Ному насаб: Саидзода Шодонаи Иброҳим
Унвони илмӣ : Номзади илмҳои филология
Барои тамос: ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73а, бинои 1 ошёнаи 4
Тел: (+992 37) 231-2337
E-mail:tajartins@yandex.com
Кафедраи технологияи воситаҳои ахбори омма бо қарори Шурои олимони Донишкада таҳти рақами №9 аз 5-уми майи соли 2021 дар назди факултети журналистикаи телевизион ва радио таъсис дода шуд.
Дар кафедраи мазкур ду ихтисос фаъолият мекунад:
- ВЕБ-журналистика
- Иттилоот-робита бо ҷомеа
Интернет, ки ҳамчун воситаи ҷаҳонигардидаву универсалии ирсоли маълумоту навигариҳоро шинохта шудааст, барои амалӣ кардани ҳадафу мақсадҳои гунонуни алоқаманд ба иттилоъ нақши муҳим мебозад. Интернет дар назария ва амалияи низоми иттилоотии ҷаҳон шохаи наверо бо хусусиятҳои фарқкунанда ва имконоти фарохтари худ ба вуҷуд овард, ки онлайн- журналистика ва ё интернет-журналистика ном дорад. Оммавӣ шудани интернет дар кишвари мо низ шаклҳои гуногуни онлайн-журналистикаро ба шакл даровард. Шароити ҷаҳонишавӣ моро дар рӯ ба рӯйи раванду ҷараёнҳои навпайдои муносибатҳои иттилоотӣ қарор дод. Табиист, ки ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳони муосир журналистикаи ватаниро ногузир ба ин раванди муносибатҳои нави иттилоотӣ шомил месозад. Ҳоло интернет василаи муҳимми табодули иттилоот буда, сомонаҳои махсуси интернетӣ чун расонаҳои онлайнӣ ва муҳтавои онҳо ҳамчун асари журналистӣ шинохта мешаванд.
Аз ин рӯ, дар шароити феълӣ фаъолияти ихтисосҳои мазкур ба манфиати давлату ҷомеа мебошад. Донишҷӯёни ин ихтисосҳо баъди хатм метавонанд :
- ҳамчун ихтисосманди журналистикаи чандрасонаӣ сомонаҳо ва блогҳои интернетии худро кушода дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолият намоянд;
- дар марказҳои матбуотии вазорату корхонаҳо, идораи газетаҳои чопиву электронӣ кори худро пеш баранд;
- бо омухтани нохзукиҳои ин касб дар шуъбаҳои робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма мавкеъ пайдо кунанд;
ҳамчун омӯзгор дар марказҳои таълимии вобаста ба ихтисос фаъолият кунанд ва бо кушодани курсҳои алоҳида бе додани сертификат ҷихати омӯзиши инфиродӣ саҳм гузоранд.