Барои тамос: ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73 а Бинои 1, ошёнаи 2.
E-mail:tajartins@yandex.com
Тел: (+992 37) 231-2337
Кафедра баробари таъсисёбии донишкада (соли 1973) ташкил шуда, ҳамчун кафедраи умумидонишкадавӣ то имрўз дар омода кардани мутахассисони варзидаи соҳаи фарҳангу ҳунари ҷумҳурӣ нақши сазовор дорад. Кафедра дар замони таъсисёбӣ бо унвони кафедраи забонҳо ҳузур намуда, минбаъд зери номҳои кафедраи забон ва нутқи саҳнавӣ, кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, кафедраи забони тоҷикӣ ва адабиёт, кафедраи забонҳо, кафедраи адабиёт ва кафедраи филология фаъолият намуда, аз соли 2022 кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои хориҷӣ номгузорӣ шудааст.
Дар муддати солҳои тулонӣ кафедраро устодон М. Файзов (1973-1975), Т. Отахонов (1975-1980), Ҳ. Юсуфов (1980-1981), А. Сангинов (1981-1989), Т. Отахонов (1989-1996), А. Сангинов (1996-2003), З. Рауфова (2003-2013), Н. Нуров (2013-2017), А.Ғоибов (2017-2018), З. Мирзода (2018-2021) ва З. Изатзода (2021-2023) роҳбарӣ кардаанд. Айни ҳол вазифаи мудирии кафедраро А. Ғоибов ба уҳда дорад.
Дар кафедра фанҳои зерин тадрис мешаванд: забони тоҷикӣ, таърихи адабиёти тоҷик, таърихи адабиёти хориҷӣ, хат ва имлои матни классикии тоҷик, назмшиносӣ, назарияи адабиёт, забони адабии ҳозираи тоҷик, услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ, фолклор, назарияи адабиёт,методикаи таълими забони тоҷикӣ, методикаи таълими адабиёти тоҷик, муқаддимаи забоншиносӣ, забоншиносии умумӣ ва ғайра. Аз замони таъсисёбӣ то охири солҳои 90-уми асри гузашта дар кафедра фанҳои забони тоҷикӣ, забони форсӣ, адабиёти тоҷик, адабиёти рус, адабиёти хориҷӣ, арўз ва назмшиносӣ низ тадрис мешаванд. Бо ҳамроҳ шудани кафедраи забонҳои хориҷӣ (соли 2022) фанҳои таълимии забони русӣ ва забони англисӣ зам гардиданд.
Ҳанўз аз замони таъсисёбӣ дар кафедра олимону устодони варзидаи улуми филологӣ кору фаъолият кардаанд. То соли 2002 дар кафедра устодон А. Сангинов (номзади илмҳои филологӣ, дотсент), С. Нилобеков (номзади илмҳои филологӣ, дотсент), Л.Н. Заборникова (муаллими калон) фаъолият доштанд. Дар ин давра бо кафедра устодон С. Собирҷонов (доктори илмҳои филологӣ, профессор) ва Б. Мақсудов (доктори илмҳои филологӣ, профессор) ҳамкорӣ мекарданд.
Ҳанўз дар солҳои 70-80-уми садаи бист олимону муҳаққиқони варзида М. Файзов (доктори илмҳои филологӣ, профессор), номзадҳои илмҳои филологӣ, дотсентон С. У. Усмонова, Н. Беҳбудӣ, Ҳ. Юсуфов, Р. Ҷ. Ҷўраев, собиқ директори Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви пайвастаи АИ А. Маниёзов, номзади илмҳои филологӣ, и.в. профессор А. Зуҳуриддинов, доктори илмҳои филологӣ, профессор М. Муллоаҳмадов, номзадҳои илмҳои филологӣ, дотсентон Н. Зоҳидов, М. Шодиқулов, А. Аҳмадҷонзода, О. Алиев, Хуросонӣ Алии Мухаммадӣ, Бозоров Нуриддин, Раҳимов Дилшод, Раҳматов Уктамҷон, Саидиброҳимова София, Ҷурғосиев Муллоаҳмад ва дигарон ба кори омўзгорӣ ҷалб шуданд. Ин маънои онро дошт, ки кафедра бо марокизи бузурги илмӣ ва муассисоти таҳсилоти олии касбии дар пойтахт воқеъбуда ҳамкорӣ намуда, аз ин тариқ ҳайати илмӣ-назариявӣ ва эҷодии худро пурқувват сохтааст.
Номзади илмҳои филологӣ, дотсент А. Сангинов, ки солҳои тулонӣ вазифаи мудирии кафедраро бар уҳда дошт, қариб нисфи умри бобаракати худро сарфи таълиму тадриси донишҷўёни донишкада кардааст. Мавсуф бо ҳаммуаллифии забоншиноси марҳум С.А. Арзуманов китоби дарсии “Забони тоҷикӣ”-ро барои гурўҳҳои русии макотиби таҳсилоти олии ҷумҳурӣ (-Душанбе: Маориф, 1988) таълиф кард, ки то имрўз ба сифати китоби асосии таълимӣ хизмат карда истодааст. Барномаи таълимии фанни “Назмшиносӣ”-ро узви пайвастаи АИ, профессор А. Маниёзов (соли 1995) мураттаб намуд, ки он ба ҳайси маводи зарурии таълимӣ то имрўз талаботи донишҷўёну устодони фанниро қонеъ мекунад.
