Барои тамос: ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73 а Бинои 2, ошёнаи 3.
E-mail:tajartins@yandex.com
Тел: (+992 37) 231-2337
Кафедраи фортепианои умумӣ аз вақти таъсисёбии донишкада (1973с) арзи вуҷуд дорад. Дар кафедра устодони пуртаҷриба ба монанди Дварякина, Ахмедова М, Бобоев 3, Тостих Т, Руденко О, Каримова Н, Маҳмудова Д. Идибоева Г, Колесникова О, Гусакова Л, Халеева Л кор ва фаъолият намудаанд. Имрӯзҳо устодон Раҳмонова Н, Маҳмудова С, Юлдашева М, Ҷӯраева С, Саломзаде М, Зиёева С, Маҳмадализода М ва дигарон ба шогирдон дарс меомӯзанд. Тибқи нақшаи таълимии кафедра аз рӯи ду ихтисос фортепианои умумӣ ва синфи консертмейстерӣ ба донишчуён сабақ меомӯзанд. Ғайр аз ин ҳамасола конкурсҳои фортепианонавозон таҳти унвони «Навозандаи беҳтарин» баргузор гардида, ғолибони озмун аз тарафи роҳбарияти донишкада бо диплому тӯҳфаҳо қадрдони карда шуда ба консертҳои донишкада ва берун аз он тавсия дода мешаванд.
Кафедраи гузориши овоз низ дар баробари кафедраҳои тахассусӣ аз рӯзи ташкилёбии донишкада арзи вуҷуд дорад. Устодони
собиқадори кафедра Аҳмад Бобоқулов, Хайрулло Латипов, Ҳанифа Мавлонова,Тағоймурод Самадов, Қурбоной Назарова, Бурҳон Мамадқулов, Оятбегим Сабзалиева, Миралӣ Достиев саҳми босазои худро барои ташаккулёбии санъати овозхонӣ гузоштаанд.
Имрӯзҳо шогирдони ин устодони бомаҳорат ба монанди Мирзоев А, Алиев Р, Нозимов А, Маҷидов Ф, Шарипова Д, Холов А, Шарифов Қ ва дигарон дар тарбияи насли наврас ва дар сатҳи баланди касбият тарбия намудани донишҷӯён саҳми арзандаи худро гузошта истоданд.
Бо пешниҳоди устодони кафедраҳои мазкур ва қарори Шӯрои олимони донишкада соли 2017 ин ду кафедра якҷоя карда шуда кафедраи «Фортепиано ва гузориши овоз» таъсис дода шуд. Кафедра ба яке аз кафедраҳои мукаммали донишкада табдил ёфт, ки аз ин устодон рӯҳбаланд гардида, дар боло рафтани сатҳу сифати касбияти овозхонию навозандагӣ дар сози форетепиано саъю талош доранд. Устодони кафедра ба донишҷўёни факултаҳои мусиқӣ-омўзгорӣ, санъати мусиқии мардумӣ ва санъати театрӣ дарс меомўзанд.