Мудири кафедра: Зарипов  Хурсанд Султонович

Унвони фахри: Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дотсент

Барои тамос: ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73 а Бинои 2, ошёнаи 3

E-mail:tajartins@yandex.com

Тел: (+992 37) 231-2337


Хурсандмурод Зарипов фориғуттаҳсили мактаби ҳамагонии ноҳияиАйнӣ (1978), факултаи мусиқӣ ва иҷрокунандагии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (шуъбаи мусиқии Шарқ, таҳти сарварии Артисткаи халқии ҶШС Тоҷикистон Б.Исҳоқова,1984). Хурсандмурод Зарифов баъди хатми донишкадаи мазкур фаъолияти эҷодию иҷроияшро дар дастаи «Зарафшон» (таҳти раҳнамоии Артисти халқии СССР Ҷӯрабек МуродовФилармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев оғоз намуда, то имрӯз дар дар ин боргоҳи ҳунар ба фаъолият машғул аст. Маҳорати иҷроияшро Хурсандмурод Зарифов таҳти раҳнамоии устодаш Ҷ. Муродов сайқал дода, дар иҷрои таронаҳо аз шохаҳои овозии мақомҳо»Муғулчаи Дугоҳ», «Сарахбори Ороми ҷон», «Уфари Ороми ҷон», «Чапандози Гулёр», «Сарахбори Наво» (бо таронаҳояш), «Талқинчаи Савти калон»(ба тариқи силсила), «Ироқи Бухоро», «Нимчӯпонӣ» ва ғ.ро бо маҳорати хоси иҷроӣ ба субут расонидааст.Зимни ин Хурсандмурод Зарифов дар иҷрои таснифоти оҳангсозони тоҷик ҳам салиқаи хуби иҷроӣ ба харҷ дода, иштирокдори симпозиумҳои байналмилалии мусиқӣ (Самарқанд 1983, 1987, Хива, 1980, Душанбе, 1990), фестивали байналмилалии мусиқӣ (Душанбе, 2002), рӯзҳои фарҳанги ш.Душанбе дар Маскав (1996), Ӯзбекистон (Тошканд, 1998) ва озмуни мақомхонон (Тошканд,1988) ва ғ. аст. Хурсандмурод Зарифов дар ҳайати ҳунармандони тоҷик ба мамолики Олмон (1983), Яман (1990), Афғонистон (2006) ва ғ. сафарҳои ҳунарӣ намуда, барои хидматҳои шоиста ва маҳорати баланди иҷроӣ дар тарғиби мероси мусиқии тоҷик бо ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги ҶТ (2001,2004) мушарраф шудааст

Солҳои 1986-2016 Филармонияи давлатии Тољикистон ба номи А.Ҷураев
Соли 2006-2018 Колеҷи санъат ба номи А.Бобоқулов
Аз сентябри соли 2018 то ҳол Дар ДДФСТ ба номи М. Турсунзода ба вазифаи мудири кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) кор ва фаъолият мекунад.

Кафедраи сарояндагӣ (халқӣ). Кафедра аз соли 1974 бо номи кафедари дирижёри хор дар факултаи маданй- маърифатй (ҳоло факултаи фарҳангшиносй) фаъолиятро оғоз намуда, тули 40 сол мешавад, ки мутахассисони баландихтисосро дар соҳаи санъату фарҳанги думҳурй тайёр менамояд. Хусусан, нишондиҳандаҳои кафедра дар ҷодаи сарояндагй хеле назаррас аст. Бо ташаббуси кафедраи сурудхонй (халқй) барои дарёфти санъаткорони асил озмунҳои «Бӯстон» — 1, 2, 3, «Андалеб» — 1, 2,, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” , “Ту қалби Тоҷикистонӣ –Душанбе”, “Дўстӣ бимонад ҷовидон” озмунҳои кӯдаконаи «Ғунчаҳои санъат», «Торҳои заррин» ва «Овози тиллой» дар миқёси ҷумҳурй гузаронида шуданд. Ин гуна озмунҳои калон дар пешрафти санъати сарояндагӣ ва овозхонӣ нақши муассир гузоштаанд.

