Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  консерти ҳисоботии ансамблҳои “Бонувон” ва “Фалак”-и донишкада баргузор гардид.

     Консерти ҳисоботӣ, ки фарогири шеъру сурудҳои ҷолибу дилнавоз буд аз ҷониби  ҳайати ансамблҳои “Бонувон” ва “Фалак”-и донишкада бо роҳбарии муаллими калон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Шарипова ва муаллими калон Дамдоров Ифтихор пешкаши ҳозирин гардонда шуд.

Пас аз анҷоми барномаи консертӣ ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо суханронӣ намуда, ба устодон ва донишҷӯёне, ки дар омода намудани консерти ҳисоботӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуд.  Дар барномаи консертӣ аз тарафи устодон  ва донишҷӯён шеъру сурудҳои эҷодкардаи шоирони муосир Низом Қосим, Камол Насрулло, Давлат Сафар ва Синои Абуалӣ сароида шуданд, ки ватандӯстиро тарғиб намуда, ободиву дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро тараннум менамуданд.

Ректори донишкада ёдрас шуд, ки бонувони донишкада дар қатори устодон  ва донишҷӯён дар озмунҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” ва  “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гашта, донишкадаро сазовор муаррифӣ намуданд.

Ректори донишкада устодон ва донишҷӯёни ансамбли ансамблҳои “Бонувон” ва “Фалак”-и донишкадаро бо Сипосномаҳо қадрдонӣ намуда, иброз дошт, ки мо бояд саъю талош намоем, ки минбаъд низ дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихории бештар гардем.

 

 

 

ҚУДРАТОВ СИНО