Устодони кафедра ба ҷуз тадрис ба кори илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда, дар мавзуъҳои “Арзиши адабии мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ” (З. Рауфова), “Ҷанбаҳои таълимии “Нисоб-ус-сибён”-и Абунасри Фароҳӣ (А. Ғоибов), “Рамзиёти паррандагон дар осори Ибни Сино ва Шаҳобуддини Суҳравардӣ” (Н. Нуров), “Мавқеи матнҳои фолклорӣ дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”” (С. Ғафурова) таҳқиқоти илмӣ бурдаанд. Соли 2021 муаллими кафедра З. Изатзода дар мавзуи “Суннати андарзномаҳои паҳлавӣ дар “Шоҳнома”-и А.Фирдавсӣ”, дар соли 2022 муаллим Г. Самадова дар мавзуи “Самостоятельная работа студентов как важнейший аспект организации аудиторной и внеаудиторной деятельности”, дар соли 2022, муаллими калони кафедра Байбутаева А.М. дар мавзуи “Сравнительный анализ терминологии танца в английском и таджикском языках: лексико-семантические и структурные аспекты” ва соли 2023 муаллими дигари кафедра Фарзона Наимова дар мавзуи “Масъалаҳои адабиётшиносӣ дар мукотиботи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ”, дар соли 2024 Раҳмонова Д.И., соли 2025 Холов М. ва Анварзода М. рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуданд ва дар умум аз 22 нафари ҳайати кафедра айни ҳол 12 нафар номзадони илм кору фаъолият доранд.
Матолиби илмии омўзгори кафедра Н. Нуров таҳти унвони “Руҷўи Ҷамшед”, Нуров Н. ва Ғафурова С. дастурҳои таълимии “Забони тоҷикӣ”, Ғафурова С. “Истилоҳоти соҳаи фарҳанг”, Ғоибов А. “Алифбои ниёгон”, Мирзода З. “Забони тоҷикӣ”, Изатзода З. “Имлои забони тоҷикӣ” ва аз тарфи устодони бахши забонҳои хориҷӣ Галимова М., Самадова Г. ва Холов М. дастурҳои таълими оид ба забонҳои хориҷӣ омода ва чоп гардидаанд, ки ба сифати китоби асосии таълимӣ хизмат карда истодаанд.
Як ҷанбаи муҳимми кори кафедра иштирок ва суханронӣ дар барномаҳои телевизиониву радиоӣ ва таълифи мақолоти илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврӣ мебошад, ки дар ин самт низ кор муваффақона ҷараён дорад. Устодони кафедра кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки доир ба масоили рўзмарраи илмӣ-фарҳангӣ ва таълимӣ гузоришу мақолот омода намуда, пайваста аз тариқи ВАО баромад кунанд. Аз соли 2004 инҷониб устодони кафедраи филология Рауфова, С. Ғафурова ва А. Ғоибов, Изатзода З., Анварзода М., Наимова Ф., пайваста дар барномаҳои илмӣ-фарҳангии Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, барномаҳои телевизиони «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Пойтахт», барномаҳои радиоӣ, матбуоти даврӣ дар мавзуъҳои гуногуни илмӣ ва фарҳангӣ ширкат, суханронӣ ва изҳори назар намуда, бад-ин восита дар таҳкими раванди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ саҳм гузошта истодаанд.
Маъфилҳои илмӣ
Дар кафедра маҳфили илмии «Ҷаҳони фарҳангӣ» амал менамояд (соли 2004 ташкил шудааст), ки ба кори он муҳаққиқон ва донишмандону коршиносони варзида ҷалб мешаванд. Дар кафедра барои татбиқ намудани “Барномаи такмили таълими забонҳои хориҷӣ аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ” барои солҳои 2020-2030 нақшаи чорабиниҳо таҳия шудааст. Аз ҷумла нақшаи баргузории маҳфилҳои фаннӣ аз забони англисӣ таҳти унвони “We love English” ва маҳфили забони русӣ – “Любители русского языка”, ки онҳо низ моҳе як маротиба бо ҷалби донишҷӯён аз ҳама ихтисосҳои донишкада баргузор мегарданд.
Ифтихори кафедра
Аз ибтидои ба кор оғоз кардани Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода то имрўз, 50 сол сипарӣ мешавад ва боиси ифтихор аст, устоди кафедра Зуҳро Рауфова тӯли ин 50 сол бетанаффус дар ин боргоҳ фаъолият доранд.
Маъмурият ва устодони кафедра ба он ҷаҳду талош меварзанд, ки бо таълиму тадриси муваффақ насли ҷавон-донишҷўён дар руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, арҷгузорӣ аз забону фарҳанги миллӣ ва ватандўстию инсонпарварӣ тарбия ёбанд ва ба ин восита дар баланд бардоштани сатҳи фарҳангии ҷомеаи тоҷик саҳми муносиб гузоранд.
Ҳайати имрўзаи кормандони кафедраро устодон Ғоибов А. А. (мудир), Раупова Зуҳро (профессор-мушовир), Самадова Гулҷаҳон (н.и.п., дотсент), Раҳмонова Дилрабо (н.и.ф.муаллими калон), Изатзода Зулайхо (н.и.ф., и.в.дотсент), Ғафурова С. (муаллими калон), Анварзода Мавҷуда (н.и.ф., муаллими калон), Галимова Моҳинур (н.и.ф., и.в.дотсент) ва Холов Меҳриддин (н.и.ф.,муаллими калон), Содиқова Мавлюда (н.и.п., дотсент), Аминӣ Алишер(н.и.п., дотсент), Азизова Ш. (муаллими калон), Атоева Ҳанифа (муаллими калон), Наимова Ф. (н.и.ф.,муаллими калон), Қудратов С. (муаллим), Каримов Х. (муаллими калон), Саидзода М. (муаллим), Ҳакимзода Ф. (н.и.ф.,муаллими калон), Суфиева С. (муаллим) ташкил медиҳанд.