Истиқлолият ин неъмати бебаҳост, ҳар навгониву навигарии тоҷику тоҷикистонӣ барои миллат Истиқлол аст. Маҳз ана ҳамин дастоварди пурарзишу муқаддас ба мо имкон фароҳам овард, ки бо тафаккуру андешаи ватандӯстонаву инсонгароёна зиндагии худро шукӯҳ бахшем ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми шоиставу сазоворро соҳиб бошем.
Бояд ёдовар шавем, ки 33 сол барои таърих он қадар муҳлати тӯлонӣ набошад ҳам, аммо мо дар ин байн чӣ ғаму шодӣ, дарду ранҷ, ободию вайрониро паси сар кардем. Насли калонсол ба хубӣ огаҳанд ва наслҳои имрӯзу оянда низ бояд дарк намоянд, ки Тоҷикистони азизи мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҷанги нангини шаҳрвандӣ бо дасти душманони хориҷию дохилӣ кашида шуд.
Давраи нооромӣ буд, ниҳоят нооромӣ. Сарвари давлат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қавл дода буданд, ки ман ба шумо сулҳу ваҳдат меоварам, Ин ҳамин маъниро дошт, ки ман ҳамин саргардониву парешонии халқи азизамро дар кӯтоҳтарин муддат сарҷамъ месозам, пешгирӣ намуда, навсозӣ мекунам ва шуморо муттаҳиду ягона месозам. Барои як хонаи вайронро обод кардан чӣ қадар вақту замону заҳмат лозим то ободию сарҷамъӣ шавад ё кӯдакеро ба воя расондану дониш омӯзондан умр ва заҳматро тақозо мебояд. Саноии бузургвор мегӯяд:
Солҳо мебояд, ки то як санги аслӣ з- офтоб,
Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман.
Умрҳо мебояд, то як кӯдаке аз рӯи табъ,
Олиме гардад накӯ ё шоире ширинсухан.
Дар он солҳо ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки талоши бародаркушӣ буд, авҷ ёфта, миллатро ба сӯи худкушӣ мебурд ва кишварро хароб мекард. Андешаҳои ҷонкоҳе, ки аз ин фоҷиаи миллат пайдо шуда буданд, дар бисёре аз шеъру ғазалҳои шоирони давраи Истиқлол ба хубӣ акс ёфтаанд. Ва ман фикр мекунам, ки 33 сол ба қафо гузашта, вазъияту ҳолати сангини Тоҷикистонро пеши назар биоварем. Чунки ба қадри ин неъмати бебаҳои Истиқлол ба хубӣ бояд расид. Мо агар то гузаштаро ба ёд наоварем, имрӯзро ба қадри кофӣ дарк намекунему сохта ҳам наметавонем.
Барои солҳои мудҳиши 90 — ум ғазали шодравон Лоиқ Шералӣ кифоя аст, ки дар он тамоми дардҳои воқеии миллати тоҷики солҳои 90 — ум, доду фарёдҳо, гиряҳои хомӯш ва фишорҳои фурӯхурдаи дили мардуми шарифи Тоҷикистон тасвир ёфтааст. Ин ғазали ҳузномез ва гиряолуди равоншод Лоиқ Шералӣ чунин аст, ки мегӯяд:
Ҷон ба қурбони ту эй меҳани хунин кафанам,
Буди байтул шарафу гаштаи байтулҳазанам.
Душманат чор тараф аҷнабию хонагиянд,
Тани танҳо ба чи нерӯ, сафи аъдошиканам.
Дӯст, душманнасақу душмани ту дӯстнамост,
Рост гӯям, бипаронанд зи чашму даҳанам.
Тоҷик андар ватани хеш чаро мутаҳам аст,
Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам.
Ҳама халқони дигар анҷуман оростаанд,
Дар Самарқанд нашуд сохта ним анҷуманам.
Гуфт Алломаи Иқбол, ки бархез зи хоб,
Буздиле гуфт фулонист мухотаб, на манам.
Он яке дар хуми тилло сари худ кард фуруд,
Дигаре гуфт биё маҳваши симинзақанам.
Он яке гуфт ғами гову бузу бузғола,
Дигаре гуфт ғами хонаву фарзанду занам.
Домани куҳ гирифтему думи маркаби хеш,
Рафт аз даст ҳама домани дашту даманам.
Ай Хуросон ту бигу соҳати Эронвич ку?
Ман аз ин фоҷиа чун, шиква ба Яздон накунам,
Ку дигар шаъшаҳаи донишу фарҳанги бузург,
Ку дигар карру фару наъраи ғулғулфиканам.
Рӯзу шаб аз ғами ту гирякунон месӯзам,
Ту ба хун ғарқаю ман ғарқи малолу меҳанам.
Гиряи ман на аз он аст, ки даргоҳам сӯхт,
Ҳам на з он аст, ки чун сӯхта боғу чаманам.
Гиряи ман на аз он аст, ки бечора шудам,
Ҳам на зон аст, ки фарсуда бувад пираҳанам.
Гирям аз он, ки туро ҳукм ба куштан кардаанд,
Эй ту ҳам появу ҳам мояи инсон буданам.
Гирям аз он, ки зи бунмояи ин қисмати талх,
Ман сухан гуям агар нест касе ҳамсуханам.
Гирям аз он ки ба жарфҳои чунин фоҷиае,
Нашавад хира кас аз ҳам насабу ҳам ватанам.
Гирям аз он, ки ду се бетарафе бешарафе,
Ба сарам санг биборанд, ки ман дам назанам.
Гирям аз он, ки ту танҳоиву ман танҳотар,
Ватанам, о ватанам, о ватанам, о ватанам.
