Ному насаб: Галимова Моҳинур
Барои тамос: ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73 а Бинои 1, ошёнаи 2.
E-mail:tajartins@yandex.com
Тел: (+992 37) 231-2337
Кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ то ба имрӯз ду марҳилаи таърихиро аз замони таъсисёбӣ (1997) тай намудааст. Бо қарори раёсати Вазорати фарҳанг, телевизиону радио ва кино (он замон ин вазоратҳо якҷоя буданд) бо мақсади омода кардани мутахассисони касбӣ барои кори бевосита дар телевизион ва радио дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахши «журналисти телевизион ва радио бо тамоюли коргардонӣ ва наворбардорӣ» таъсис гардида, то ба имрӯз дар мувофиқа бо талаботи касбӣ барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи телевизион ва радио фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Оғози фаъолияти кафедра ба уҳдаи рӯзноманигори шинохта, дотсенти факултаи журналистикаи ДМТ Давлат Давронов ва мудирони онвақтаи кафедраи умумидонишкадавӣ яъне забон ва адабиёти донишкада, номзади илмҳои филология Аҳмадҷон Сангинов ва Азимҷон Аминов вогузор гардида буд.
Аз марҳилаи аввали фаъолият кафедраи мазкур дар ҳайъати факултаи Санъати театрӣ фаъолият дошт, соли 2019 баъд аз тағйироти сохторӣ дар донишкада, кафедраи мазкур ба факултаи навтаъсиси режиссура, кино ва телевизион дохил гардонида шуд, ки ин факулта дар соли 2022 ба журналистикаи телевизион ва радио табдили ном кард.
Дар ин изҳорот таъкид сохтан ба маврид аст, ки дар кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ дар баробари таҳсили шуъбаи рӯзона аз рӯи ихтисосҳои рӯзноманигори телевизион, режиссёри телевизион, забон ва адабиёти тоҷик. Рӯзноманигор, бахши фосилавӣ ва ғоибона низ фаъолият дорад. Инчунин, барои пешрафти илмии соња бо ихтисоси рӯзноманигори телевизион зинаи магистратура ва доктор PhD аз рӯи ихтисос ва унвонҷӯӣ амал мекунад, ки дар он мутахассисони ояндаи ин соҳа таҳсил мекунанд.
Дар ин ихтисосҳои номбаршуда ба донишҷӯёни таълимгиранда устодон аз қабили д.и.ф., профессор Муъминҷонов З., н.и.ф., профессор Умарова Г., н.и.ф дотсент Салимзода О., н.и.ф., Ҳамдамов Б., д.и.ф., Муллоев Ш., н.и.ф., Саидзода О. ва профессор Ҳалим С. ба донишҷӯён дарс мегӯянд.
Аз соли 2020 инҷониб дар назди кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ студияи таълимии телевизионӣ ва радиоӣ амал мекунад, ки аксари дарсҳои ихтисосӣ дар дохили студияи телевизионӣ баргузор мешаванд. Дар ин баробар донишҷӯёни кафедра аз дарсҳои сайёр истифода мебаранд, ки ингуна дарсҳо бевосита дар доҳили телевизионҳои кишвар баргузор мешавад.
Инчунин, дар назди кафедра аз соли 2019 боз лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ зери унвони «Масъалаҳои тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавии журналистикаи телевизион (солҳои 2022 — 2026)» амал мекунад. мақсади лоиҳаи мазкур баҳри рушди соҳаи журналистика махсусан журналистикаи соҳавӣ дар тайёр кардаи кадрҳои баланихтисос мусоидат менамояд.
Хатмкардаҳои шуъбаи мазкур имрӯз дар тамоми телевизионҳои кишвар аз ҷумла «Телевизиони Тоҷикистон», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», «Сафина, «Синамо», «Варзиш», «Сайёҳӣ», радиои Тоҷикистон ва ҳафтаномаю маҷаллаҳо кор ва фаъолият намуда, мавқеи худро пайдо кардаанд.
Дар марҳилаҳои гуногун ба сифати мудир устодони шинохта ва варзидаи соҳаи журналистика аз қабили Толиб Сангин, Ҷ. Қуддус, Г. Умарова., З. Муъминҷонов., З. Мирзода корӣ кафедраро пеш бурдаанд. Аз соли 2023 инҷониб, мудирияти кафедра ба зиммаи н.и.ф., дотсент Галимова М.Б. вогузор карда шудааст.