Ному насаб: Фозилов Комрон Ҷамолович
Барои тамос: ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73 а Бинои 1, ошёнаи 4.
E-mail:tajartins@yandex.com
Тел: (+992 37) 231-2337
Фозилов Комрон Ҷамолович (22.04.1994, Ҷумҳурии Тоҷикистон) соли 2011 МТМУ №24 н. Фирдавсии шаҳри Душанберо хатм намудааст. Аз соли 2011 ба факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2017 бо мувафақият хат намудааст. Фозилов Комрон Ҷамолович соли 2018 дар зинаи магистратураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, тибқи барномаи ДСҲШ (УШОС) ба Донишгоҳи дӯстии халқҳои Федератсияи Русия равон карда шуда, тибқи шартнома як сол дар донишгоҳи мазкур таҳсил намуда, онро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст ва соли дуюми магистириро дар кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ ба итмом расонидааст. Фозилов Комрон аз соли 2019 ба кафедраи педагогика ва рақамикунонии низоми иттилоотӣ дар фарҳанги МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” ба ҳайси омӯзгори асосӣ корро шурӯъ намудааст. Аз 1-уми апрели соли 2022 то ин ҷониб мудири кафедраи педагогика ва рақамикунонии низоми иттилоотӣ дар фарҳанги донишкада фаъолият менамояд.
КАФЕДРАИ педагогика ва рақамикунонии низоми иттилоотӣ дар фарҳанг. Кафедраи педагогика ва рақамикуонии низоми иттилоотӣ дар фарҳанг дар назди факултети фарҳангшиносӣ аз моҳи феврали соли 2018 фаъолияти худро оғоз намудааст. Аввалин мудири кафедраи педагогика ва рақмикунонии низоми иттилоотӣ дар фарҳанг н.и.ф, дотсент Умедов Мастон таъин гардида, то моҳи августи соли 2019 дар ин вазифа фаъолият намудааст. Аз аввали моҳи сентябри соли 2019 то моҳи августи соли 2021 н.и.ф-м Мирзоев Фаёзалӣ, н.и п, дотсент Икромова Саврия, ва н.и.ф-м Каримов Зоир ба ҳайси мудири кафедраи педагогика ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг адои вазифа намудаанд. Аз 1-уми апрели соли 2022 то инҷониб ба ҳайси мудри кафедра муалими калон, Фозилов Комрон фаъолият менамояд.
Дар кафедраи педагогика ва рақамикунонии низоми иттилоотӣ дар фарҳанг дар асоси ихтисосҳои забон адабиёти тоҷик. Фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ, низоми иттилоотӣ дар фарҳанг ва менеҷменти робитаҳои фарҳанги байналмилалӣ фаъолият намуда, мутахассисон дар самти робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ ва системаҳои иттилоотӣ дар фарҳангу забон адабиёт ва фарҳанги ҷаҳонӣ омода карда мешаванд. Бояд зикр намуд, ки донишҷӯёни ихтисоси системаҳои иттилоотӣ дар фарҳанг баъд аз хатми донишкада дар сохторҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои кишвар дар самти техникӣ, намоишу барномарезӣ намудани ҷашнҳои миллӣ, ороиши сомонаҳои муассисаҳои фарҳангӣ, иттилоотонӣ кунонидани фарҳанги ҷомеаи муосир фаъолият менамоянд.
Хатмкунандагони ихтисоси менеҷменти робитаҳои фарҳанги байналмилалӣ бошанд, пас аз хатм дар шуъбаи робитаҳои байналмилалии вазоратҳо, шаҳру ноҳияҳои кишвар фаъолият намуда, дар сафорату консулгариҳои хориҷи кишвар ба ҳайси атташеи фарҳангӣ ва эътирофкунандаи фарҳангу тамаддуни бостонии миллати тоҷик фаъолият менамоянд. Донишҷӯёни ихтисоси менеҷменти робитаҳои фарҳанги байналмилалӣ ба ҳайси фарҳангшинос дар самти робитаҳои фарҳанги байналмилалӣ ихтисоси мазкурро хатм менамоянд. Дар ҳарду ихтисоси мазкур омӯзгорони дорои дараҷаи илмидошта, ба монанди н.и.п, дотсент Икромова Саврия, н.и.и, дотсент Арабов Фирдавс, н.и.т, дотсент Насридинзода Меъроҷиддин, н.и.ф. Каримов Зоир, н.и.филологӣ, дотсент Ҳамдамов Бахтиёр, муалими калон Ёдгорова Елена, муалими калон Фозилов Комрон ассистент, Воҳидов Алиакбар, ва ассистент Ёдгорова Мавлуда, ки маҳз ҳамин самтҳоро хатм намудаанд, ба донишҷӯёни ихтисоси менеҷменти робитаҳои фарҳанги байналмилалӣ ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг дарс мегӯянд.
Ҳамин тариқ, кафедраи мазкур фаъолияти худро дар самти корҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, иљтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалӣ ба роҳ мемонад. Корҳои таълимию методӣ ва илмию таҳқиқотии кафедраи педагогика ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг ба самти асосии фаъолият ва фанҳои нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунандаи МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тољикистон ба номи М.Турсунзода”, ки таълими онҳо бо фармоиши ректори донишкада дар назди кафедра муқаррар карда шудааст, мутобиқат менамояд.
Кафедраи педагогика ва рақамикунонии низоми иттилоотӣ дар фарҳанг тибқи сиёсати фарҳангии давлату ҳукумат фаъолияти худро пеш бурда, саъй менамоянд, ки хатмкунандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия ёбанд. Ихтисосҳои менеҷменти робитаҳои фарҳанги байналмилалӣ ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг ба талаботибозори меҳнат ҷавобгӯ мебошанд.
