Ному насаб: Гурезов Шамсиддин
Барои тамос: ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73а, бинои 2, ошёнаи 4
Тел: (+992 37) 231-2337
E-mail:tajartins@yandex.com
Соли 1973 кафедраи Тарбияи мусиқӣ таъсис ёфт, ки аввалин мудири он ҳунарманди мардумии Иттиҳоди шуравӣ, профессор Аҳмад Бобоқулов буданд. Сипас, профессор Карим Ҳалимов (1975-1993), омўзгори калон Саидов М.Н. (1993-1998), омўзгори калон Зубайдов А. дотсент Қучқоров Д.Ҳ. (1998-2002), дотсент Гулназаров С. (2012) дотсент Б.Нарзуллоев (2015) профессор Ҳабибов Ш. (2016) дотсент Ёров С.(2017) сарварони кафедра буданд. Аз моҳи феврали соли 2018 инҷониб роҳбарии кафедраро и.в.дотсент Гурезов Ш ба уҳда дорад.
Дар кафедра ҳунармандони халқии собиқ Иттиҳоди шуравӣ профессор Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова, профессор Карим Ҳалим, устодони варзида Соҳибов Т, Абосов Т, Ермизин А, Кенҷаев С, Назарова Қ, Ғуломов Қ, Мастова Г, Юсуфбекова Д, Қучкоров Д, Саидов М, Маҷидов Х, Шарипова Х кор кардаанд. Имрўзҳо устодон Ёров С, Гулназаров С, Хайруллозода Б, Гурезов Ш, Холов П, Шарофидинзод М, Назаров З, Саидов С, Саидҳомидов С, Дамдоров И ва Исрибшоева Н ба шогирдон дарс мегўянд.
Соли 1975 аз ҳисоби устодони кафедра бо роҳбарии профессор Карим Ҳалимов дар ҷумҳурӣ аввалин ансамбли вокалии мардона бо номи «Шарора» таъсис ёфт ва дар заминаи он хори камеравӣ таъсис дода шуд, ки ҳоло дар ҳайати дастаҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон амал мекунад. Ин коллектив бо барномаҳои консертӣ борҳо таввасути радио ва телевизиони ҷумҳурӣ баромад намудааст.
Тибқи нақшаи таълимӣ таълими фанҳои «Дирижёрии хор ва омўзиши барномаи мактабӣ», «Синфи хорсароӣ», «Хоршиносӣ», «Таҳияи хорӣ» «Истилоҳшиносӣ», «Методикаи таълими мусиқӣ», «Амалияи мусиқӣ-омӯзгорӣ», «Назарияи таълими дарси мусиқӣ» ба роҳ монда шуда, масъулияти баргузории «Таҷрибаомўзӣ»-и курсҳои 2-юм, 3-юм ва 4-умро кафедра ба уҳда дорад.
Бояд тазаккур дод, ки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва эҷодӣ тавассути нақшаҳои солона дар кафедра пешниҳод ва тасдиқ гардида, ба роҳ монда шудааст. Устодони кафедра н.и.п. дотсент Хайруллозода Б., дотсентон Гулназаров С., Ёров С., Гурезов Ш., Саидҳомидов С., омўзгорони калон Шарофидинзод М., Холов П., Дамдоров И.,Назаров З., омўзгорон Саидов С ва Исрибшоева Н дар баробари таълиму тарбия ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методӣ низ машѓул мебошанд.
Маводҳои ба чоп расидаи омўзгорон:
1.Гулназаров С. «Суруд ва мусиқӣ» (нашри сеюм) [матн]/Муҳаррир Ҷ.Обидпур.-Душанбе:Полиграф Груп, 2019.-80 с.
- Гулназаров С. «Назарияи таълими дарси мусиқӣ дар мактаб» (дастури таълимӣ) [Матн]/С.Гулназаров//Душанбе:Маориф-2019.-41с.
3.Гулназаров С. «Раҳнамои муаллим» (дастури таълимӣ барои омўзгорони синфи 3-юм) [Матн]/ С.Гулназаров// Душанбе: Истеъдод -2019.-60 с.
4.Гурезов Ш. «Маҷмуаи сурудҳои бачагона» (дастури таълимӣ-методӣ) [Матн]/ Ш.Гурезов//Душанбе: Меҳрона-2019.-60 с.
