Дар муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 114- солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода консерти ҳисоботии устодону донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Консерти ҳисоботӣ, ки фарогири шеъру суруд ва оҳангҳои ҷолибу дилнавоз,  ки самараи фаъолияти эҷодии як соли охири устодону донишҷӯёни факулта  мебошад, пешкаши ҳозирин гардонда шуд.

Ансамблҳои “Фалак”, «Шашмақом» , «Бонувон», инчунин, донишҷӯёни синфҳои муаллими калон Қобилҷон Шарифов, дотсент Тағоймурод Разоқов ва дигарон бо ҳунарнамоии сатҳи баланди худ хотири аҳли толорро шод намуданд.

Пас аз анҷоми барномаи консертӣ ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ба устодону шогирдоне, ки дар омода намудани консерти ҳисоботӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуд.

 

 

РОҲБАРИ БАДЕӢ: Шарофиддинзод Муслиҳҳидин.

РОҲБАРИ МУСИҚӢ. Сафар Гулназар.

КОРГАРДОН: Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Воҳидов.

      ГУЗОРИШИ НЕКРӮЗ АЗИЗОВ