Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024  «Соли маърифати ҳуқуқӣ» чорбинии фарҳангӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

Чорабиниро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро самимона табрику муборакбод намуда, тазаккур дод, ки сӣ сол муқаддам — 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллиамон нақши сарнавиштсоз дорад. Дар он рӯз сокинони кишвар, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламонро қабул карда, бо чунин иқдоми таърихӣ орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуданд.

Ректори донишкада қайд намуд, ки миллати шарафманди мо аз азал давлатдору эҷодгари қонун буда, дар сарчашмаи ҷодаи қонунофарии башарӣ қарор дорад, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир гувоҳи ҳақ аст. Конститутсияи мо соҳиб­их­­­тиёрӣ, истиқ­ло­­лу озодӣ ва тамомияти арзии кишварро таъмин намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, моҳияти демок­ратӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоии давлатро ҳамчун меъёрҳои пойдору устувор эътироф намудааст.

Таъкид гардид, ки дар ин санади бунёдии давлат мақсаду ва­зи­­фаҳо, асосҳои сохтори давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хо­­ри­ҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд. Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад, ки аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта,  яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.

Сарвари муассиса аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ дар таърихи 28. 12. 2023  ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ёдовар шуд, ки Роҳбари давлат чунин зикр карда буданд: “Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам оварда, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.”

Зикр гардид, ки Пешвои миллат ба муносибати сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карданд, ки аз беҳтарин иқдом дар ин самт мебошад.

Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ҳифзи Истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани  фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард. Он заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муколама иваз намуд ва имкон дод, то Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавад ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардад.

Ректори донишкада дар анҷоми суханрониаш таъкид кард, ки Конститутсия шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад. Ин санади олии ҳуқуқӣ бояд мавриди омӯзиши дақиқи тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла мову Шумо — устодону донишҷӯён  қарор гирад ва мо насли ҷавонро дар рӯҳияи эҳтиром ба он тарбия намуда, волоияти қонунро таъмин созем.

 Сипас, барномаи идонаи омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши меҳмонон ва ҳозирин гардид, ки хеле ҷолибу диданӣ буд.

 

 

 

 

 

 

 

 

ҚУДРАТОВ Сино