Ному насаб: Хоҷаев Ҷамшед

Барои тамос: ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73 а Бинои 2, ошёнаи 2.

E-mail:tajartins@yandex.com

Тел: (+992 37) 231-2337

 

 

 

 

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ соли 1973 таъсис ёфтааст. Дар солҳои гуногун вазифаи мудирии кафедраро С. А. Ҳасанова, Ф. Б. Зикриёев, О. Ғ. Ғуломов,   Ш. Ҷ. Ҷабборов, Д. Н. Латипов, А. Ш. Қурбонов, Б. М. Саидова, Р. Имомалиева, З. Х. Кенҷаева ва Б. С. Амондуллоев ба уҳда доштанд. Айни замон мудирии кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ба зиммаи Хоҷаев Ҷ. Ф. вогузор шудааст.

Дар кафедра фанҳои таълимии зерин мавҷуд аст: фалсафа, ҳуқуқ, диншиносӣ, сотсиология, сиёсатшиносӣ,  этика ва эстетика, консепсияи табиатшиносии муосир, мудофиаи шаҳрвандӣ, экология, назарияи иқтисодӣ, географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демографии он. Ҳамзамон дар кафедраи мазкур омўзгорони ботаҷриба, соҳибтахассус ва дорои унвонҳои илмӣ, ба монанди номзади илмҳои фалсафа, дотсент Имомалиева Р., номзади илмҳои фалсафа, дотсент Зокирзода С. И., номзади илмҳои фалсафа, дотсент Амондуллоев Б. С., номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Рустамзода Ф., номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент Шодиев Ф.Т., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Асомуддин Р. К., муаллимони калон, Хоҷаев Ҷ. Ф., Холиқов Д. Ф., Исмоилов Ф., омўзгорон Холов Х., Нуриддинзода Ф. Б. ва Ашуралиева З. А. кор ва фаъолият менамоянд, ки аксарияташон собиқаи аз 20 то 30 соли омўзгорӣ доранд. Солҳои зиёд аст, ки кафедраи мазкур бо кафедраҳои ҷомеашиносии донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ мекунад.

Дар кафедра 12 нафар омўзгор фаъолият доранд, ки аз онҳо 6 нафар номзади илм, 3 нафар омўзгори калон ва 3 нафар омўзгор мебошанд. Дар таълими фанҳои ҷомеашиносӣ устодони варзида ва ботаҷриба, аз қабили номзади илмҳои фалсафа, дотсент Имомалиева Р., номзади илмҳои фалсафа, дотсент Зокирзода С. И., номзади илмҳои фалсафа, дотсент Амондуллоев Б. С., номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Рустамзода Ф., номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент Шодиев Ф. Т., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Асомуддин Р. К., муаллимони калон, Хоҷаев Ҷ. Ф., Холиқов Д. Ф., Исмоилов Ф. ва омўзгор Холов Х. ҷалб карда шудаанд ва аз фанҳои фалсафа, консепсияи табиатшиносии муосир, назарияи иқтисодӣ, диншиносӣ, этика ва эстетика ба донишҷўён дарс медиҳанд.

Фанҳои ҷомеашиносӣ омили муҳими инкишофи тафаккури донишҷўён ба ҳисоб рафта, аз устодони кафедра масъулияти зиёдро талаб менамояд. Бо ташаббуси устодони кафедра таълими фанҳои ҷомеашиносӣ бо назардошти хусусиятҳои донишкада ба роҳ монда шудааст. Дар раванди таълим устодон ихтисосҳои донишҷўёнро ба назар гирифта, нуқтаи нави илмӣ, далелу рақамҳо, масъалаҳои методологӣ ва назариявӣ, дигаргуниҳои сиёсӣ ва демократиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта, тибқи талаботҳои низоми кредитии таҳсил саъю кўшиши худро ба таълиму тарбияи мутахассисони ояндаи риштаи фарҳанг равона менамоянд. Маҳз дар давраи таълим ва омўзиши фанҳои ҷомеашиносӣ дар ниҳоди ҷавонон ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ, хештаншиносӣ, ватандўстӣ, маърифати сиёсию ҳуқуқӣ инкишоф меёбад.