Ному насаб: Раззоқов Тағой Саидхонович

Унвони илмӣ: И.В.Дотсент

Барои тамос: ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73 а Бинои 2, ошёнаи 3.

E-mail:tajartins@yandex.com

Тел: (+992 37) 231-2337


Раззоқов Тағой Саидхонович аз соли 1995 ба ҳайси омўзгор дар кафедраи созҳои мусиқии факултаи мусиқӣ – омӯзгорӣ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» фаъолият кардааст. Дар ин муддат ў бо донишу маърифат, одобу ахлоқи намунавӣ ва фаъолияти пурсамари таълимию эҷодӣ дар байни омўзгорону донишҷўёни донишкада соҳибэҳтиром гардидааст. Ин аст, ки соли роҳбарияти Донишкада уро ба вазифаи декани факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ таин намудаанд у аз соли 2001 то 2004-ум дар ин вазифа кору фаъолият намудааст. Соли 2015 уро ба вазифаи мудири кафедраи Созҳои мусиқӣ , факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ таин намудаанд у дар ин вазифаи аз соли 2015 то 2019 фаъолият карда соли 2019 раёсати  донишкада фаъолияти пурсамари уро ба назар гирифта уро ба вазифаи пурмасъулият ноиби ректор оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагӣ таин намуда у дар ин вазифа аз соли 2019 то 2020 фаъолият намудааст. Соли 2020 то 2023 мудири кафедраи созӣ – иҷрокунандагӣ кору фаъолият намудааст. Аз соли 2023 то ин ҷониб мудири кафедраи эҷодиёти халқӣ (мусиқии созӣ) кору фаъолият  дорад. Шогирдони устод дар чорабиниҳои сатҳи донишкадавӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок ва ҳунарнамоӣ менамоянд. Инчунини шогирдони устод дар озмуни номбурдаи  “Тоҷикистон Ватани азизи ман” иштирок намуда дар даври шаҳрии озмун ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд.

Дар сатҳи фаъолияти илмӣ-методӣ бошад Раззоқов Т худро дар канор нагирифта, дар қатори дигар устодон  дар конференсияҳои илмию амалии донишкада ва берун аз он  фаъолона ширкат меварзад. Аз тарафи ӯ китоби маҷмуаи таълимӣ  “Дарси контрабас”, нишондодҳои методӣ оид ба сози контрабас “Дастури методӣ” Созшиносӣ барномаҳои таълимӣ барои сози контрабас, виолончел, рубоб, рубоби бадахшӣ  бо силлабусҳо ва аз тарафи Раззоқов Т чандин мақолаҳо оиди сози рубоб, санъати созтарошӣ дар Тоҷикистон ва таълими дарси мусиқӣ дар мактабҳои мусиқӣ ба чоп расидааст.

Раззоқов Тағой Саидхонович ҳамчун кадри варзида ва шахси ташаббускору масъулиятшинос дар умури иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва эҷодии донишкада низ саҳми арзанда дорад.