5.Шарипова Х, Ёров С. «Васоити таълимӣ аз фанни дирижёрӣ бо хор»(барои донишҷўёни шуъбаҳои мусиқӣ) [Матн]/Х.Шарипова,С.Ёров// Душанбе: Меҳрона-2019.-96 с.
- Эй Ватан, ҷонон Ватан. Васоити таълимии мусиқӣ (ба ёрии донишҷӯёни шуъбаҳои сурудхонӣ (халқӣ) ва мусиқӣ-омӯзгорӣ Мураттибон: Шарипова Х, Нарзуллоев Б.; муҳаррир: А.Воҳидов; Муқарризон: С.Саидов, Ш.Ҳабибов [Матн] /Х.Шарипова, Б.Нарзуллоев // — Душанбе, 2017.- 217 с.
- Нарзуллоев Б, Саидҳомидов С. «Методикаи таълими мусиқӣ» китоби дарсӣ [Матн] /Б.Нарзуллоев, С.Саидҳомидов/ — Душанбе: Меҳрона-2017, 2019. — 232 с.
- Маҷмуаи сурудҳо аз ашъори Мирзо Турсунзода:. Воситаи таълимии мусиқӣ аз фанни дирижёрии хор ва омӯзиши барномаи мактабӣ барои мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ, коллеҷҳои санъат ва макотиби олии касбӣ [Матн] /Мураттибон: Б.Харуллозода, П. Холов; муҳаррир С. Саидҳомидов; муқарризон Х.Маҷидов, Қ.Подшоев// Душанбе: Истеъдод, 2021. -148 с.
- Маҷидов Х. «Дурахши хуршеди умед» (Мақолаву суҳбатҳо). [Матн] /Маҷидов Х./ – Душанбе, 2018. — 320 с.
- Саидҳомидов С. Чашмаи нур. [Матн] /Саидҳомидов С./ – Душанбе: Матбаа, 2016. — 160 с
- Саидҳомидов С. Андеша бояд (манзума) [Матн] /Саидҳомидов С./ – Душанбе, 2017. — 148 с.
- Саидҳомидов С. Ситоиши об дар ашъори Бедил. [Матн] /Саидҳомидов С./ – Душанбе, 2018. — 152 с. аз чоп баромада, дастраси донишҷўён гардиданд.
Санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ, ки дар нимсолаи 1-ум ва 2-юм баргузор мегардад, натиҷаи меҳнати омўзгорон ва донишҷўёни кафедраро барало нишон медиҳад. Дар ин кор саҳми устодони кафедра Хайруллозода Б., Ёров С., Гулназаров С, Гурезов Ш, Шарофидинзод М, Холов П, Дамдоров И, Саидҳомидов С, Исрибшоева Н ва Саидов С назаррасанд. Мавриди зикр аст, ки санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ омилест барои баланд бардоштани сифати таълим дар кафедра.
Ташкили таҷрибаомўзии донишҷўён ҷанбаи бениҳоят муҳими раванди тайёр намудани мутахассисони баландпоя ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ин кафедра ҷиҳати пайваста баланд бардоштани сатҳи таҷрибаомўзии донишҷўён ва таъмини робитаи назария бо амалия чораҳои мушаххас меандешанд.
Омўзгорон ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки сатҳ ва сифати корҳои эҷодӣ дар кафедра вобаста ба барномаҳои таълимӣ ва талаботи рўз ҷараён гирифта, дараҷаи маҳорат ва малакаи иҷрокунандагии шогирдон раванди ташаккулёбиро дар бар гирад. Тасдиқи ин гуфтаҳоро дар мисоли ансамбли «Бонувон» гуфтан ҷоиз аст, ки дар таҳия ва тарҳрезии барномаҳои он саҳми кафедра назаррас буда, ансамбл бо барномаҳои ҷолиб дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии донишкада ва берун аз он пайваста баромад мекунад. Кори хуби эҷодӣ ва иҷрокунандагии хори таълимиро низ номбар кардан ҷоиз аст, ки ҳамеша бо сурудҳои дар васфи Ватан, модар, сулҳ ва миллат эҷоднамудаи оҳангсозони шинохта дар консертҳои ҳисоботии донишкада, чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ баромад намуда, дар тарбияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва ахлоқию созандагии ҷавонон нақши муҳим мебозад.