Имрӯз дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошими шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он дар қатори дигар ғолибон устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, сардори раёсати байналмилалии донишкада Холов Меҳриддин барои ишғоли ҷойи 2-юм бо ҷоизаи озмун ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардид. Дастоварди навбатии устоди донишкада боиси хушҳолӣ ва ифтихори устодону кормандони муассиса мебошад.
Умедворем устод Холов Меҳриддин дар даври ниҳоии озмун низ ғолибиятро ба даст оварда, мартабаи муассисаи моро дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар боз ҳам баланд мебардорад.
ҚУДРАТОВ Сино