Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография — ВГИК шуруъ аз 29 сентябри соли 2025 дар шаҳри Москваи Федкратсияи Россия Кинофестивали байналмилалии филмҳои донишҷуии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардидаистодааст. Чорабинии мазкур то санаи 4 октябр идома ëфта, дар рафти он 4 филмҳои таҳиянамудаи донишҷӯëни донишкада дар қатори 18 мактабҳои олии соҳаи филмофарии ИДМ ба намоиш гузошта хоҳад шуд.
Дар чорабинии мазкур донишкадаро 6 нафар донишҷӯëни соҳаи режиссура бо роҳбарии сардори раëсати робитаҳои байналмилалӣ, доктор PhD — Холзода Меҳриддин Равшан роҳбарӣ намояндагӣ намуда истодаанд.
Ҳамчунин, донишҷӯëни донишкада дар қатори дигар донишҷӯëни кишварҳои хориҷӣ дар дарсҳои маҳорати касбӣ ва тамошои намоиши филмҳо фаъолона ширкат варзида истодаанд. Умедворем, ки заҳмати донишҷӯëн дар чорабинии зикршуда бе подош намонда, обурӯи донишкадаро дар сатҳи байналмилалӣ муваффақона боло мебаранд ва бо ҷоизаву дастоварҳо хоҳанд баргашт.
Ба шогирдони боргоҳи ҳунар муваффақият мехоҳем.