Имрӯз таҳти ҳамин унвон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, профессор Буризода Имомалӣ, ходими илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Давлатмуродзода Балхия, профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» конференсияи илмӣ — назариявӣ баргузор гардид.
Конференсияро муовини ректор оид ба таълим Махсудзода фарҳод ҳусни оғоз бахшида, андешаҳояшро дар бораи Конститутсия ва моҳияти эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баён намуд.
Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки мо вазифадорем, ки бо заҳмати аҳлонаву содиқона, иттиҳоду сарҷамъӣ дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷо оварда, меъёрҳои Конститутсияро риоя намуда, дар таъмин намудани волоияти қонун саҳм гузошта, зиндагии шоистаи худ ва фарзандонамонро таъмин карда, ба наслҳои ояндаи халқамон як мулки орому осуда ва давлати пешрафтаро ба мерос гузорем.
Сипас, мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, профессор Буризода Имомалӣ дар мавзуи “Конститутсия ва давлатдории миллӣ, ташаккули таърихи ҳуқуқӣ ва масоили мусир” ва ходими илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Давлатмуродзода Балхия дар мавзуи “Конститутсия ва рушди ҳокимияти маҳаллӣ дар Тоҷикистон” суханронӣ карда, мулоҳизаҳояшонро дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.
Дар охир байни маърузачиён ва ҳозирин табодулоти афкори судманд ба миён омад.
ҚУДРАТОВ Сино