ сухан рондааст.
Албатта, устод Айнӣ ҳар андешаеро, ки дар боби ҳунари эҷодӣ ба адибе баён карданӣ мешавад, аз нома истифода менамуд. Ӯ ба ин восита ба дӯстону пайравон, адибони ҷавон, муҳаққиқон, садрнишинон нома навишта, тавассути он афкори адабӣ, эстетикӣ, танқидӣ ва аз ҷумла рози эҷодиашро баён намудааст. Махсусан дар номаҳое, ки устод Айнӣ дар солҳои 30-ум ва 40-ум ба А. Лоҳутӣ фиристодааст, андешаҳои ӯ доир ба ин масъала бештар ифода ёфтаанд. Чунончи, С. Айнӣ дар номаи 23 ноябри 1934 навиштааш доир ба эҷоди романи «Ғуломон» дахл менамояд. Мо баъд аз мутолиаи мактубҳои ин ду адиб пай мебарем, ки эҳтироми устод Айнӣ ба А. Лоҳутӣ хеле самимӣ будааст. Дар ҳар номааш гӯё барои дӯсти адибаш ҳисоботи эҷодӣ медиҳад. Дар мактубе, ки устод Айнӣ ба А. Лоҳутӣ фиристодааст, нақшаи кории шабонарӯзиашро, яъне тартиби кори эҷодиашро дар он баён менамояд. Устод шароити корашро дар нома нишон дода, орзу мекунад, ки то даҳсолагии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ғуломон»-ро ба итмом расонад ва заҳмату бедорхобиҳояшро чунин зикр мекунад: «Рафиқи азиз, Лоҳутии мо! Салом! Мактуби 9-уми ноябр навиштаатонро 19-уми моҳи мазкур гирифтам. Мувофиқи хоҳиши Шумо аз румони «Ғуломон» ба котиб фармуда чордаҳ саҳифа китобат кунонидам, ки ҳамроҳи ин мактуб ба хидмат мефиристонам. Ҳоло худам дар румони «Ғуломон» кор карда истодаам. Шароити корам ба ин тариқа аст:
Ҳар шаб соати 2 баъд аз ними шаб кор сар мекунам, то соати ҳашти рӯз, баъд чой менӯшам ним соат, боз аз соати 8 ба кор медароям то соати 4-ним, бе он ки чизе бихӯрам ва чойе нӯшам, кор мекунам. Агар бисёр дил беҳол шавад, як – ду дона конфет мемакам. Соати 5 корро ғун дошта кӯча меравам ва газета мехарам, ба ин восита пойҳоям, ки 14 соат дузону мондаанд, меёзанд. Боз пас ба хона омада таом мехӯрам, чой менӯшам ва рӯзнома мехонам. Соат, ки ҳафт шуд, мехобам. Боз соати 2 гӯё маро касе бедор карда бошад, аз хоб ҷаста мехезам. (Ин мактубро ҳам соати 2 – ним, баъди ними шаб навишта истодаам, ки аввали ҳавсала ҳаст, вагарна хонда наметавонистед)».
Дар номаи мазкур устод Айнӣ ба А. Лоҳутӣ фаҳмондааст, ки ба кадом роҳҳо тарзи ба тартиб истифода кардани вақтро барои кори эҷодии худ ҷудо кардааст. Ӯ худ менависад, ки соати 7-и шаб ба хоб мерафтааст ва соати 2 беихтиёр бедор шуда сари мизи кориаш менишастааст, то бегоҳ кор мекардааст, ки чунин вақти тулонӣ ҳамарӯза иҷро кардани кори эҷодӣ барои устод дар ин синну сол як вазифаи пурмасъул мебошад. Табиист, ки бо ин қадар заҳмату машаққат аз асарҳои калонҳаҷм ва пурмаъно, албатта, баъзан нобарорӣ рух додан аз ҷиҳати саломатӣ ҳам ҳаст, аммо бо вуҷуди ин, махсусан сари вақт бо саъйу ҷаҳд ва кӯшишҳои устод ба анҷом мерасиданд. Яъне, устод Айнӣ дар ҳеҷ вазъият ҳисси масъулиятро фаромӯш намекардааст. Ҳар кореро, ки ба зимма мегирифт, бо масъуляти том машғул мешудааст ва ба ҳалли масъалаҳои он басо дурандешона ва нозукбинона муносибат менамуд. Адабиётшинос Х. Асозода менависад: «Тафовути вақти хобу ба кори эҷодӣ аз тарафи шаб машғул шудани Айнӣ ба боло рафтани синну соли ӯ пайвастагӣ дорад. Албатта, дар ҳар ду тартиби кори Айнӣ номувофиқатӣ ба мушоҳида мерасад».
