Рамхудоева Бахтибегим Ошиқовна (07.04.1966, деҳаи Шуҷанди  н.   Рушон).  Хатми   мактаби миёнаи № 10  н. Рушон соли 1983. Таҳсил дар Университети  Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин солҳои 1983 -1988. Ихтисос, филологияи тоҷик.

Соли 1988 – 1991 омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи № 5-н. Ёвон.

Аз сентябри соли 1991 то моҳи декабри соли 1997 ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи № 10, ноҳияи Рушон.

Аз моҳи декабри соли 1997 то моҳи августи соли 2001  омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи № 33 шаҳри Душанбе.

Аз моҳи сентябри соли 2001 то соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба  ҳайси коргузор назди проректор оиди тарбия,  мудири кабинети кафедраи Фалсафа ва фарҳангшиносӣ,  ассистенти кафедраи Фалсафа ва фарҳангшиносӣ то соли 2008, омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ аз соли 2008 то 2019.

Аз моҳи сентябри соли 2019 то кунун омӯзгори калони кафедраи Фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносии МДТ ДДФСТ ба номи М. Турсунзода.

Аз моҳи октябри соли 2023 то кунун мудири кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии МДТ ДДФСТ.