Дар ин муддат се маротиба номи кафедра иваз шуд: аввал дирижёри хор, баъдан санъати сарояндагӣ ва дар охир кафедра номи сарояндагӣ (халқӣ)-ро гирифт. Дар аввал роҳбарии кафедраро дотсент Т. Аббосов, профессор К. Ҳалимов, баъдан муаллими калон, хатмкардаи ҳамин шуъба Ш. Муҳиддинов ба уҳда дошт. Айни замон мудирии кафедраро  Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, дотсент Хурсандмурод Зарипов ба уҳда дорад.

Дар давраи роҳбарии профессор К. Ҳалимов китобҳои таълимии «Маҷмуаи хорҳо аз операҳои тоҷикӣ», «Сурудҳо барои хори бачагона», «Методикаи дарси мусиқӣ» барои синфҳои 1-3, маҷмуаи хорҳо бо номи «Панди Ҳофиз» аз репертуари хори камеравӣ, маҷмуаи сурудҳо бо номи «Дарё», «Наврӯзи ман», китоби «Дарси мусиқӣ» барои синфи шашуми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва дастури таълимӣ-методии «Хоршиносӣ ва методикаи хор» таълиф ёфта, аз чоп бароварда шуданд. Баъдан аз тарафи омўзгорони кафедра  дастури таълимӣ “Сурудхонӣ (халқӣ)” ва “Сурудхонии гуруҳӣ” аз чоп бароварда шуд. Дар солҳои 2018-2025 аз тарафи дотсенти кафедра Зарипов Х. дастурамали таълимӣ бо номи “Шаби маҳтоб”, н.и.т, и.в. профессор Муминова Ҳ. дастури таълимӣ аз фанни “Сурудхонии гуруҳӣ” барои донишҷўёни факултети санъати мусиқии мардумӣ бо ихтисоси сурудхонии халқӣ,  омўзгори кафедра А. Қаноатзода дастури таълимӣ бо номи “Навои махаббат”, н.и.с., и.в. дотсент Эшонқулов М. “Сеҳри танбур ва сато”, “Шашмақом қисми мушкилот”, и.в.профессор Сафизода М. “Нигоҳе ба сурудҳои мардумӣ водии Рашт” аз чоп бароварда шуд.

Тули фаъолияти кории кафедра зиёда аз 160 кадрҳои баландихтисоси соҳаи санъати Тоҷикистон тарбия ёфтаанд, ки дар манотиқи гуногуни кишвар дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият доранд. Кенҷаев Сайфулло, . Саидов Исматулло, Ғуломов Қазоқҷон, Мамадқулов Ашраф, Сурхов Наим-муаллими мактаби мусиқии ноҳияи Ванҷ, дотсент Додхудоев Абдулнабӣ ва Қучқоров Душанбе (аз соли 1974 то имрӯз дар донишкада кору фаъолият доранд), Акрамов Сулаймон-корманди Институти такмили ихтисос, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналй Раҳмоков, Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматуллоев Назруддин, Рузибой Идиев (Хунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон), Саидмумин Бозоров (Ҳофизи ансамбли «Фалак»-и Кумитаи телевизиой ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), ҳофизи шуъбаи фарҳанги Ҳукумати шаҳри Душанбе Даврон Асаддулоев, Олиямоҳ Шарипова (корманди Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Ҷураев), Амонулло Байдуллоев (омӯзгори Литсеи Президентӣ дар шаҳри Душанбе), Абдуллоев Ҷаннатулло (корманди ансамбли “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон), Баракаев Абдумалик (корманди ансамбли Шашмақоми Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷураев) ва  Шодмон Муҳиддинов аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Кафедра имрӯз низ анъанаи хуби устодони пешинро дар самти омода намудани мутахассисони санъат пайгирона идома истодааст. Ҳ,оло дар кафедра 2 нафар номзади илм, 2-нафар и.в.профессор, 1 нафар дотсент, 3 нафар и.в.дотсент , 3 нафар муаллими калон, 3 нафар омӯзгор кор ва 6 нафар консертмейстер фаъолият доранд.