Оре, ин дуруст аст, аммо пирӣ ва беҷо шудани вазъи саломатӣ устодро ба мушкилӣ дучор менамуд, бо вуҷуди ин, саъю кӯшишҳои ҷиддӣ низ дар номаҳо ба назар мерасанд.
Дар номаҳо С. Айнӣ ироаи андешаю афкори адабӣ дар осори худ ва тарзи асарофаринию шарҳи ҳолашро тадвин намудааст, ки чунин номаҳояш ифодагари паҳлуҳои гуногуни ҷузъиёти ҳаёти ӯ мебошанд. С. Айнӣ бо аксар адибони тоҷик дар номаҳояш доир ба тарзи асарофаринӣ сухан кардааст. Дар онҳо масъалаҳои адабӣ, таърихӣ ва сиёсии замон эзоҳ дода шуда, баъдан дар бораи воқеаҳои замони зиндагии нависанда, роҷеъ ба осори худи устод низ маълумоти пурарзиш дода мешавад. Бояд гуфт, ки ин гуна маълумот барои рӯшан кардани саҳафоти норавшани зиндагии муаллиф низ аҳаммияти хосса доранд. Ин қазия низ диққати адибону адабиётшиносонро ба худ кашидааст, ки ба фикру мулоҳизаҳои онҳо зиёд дучор мешавем. Нависанда А. Деҳотӣ дуруст таъкид кардааст, ки «Номаҳои Садриддин Айнӣ дорои аҳаммияти калони адабӣ ва илмиву фарҳангӣ мебошанд. Гоҳе дар номаҳо андешаҳои адабии Айнӣ ба таърихи таълифи навиштаҳои адибе ва дигар масъалаҳои асарофаринӣ иртибот пайдо кардаанд. Дар қисме аз номаҳо масъалаҳои шахсӣ, оилавӣ, хоҷагӣ ва ҳатто баъзан тафсилоти тарзи кор ва зиндагии ҳаррӯзаи Айнӣ ва ё аҳволи дӯстон, шогирдон ва ошноёнаш инъикос ёфтаанд, ки ба воқеаҳои ҷории замон бахшида шудаанд».
Устод Айнӣ ҷузъиёти душвори ҳаёташро дар номае ба А. Лоҳутӣ нигоштааст. Ӯ моҳи январи соли 1937 ба беморӣ гирифтор шудан ва тағйир кардани кори эҷодиашро нисбат ба пештара фаҳмонидааст. Бо вуҷуди камқувватӣ ва вазнин будани кори эҷодӣ, дар бораи шахсияту фаъолияти эҷодии А. Пушкин шеъре менависад ва тарҷумаашро ба русӣ аз завҷаи А. Лоҳутӣ – Бону хоҳиш менамояд. Акнун мегузарем ба номаи навбатӣ, ки С. Айнӣ ба А. Лоҳутӣ навиштааст. Он нигошта чунин аст: «Инак, дар ҳамин ҳол хонанишин ҳастам. Корҳоям ҳам он қадар пеш намераванд, пештар рӯзе 12-14 соат кор мекарда бошам, ҳоло аз 4 ё 5 соат зиёда кор карданам мумкин нест. Бо ин ҳама камқувватӣ нахостам, ки дар ёдоварии Пушкин иштирок накарда монам. Як порча шеър навиштам, як нусхаи онро бо ин мактуб, аммо дар конверти ҷудогона ба рафиқа Бону фиристода, тарҷумаашро илтимос кардаам. Аз шумо хоҳишмандам, ки дар вақти тарҷума барои эзоҳ ёрӣ медодед ва ҳам дар санаи пушкинии «Литгазета» чопашро таъмин мекардед».
