Бардошт аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи зеҳнӣ ва нерӯи инсонӣ мебошад. Бинобар ин, давлат ва Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро меандешад, ки ин неруи инсонӣ соҳибкасбу бомаърифат ва мутахассиси замони муосир бошад. Омӯзгорӣ бошад яке аз бошарафтарин касб дар ҳама давру замон ба шумор рафта, машаққати зиёдро дар тарбияи насли наврас, ки ояндасози миллатанд, талаб менамояд. Омӯзгор шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ омӯзонида тавассути илму дониш роҳи ҳаётро нишон медиҳад.
Мактабу маориф ва касбомӯзиву донишандӯзӣ дар марҳилаҳои гуногуни тараққиёти ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин рушди бемайлони соҳаи маорифро дар сатҳи гуногун афзун менамояд. Марҳилаи имрӯзаи инкишофи назария ва амалияи низоми мактабу маориф, ки таълиму тарбия ҷузъи таркибии он аст, таҳти назорати пайвастаи давлату ҳукумати кишвар қарор дошта, дар тамоми вохӯриву сӯҳбатҳои худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сифатнок гардидани раванди таҳсилот ба сохторҳои марбута дастуру супоришҳо медиҳанд.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва шаъну эътибори омӯзгор дар кишвар, инчунин арҷ гузоштан ба касби омӯзгорӣ ҳангоми суханронии худ дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба “Рӯзи дониш” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Агар мо хоҳем, ки дар оянда миллати босаводу пешрафта бошем, давлати аз лиҳози илмӣ ва техникиву технологӣ тараққикарда дошта бошем ва сатҳи зиндагии ҷомеаро бамаротиб баланд бардошта тавонем, бояд масъулият ва сатҳи касбияти омӯзгоронро баланд бардорем”.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест. Омӯзгор ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳии инсон аст ё ба ба гуфтаи дигар “Омӯзгор шахсест, ки дар дастгоҳи у на чубу оҳан балки инсон обутоб ёфта баркамол мерасад”. Тавре ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, омӯзгор низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро барои ҳаёти солими оянда омода месозад. Омӯзгорро оинаи рӯзгори халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст. Устод бо машаққатҳои зиёду бепоён шогирдонро ба воя расонида, соҳибмаълумот мегардонад ва ҳар илме, ки дар ҷавонӣ аз бар мекунанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
Маҳз ҳамин бузургии мартабаи омӯзгор аст, ки шаъну шарафи он аз ҷониби давлат, хусусан аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди ҳифзу эҳтиром қарор дошта, мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намудааст.
Вобаста ба мавқеи омӯзгор ва пешаи омӯзгорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан зикр намуданд, ки “…ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. … дар сурати заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгор наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат ба шарофати кору фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб баланд мегардад.”.
Дар ин росто ҷиҳати ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор дар ҷомеа ва эҳтиром ба шахсияту касби омӯзгорӣ Пешвои миллат ба вазорату сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ин боз ҳам шаҳодат аз мавриди таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат ба касби омӯзгориву исботи гуфтаҳои болост. Дар баробари ин ба омӯзгорону кормандони соҳаи маориф таъкид карда шуд, ки ба касби интихобкардаи худ завқ дошта бошанд, онро сидқан дӯст доранд, иродаи қавӣ ва сатҳи баланди касбият дошта бошанд ва бо рафтору кирдори неку намунавӣ эҳтироми боз ҳам бештари аҳли ҷомеаро ба даст оваранд.
Хушбахт онест, ки сазовори номи бузурги устодӣ ё омӯзгорӣ гаштааст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт. Даме, ки шогирди муаллим шахси обрӯманд мегардад, бевосита аввалиндараҷа номи муаллимашро мегирад ва аз ӯ розист, ки алфози накӯяш омӯхт. Устод ба роҳи рост ҳидояташ намекард, ҳеҷ гоҳ шарафманду комёб намегашт. Заҳмати беандозаи омӯзгори бузург тавонист роҳбалади шогирди пурзаковат гашта, соҳибмаълумоташ гардонд.
Дар ин замина Пешвои миллат махсусан ба омӯзгорон муроҷиат намуда қайд намуданд, ки “… омӯзгорону устодони мо ҳамчун қишри фаъолу пешқадами ҷомеа дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини он давра содиқона фаъолият намуданд ва дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми шоиста гузоштанд. Мо вазифадор ҳастем, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ кунем ва манзалату обрӯи онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем”.
Ҳамчунин таъкид намуданд, ки “Шумо – муҳтарам омӯзгорон – ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки рисолати муқаддаси тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсиятро ба дӯш доред, ба фарзандони мардуми Тоҷикистон саводу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзонед. Аҳли маорифро зарур аст, ки низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифро дар заминаи сарватҳои бебаҳои маънавию ахлоқӣ, таърихиву фарҳангӣ, анъанаҳои деринаи тарбиявии халқамон ва бо дарназардошти тақозои замони муосир, ниёзҳои давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва арзишҳои умумибашарӣ пеш баранд”.
Воқеан гуфтаҳои болову таваҷҷуҳи пайвастаи ҳукумати кишварро ба соҳаи маориф ҳамарӯза дида, ба ояндаи неки миллату давлат боварии комил дорем. Омӯзгор — роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғаразу ислоҳкори норасоиву нуқсонҳои инсон буда, инчунин пешвою омӯзандаи алфози неку таҷассумгари ростию росткорист, ки машҳуртарин бузургони рӯи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтори дуруст омӯхтааст. Ҳамчунин ифтихор аз пешаи омӯзгорӣ намуда, бо дили гарму ҳадафҳои нек бояд фарзандони кишварро соҳибилму соҳибкасб ва соҳибмалакаву соҳибзабон гардониданро вазифаи аввалиндараҷаи худ – омӯзгор донем.
Пешвои миллат дар мавриди таълиму тарбияи кудак чунин қайд намуданд, ки хеле олӣ ва самимӣ буд: “Бубинед, ки кӯдак вақте ба мактаб меравад, чӣ қадар ақлу фаҳмиш дорад? Чӣ қадар дониш дорад? Чӣ қадар хондаву навишта метавонад ва дарки ӯ оид ба ҳаёту зиндагӣ дар чӣ сатҳ аст? Тақрибан ҳеҷ! Аммо омӯзгор аз ӯ дар муддати 11 сол як инсони комил тарбия мекунад. Ана ин аст рисолати инсонсозии омӯзгор”. Воқеан ин аст рисолати омӯзгории мо ва пешаи пуршарафе ки интихоб намудаем.
Дастуроту таъкидҳои пайвастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро мо омӯзгорон бояд сармашқи кори худ намуда, пайи тайёр намудани мутахассисони ҷавобгу ба талаботи бозори муосири меҳнат бошем, то ки дар оянда барои пешрафти миллату давлат ва зиндагии шоистаи сокинони мамлакат саҳме гузорему ҳамеша сазовори боварии давлату ҳукумат дар соҳаи касби омӯзгорӣ бимонем. Ин аст шиори мо!
Рӯзи дониш ба тамоми кормандони соҳаи маориф ва кулли ҳамватанон муборак бод!
Меҳриддин ХОЛОВ – сардори раёсати робитаҳои
байналмилалии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода