Имрӯз дар Муассиаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” тибқи нақша — чорабиниҳои раёсати илм ва инноватсия аз ҷониби шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии муассиса бахшида ба Рӯзи омӯзгор конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Конференсияро муовини ректор оид ба таълим, и.в. профессор Махсудзода Фарҳод Махсуд оғоз намуда, ҳозиринро аз номи ректори донишкада ба ҷашни пурифтихори Рӯзи омӯзгор самимона таҳният гуфта, маърузаи худро ироа кард.

Сипас, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишкада, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Мирзозода Абдуғаффор суханронӣ намуда, андешаҳояшро оид ба мақоми омӯзгор дар ҷомеа ба самъи магистрантон ва докторантон расонид.

Баъдан, 4-нафар аз магистрантони курсҳои дуюми ихтисосҳои рӯзноманигори телевизион, санъатшиносӣ ва менеҷменти робитаҳои фарҳанги байналмилалӣ маърузаҳои худро таҳти унвонҳои “Омӯзгор — равшаннигоҳдорандаи чароғи маърифат”, “Устод рамзи баҳор”, “Саводнокӣ-омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа” ва “Омӯзгор ва саҳми мондагори ӯ дар такмили шахсият” ба диққати ҳозирин расониданд.

НУРОВ Нодир