Устод Айнӣ ҳамеша бо адибони дигар низ эҳтиром дошт ва қадршиносии хидмати онҳоро вазифаи ҳатмии худ медонист ва барои ӯ чӣ гуна будани шароит муҳим набуд. Ин аст, ки ба А. Лоҳутӣ дар бораи Пушкин дар ин нома гуфтааст. Фаъол будани кори эҷодиаш ва мутаваққиф накардани он ҳам аз номаҳо возеҳ аст. Аз ин лиҳоз, барои эҷодиёташ фидокорона меҳнат карда, маънавиятро шоҳсутуни бинои одамӣ ҳисобидааст.
Пажӯҳишу омӯзиши номаҳои С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ ба мо он вақт муяссар мешавад, ки аз онҳо саҳифаҳои таърихи ҳаёти мероси ниёгонамонро ҷустуҷӯ кунем. Хусусан, устод Айнӣ дар масъалаи дақиқ сохтани мероси гузаштагонамон бисёр иқдоми бузургеро пеша кардаанд, ки пайдо намудани қабри устод Рӯдакӣ яке аз онҳост. Маҳз кӯшишҳои устод буд, ки соли 1925 ҷашни Рӯдакӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мактуби 25 октябри соли 1940 муфассал доир ба пайдо намудани қабри устод Рӯдакӣ — устод Айнӣ ба А. Лоҳутӣ маълумот додааст, ки хеле манбаи нодирест.
К. Айнӣ аз тадқиқоти падараш ёдовар шуда менависад, ки: «Дар мавзуи кофтуков ва ҷустуҷӯи маълумоти нав ва тоза роҷеъ ба устод Рӯдакӣ падарам ҳамеша мукотиба дошт, бо дӯстонаш ҳам аз аҳли адаб ва илм, ҳам бо шиносонаш ҳамеша дар ин бора суҳбат ва гуфтугӯ мекард.
Яке аз орзуҳои вай ҳамоно кофта дидани қабри устод Рӯдакӣ ва пас аз ҳазор сол ба мардум намоиш додани акси чеҳраи он бузургвор — фарзанди халқ буд».
Ин воқеаи муҳим бештар дар номаҳои ба А. Лоҳутӣ ирсол намудаи устод арзёбӣ шудаанд. Дар номаи 24 ноябри 1940, ки аз тарафи устод Айнӣ ба А. Лоҳутӣ ирсол шудааст, масъалаи зодгоҳи устод Рӯдакӣ ба миён гузошта мешавад. Ягона мақсади устод Айнӣ ин буд, ки самарқандӣ ва ё бухороӣ будани Рӯдакиро аниқ намояд. Чунки дар ин хусус шубҳае дар манбаъҳову тазкираҳо ва дар дигар сарчашмаҳои адабӣ мавҷуд буд, ки таърихнигорону тазкиранависон баъзе Рӯдакиро аз Самарқанд медонистанд ва баъзеи дигар ба Бухоро нисбат медоданд. Устод Айнӣ аввал дар «Намунаи адабиёти тоҷик» зодгоҳи шоирро Бухоро зикр кардааст. Аммо вақте ки дар номаҳояш ба А. Лоҳутӣ доир ба кофтуков ва амиқ кардани қабри Рӯдакӣ сухан мегӯяд, маълум мешавад, ки фикри худро иваз кардааст, чунки аз нақли шахсе бо номи Идрисӣ, ки ӯ Астарободӣ будааст ва баъд аз шаст соли вафоти Рӯдакӣ фавтидааст, Рӯдакиро аз Самарқанд гуфтааст. «Таърихи Самарқанд»- ро, ки Идрисӣ навиштааст, мегӯяд, ки «Рӯдакӣ аз қарияи Рӯдак аст». Ҷойи дигар менигорад, ки «қабри Рӯдакӣ дар Панҷрӯдак аст, ки яке аз қарияҳои Рӯдак буда, дар навоҳии Самарқанд аст».
Устод аз мақолаи академик А. Семёнов пай мебарад, ки «Рӯдак ва Панҷрӯд дар 15-километрии шаҳри Самарқанд аст». Аммо устод Айнӣ ба А. Лоҳутӣ дар номааш мегӯяд, ки: «…ман бо пурсуков аз атрофи Самарқанд бо ин номҳо деҳае наёфтам ва ба тариқи ҳазл ба Деҳотӣ гуфтам, ки охир Рӯдак аз Панҷакат ёфт мешавад…».
Устод Айнӣ бо тахмини худ ба ҳақиқат дучор мешавад, чунки ҳангоми ҳамсуҳбат шуданаш бо як мардикори форобӣ, маълум менамояд, ки дар минтақаи Панҷакент ҷойгир будани Рӯдак ва Панҷрӯдак аниқ будааст. Мақсади устод, қабл аз ҳама, марқади Рӯдакиро ошкор кардан буд. Устод Айнӣ барои тасдиқи ин маълумотҳо ба идораҳои расмии Ҳукумати Тоҷикистон ва ноҳияи Панҷакент муроҷиат кардааст. Ба гуфтаи раиси ҳамонвақтаи Ҳукумати Панҷакент Шароф Муҳаммадиев деҳаҳои Рӯдак ва Паҷрӯдак дар фосилаи 60 — 70 километрӣ аз маркази ноҳия қарор доштааст. Устод Айнӣ дар идомаи нома ба А. Лоҳутӣ менависад: «Ман ин маълумотро ба Сталинобод ба Союз навишта илтимос кардам, ки як экспедитсияи расмӣ фиристонад». Маълумотҳои овардаро устод Айнӣ ба Сталинобод мерасонад. Ниҳоят, кормандони Академияи илмҳо Лутфулло Бузургзода ва аз Наркомпрос (Комисариати маорифи халқ – Ф.Н.) шахсе ба номи Гаретский таърихшинос ба Самарқанд омада, раисии ҳайати кашфиётиро ба уҳдаи устод Айнӣ мегузоранд. Устод Айнӣ аз сабаби иллати беморӣ рафта наметавонад ва тамоми маълумотҳоро оид ба деҳаҳои Рӯдак ва Панҷрӯдак ба онҳо медиҳад.
Билохира, бо роҳнамоии устод Айнӣ қабри Рӯдакиро пайдо мекунанд. Гаретский худаш ба қарияи Рӯдак нарафта, Лутфулло Бузургзодаро мефиристонад. Устод Айнӣ менигорад, ки: «Аммо, вақте ки Гаретский бо мухбири радиои Москва мусоҳиба кардааст, ҳамаи ин кашфиётро ба худ нисбат додааст».
Тадқиқот ва омӯзишҳояшро С. Айнӣ доир ба классикон дар номаҳо ба А. Лоҳутӣ гуфтааст ва чунин кори барҷастаи бузургро бо масъулияти том анҷом додааст.
Яке аз одатҳои хуби устод Айнӣ дар роҳи пажӯҳиш ин будааст, ки барои гирифтани баъзе маълумот бевосита ба халқ рӯй оварда, ёфтаҳояшро ба ақидаи халқ қиёс намуда, дар натиҷа хулоса мебаровард. Ӯ соли 1940, ҳангоми сафараш ба сохтмони канали Марғедар бо мардуми омма вохӯриҳо гузаронда, ҳамзамон аз онҳо суолҳои заруриро пурсон мешавад. Ӯ дар ин бора менависад: «Ман дар сари кори конол бо бисёр колхозчиён мусоҳиба кардам. Номи қишлоқҳои онҳо диққати маро ҷалб кард: шумо аз куҷо? -аз Ҳуснобод, шумо чӣ? -Нигинобод, шумо аз куҷо? -аз Майкада, шумо чӣ? — аз Зебон (Зебиён) ва ҳоказо. Ҳақиқатан районе, ки ба деҳаҳои худ ин гуна номҳои шоиронаро қабул кардааст, ҳақ дорад, ки монанди Рӯдакӣ як устоди номурдании шеъру музикаро расонад…».
Дар ин мактуб аз гуфтаҳои устод Айнӣ бармеояд, ки бо ҷиддӣ анҷом додани кофтуков дар хусуси зодгоҳ ва қабри устод Рӯдакӣ ӯ ба муваффақияти бузурги илмӣ ноил гардидааст, ҳаракати худро барои расидан ба мақсадаш анҷом додааст. Яке аз мақсадҳои асосии устод Айнӣ омӯзиши илмии таъриху тамаддуни халқаш буд. Махсусан, дар мактубҳое, ки ба А. Лоҳутӣ ирсол доштааст, доир ба Саъдии Шерозӣ ва Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фикру андешаҳои ҷолиб баён фармудааст. Ӯ ба сифати як ҳақиқатҷӯи пурзӯр бо кашфиётҳои илмии худ дар ташаккул ва рушду нумуи илми тоҷикон саҳм гузоштааст, ки ин самти фаъолиятҳои ӯ ҳам дар номаҳояш ба А. Лоҳутӣ равшан дарҷ гардидаанд.
Яке аз мавзуъҳои ҳамешагии номаҳои ин устодон таҳрир ва баррасии эҷоди худи онҳо аст, ки мехостанд аз якдигар оид ба эҷоди худ фикру мулоҳиза гирифта, аз онҳо барои беҳтар шудани сифати осорашон истифода баранд. Аз номаҳо маълум аст, ки дар хусуси аҳаммияти романи «Ғуломон»-и устод Айнӣ — А. Лоҳутӣ дар мактуби 29 октябри 1937 ҳарфҳои пурарзиш гуфтааст. Ба ҳамин монанд боз дар мактуби 4 декабри соли 1927 ирсол намудааш А. Лоҳутӣ ба устод Айнӣ доир ба шуҳрат пайдо намудани «Намунаи адабиёти тоҷик» дар Эрон маълумот додааст. Мувофиқи суханони А. Лоҳутӣ дар Эрон низ мардумаш иштиёқманди китоби С. Айнӣ будаанд.
Дар мактубҳо ин нукта шоёни диққат аст, ки ғазалҳои навоваронаи А. Лоҳутӣ ба баҳои баланди устод Айнӣ сазовор шудаанд. Масалан, ӯ дар номае аз таърихи 18 марти 1939 менависад, ки «…ғазали охирӣ «Парвоз кун, эй мурғи вафо, болу парат ку?…» вирди забон ва дилхоликунии ман гардид».
Дар мактубҳо андешаҳои таҳлилии А. Лоҳутӣ ва С. Айнӣ нисбат ба осори якдигар хеле зиёд ба мушоҳида мерасанд. Маълум мешавад, ки аз ҳар як асари устод Айнӣ А. Лоҳутӣ беш аз пеш ба завқ меомадаст ва ӯро ҳамчун адиби чирадаст мешинохтааст. Аз рӯйи он ки устод Лоҳутӣ ба шахсияти устод Айнӣ аз наздик ошно шуда буд, ҳар асари навэҷоди ӯ ба дили А. Лоҳутӣ роҳ меёфт. Онҳо аз асарҳои чопшудаашон ба суроғаи якдигар равон менамуданд. Устод Айнӣ асарҳои нави худро ба суроғаи устод Лоҳутӣ равон мекунад ва дар ҷавоб сипосгузории А. Лоҳутӣ ба С. Айнӣ ҳам ба назар мерасад. Ба ин маънӣ, А. Лоҳутӣ боз дар номаи 17 августи соли 1940 аз гирифтани нома ва китобҳои устод Айнӣ миннатдории худро доир ба «Марги судхӯр», «Ятим» ва рисолаи «Фирдавсӣ»-и С. Айнӣ баён карда, аз арзишмандии онҳо сухан кардааст. А. Лоҳутӣ низ аз шеъру достонҳои худ ба суроғаи устод Айнӣ мефиристод. Вақте ки А. Лоҳутӣ пурмазмун ва ҷолиб шудани шеърҳояшро ба воситаи андешаҳои пурарзиши устод Айнӣ дармеёбад, барои маҷмуаи шеърҳояш аз устод сарсухан навиштанро хоҳиш мекунад.
Ҳар як мактуби А. Лоҳутӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шоир аз суханони арзишманд ва роҳнамоиҳои ин пири хирад баҳраи вофир мебурдааст. Мустаҳкам намудани робитаи эҷодии ҳарду дар номаҳо бо дастгирӣ аз ақидаҳои пурарзиши гаронбаҳояшон далели он аст, ки мустаҳкам намудани пояҳои таърихи адабиёти навини форсии тоҷикӣ аз онҳо вобастагии қавӣ дорад.
Хусусияти камназирии мактубҳои С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ боз дар он зоҳир мегардад, ки як далелу санади наве дар соҳаи айнишиносию лоҳутишиносӣ, хосса дар таърихи адабиёти навини форсии тоҷикӣ буда, ҳанӯз падидаи нав ва омухтанӣ аст.
Номаҳо аз розҳои ниҳонӣ ва ҷонфидоиҳои ин пештозони адабиёти муосири тоҷик моро воқиф менамоянд ва онҳо равшангари саҳифаи ҳаёту талошҳои ин фозилони давр дар роҳи устувор кардани ҳақиқати таърих барои тараққиву инкишофи адабиёти навини форсии тоҷикӣ ҳастанд. Лаҳзаҳоеро дар рӯзгори онҳо аз номаҳо пай мебарем, ки аз давраҳои туҳматҳои тезу тунди замони шахспарастӣ дарак медиҳанд ва дар он тарафдории онҳо аз якдигар дар он рӯзҳои мушкилтарин дида мешавад.
Фишорҳои мафкуравие, ки соли 1937 ба сари С. Айнӣ омаданд, дар номаҳо акс ёфтаанд. Ин падидаи номатлуб саросари Давлати Шуравиро фаро гирифта буд ва устод Айнӣ, ки дар ду Ҷумҳурии шуравӣ — Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба сифати адиб ва донишманд фаъолият мекард, дар вазъи бағоят ногувор қарор дошт. Ӯ дар ҳар ду Ҷумҳурӣ ҳам ба туҳмат ва иғво гирифтор гардид.
Аз чунин буҳтонҳои ногаҳонӣ устод Айнӣ на танҳо дилтанг шуд, балки фишорҳои зиёд ӯро ба ғазаб овард. Аз ҳамин сабаб роҳи наҷот меҷуст ва ин мусибати ба сараш омадаро танҳо ба А. Лоҳутӣ воқиф сохта метавонист. Устод Айнӣ дар номае бо ғаму машаққат ва алам ба А. Лоҳутӣ доир ба ин масъала сухан ронда, дарди дилашро чунин иброз медорад: «Ман агар пир намебудам, ба ин аҳвол сабр карда метавонистам, зеро яқин дорам, ки ба тафтиши дурусти советӣ оқибат ҳақиқат маълум хоҳад шуд. Лекин азбаски пири барҷомонда шудаам, метарсам, ки то зуҳур омадани ҳақиқат организми ман тоб наоварда маҳв шавад».
С. Айнӣ дар ин номааш ба унвони роҳбарони ҳизб ва ҳукумати Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Иттиҳоди нависандагони ИҶШС аризаи муфассале навишта, ба А. Лоҳутӣ фиристодааст ва илтимос кардааст, ки дар тарҷумаи он ёрӣ расонад.
А. Лоҳутӣ хоҳиши устод Айниро бо ҷону дил қабул карда, дар пайи иҷрои он кӯшиши ҷиддӣ намуда, фаврӣ онро ба ҷойи лозима расонида, дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти С. Айнӣ дар маҷлиси правленияи Иттифоқи нависандагони ИҶШС маъруза хондааст. Ба ин васила А. Лоҳутӣ ба пирӯзии бузург мушарраф шуд, хидмати ӯ ғалаба кард. Вақте ки И. В. Сталин аз суҳбати А. Лоҳутӣ бо шахсияти устод Айнӣ шинос мешавад ва бузургиву нишони мардуми форсизабонон буданашро дарк карда, барои ҳифозат аз ӯ бо таъкид эҳтиёт кардани С. Айниро мефармояд.
Мавриди зикр ин аст, ки А. Лоҳутӣ устод Айниро аз ин уқубат ва гумномии тӯлонӣ наҷот дод, номи неки ӯро ҳифз кард.
Дӯстии беназири ин устодони мумтоз аз номаҳо возеҳ аст, ки бештар барои ҳимоят аз якдигар, ҳимояти фарҳангу миллати хеш, хусусан адабиёти навини тоҷик аст.
Дар маҷмуъ, тамоми мактубҳо ва асарҳои устод Айнӣ, махсусан номаҳои ба А. Лоҳутӣ фиристодааш ҷиҳатҳои гуногуни адабӣ ва маърифатӣ, таърих, этнография, археология ва мадорики гаронбаҳоеро дар бар кардаанд, ки ба илму фарҳанги миллӣ таъсири амиқ мерасонад.
Албатта, ҳамаи номаҳои устод Айнӣ дорои маърифати баланд ва нисбати адабу фарҳангамон дорои суханҳое мебошанд, ки барои тарбияи адибони ҷавони тамоми давру замон низ ёрӣ мерасонанд. Бояд гуфт, ки арзиши мактубҳои онҳо дар ин аст, ки ин бузургон дар онҳо дар боби ин ё он рӯйдод изҳори ақида намуда, ба ин васила ҷойгоҳи худро дар шакл гирифтани таърихи адабиёти навини тоҷик нохудогоҳ муқаррар сохтаанд. Чунонки маълум аст, нома нуқтаи назари як шахс ё гуруҳи одамон доир ба зиндагӣ ё паҳлуҳои гуногуни он, муаммоҳои ҳаёт, ҷамъият ва давлат мебошад. Дар номаҳои нависанда бошад, дар бораи эҷоди нависандагон, аз бурду бохти онҳо изҳори ақида карда мешавад. Бинобар ин, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки мактубҳои нависандагон, алалхусус мукотиботи С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ як навъ ҳисоботи эҷодии ин ду шоҳсутуни адабиёт ба хонандагон мебошад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми номаҳои ирсолнамудаи устодон Айнию А. Лоҳутӣ бегумон таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ хоҳанд кашид. Дар онҳо лаҳзаҳои муҳимми таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ ошкор гардидаанд, ки як далелу нишонаи хеле муҳимми ҳақиқатгӯиву ҳақиқатнигории адибонро дар назди таърих ва ҷомеа нишон медиҳанд.
Наимова Фарзона Меҳрубоновна,
номзади илмҳои филологӣ,
омӯзгори кафедраи филологияи
тоҷик ва забонҳои хориҷии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»