Ана ҳамин хел солҳои мудҳишу сангин ва ҳасосе, ки халқи шарифи Тоҷикистон аз сар гузаронд, ва имрӯз бо шарофати Истиқлол дар фазои тенҷу ором умр ба сар бурдаистодаем. Шукронаи ин осудагиро ба ҷо овардан лозим ва бояд ёдовар бошем, ки даврони Истиқлолият ба мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу фардои миллат ва пешравии кишвари азизамонро дар ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ихтиёр намоем.
Ва бояд қайд намуд, ки баробари ин шукргузориву ифтихороти миллӣ аз дастовардҳои давраи Истиқлол низ дар умум зикр намоем. Чунки бунёди неругоҳҳо, роҳҳо, нақбҳо, ифтитоҳи муассисаҳои таълимию тандурустӣ, қасру кохҳои фарҳангӣ, толорҳои варзишӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ далели дастовардҳои Истиқлолияти давлатист.
Бояд мо худ ҳамеша дар такопӯи муваффақият бошем, ҳамеша ҳаракати илмомӯзиву ҳунаромӯзиро дар худ дошта бошем, масалан агар ҳамин оби равон як рӯз боз истад, барои нӯшидан аллакай ногувор аст.
Барои боло бурдани маънавиёти ҷомеа, барои китобхон кардани насли ҷавон ба осори гузашта таваҷҷуҳ низ бояд намуд, чунки бегузашта ояндаро сохта намешавад. Дар ҳамин гуна лаҳзаҳои ҳассос ғамхории Ҳукумати миллӣ пеш аз ҳама сарвари он ба мушоҳида мерасад. Масалан озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Озмун бисёр дар ҷомеаи имрӯза манфиати маънавӣ дар худ зоҳир намудаистодааст. Хӯрду бузург дар ин озмун хоҳиши иштирок карданро доранд, таваҷҷуҳи мардум ба китоб хеле боло рафтаистодааст. Китоб аз омилҳое ҳаст, ки табъи эстетикии инсонро баланд мекунаду ҳофизаро қавӣ гардонида, фикру ҳис ва тахайюлу маънавиятро такомул медиҳад. Мо мероси гаронмояе дорем, ки як баҳри беканореро мемонад ва аз хурдтарини он агар сухан кунем боз ҳам кам аст. Мо бояд ин дурдонаҳои ноёби адабии ба мерос гузоштаи классиконро қадр кунем. Чунки миллати моро аз ҳамин бузургон дар ҷаҳон эътироф мекунанд.
Донишманде гуфта буд: «Агар миллатеро куштанӣ бошӣ, бунёди онро ба нестӣ расонидан хоҳӣ, сохтани тиру камон ва бомбаи атомӣ шарт нест. Халқро аз забонаш, урфу одаташ, анъана ва базму идҳояш маҳрум бикун ё хондани шоҳасарҳояшро манъ бикун, китобҳояшро сӯзон худаш мемирад».
Дар ҷомеаи фикриву воқеӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқу тарғиб намоянд, ки насли нави миллати тоҷик бояд худшинос бошад. Дар ҳар ҷои ҷаҳон, ки бошад аз тоҷик будани худ ифтихор кунад. Ба қавли академик Муҳаммадҷон Шукуров «Баргаштан ба асли худ барои он лозим аст, ки мо худ худ бошем, на шахсе дигар; ҳувияти фарҳангии худро худ бидонем ва ба дигарҳо бинамоем; худро бишиносем, арзиши худро пай бибарем ва бо ин бинишу дониш, бо донистани қадри худ, бо сари баланд дар зиндагӣ қадам гузорем, бо сари баланд ба дунёи беруна нигарем ва муомила оғоз ниҳем. Худҷӯйӣ ҷустани роҳе дар имрӯзу фардост, худрасӣ қадаме ба сӯи сарманзили мақсуд аст. Роҳи наҷоти мо аз худшиносиву худогоҳӣ шурӯъ хоҳад шуд».
Ҳақ ба ҷониби академик Муҳаммадҷон Шукуров аст. Бояд чеҳраи хоси миллӣ дошта бошем. Ин аст, ки аввал худ бояд миллати фарҳангманд бошем. Бо саводи хубу дониши баланд метавонем бо миллатҳои пешраву пешбари ҷаҳон ба ҷиддият сару кор дошта бошем. Илму маърифат, саъю кӯшиш, корчаллонӣ ва дар баробари ин аз худ кардани забонҳои хориҷӣ хеле муҳим аст.
Лекин андешаи Аввалиндараҷа ин бояд, тафаккурсозии миллӣ бошад, бе тафаккурсозии миллӣ ҳеҷ имкон надорад, ки худшиносии миллӣ ба вуҷу ояд, Ҳамчунонки Мавлавлоно Ҷ. Румӣ мегӯяд:
Ҳаркасеро бозсозӣ боядо,
Гар насозӣ худшиносӣ ноядо.
Ана ҳамин рисолати таърихиро Сарвари кишвар ба уҳда гирифтанд ва тафаккурсозии милӣ карданд. Дар натиҷаи қавӣ гардидани тафаккурсозии миллӣ, Истиқлол зуҳур ёфт, ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омад, ки сар то сари кишварро оромӣ бахшид, миллатро муттаҳиду ягона кард ва кишварро бақо бахшид.
Яъне шахсиятҳои матинирода дар таърихи миллат саҳми муҳим гузоштаанд, ки онҳоро ҳамчун созандагони таърихи миллат медонанд. Чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ созандагони таърихи миллатанд.
Таърихи зиёда аз шашҳазорсолае, ки миллати халқи тоҷик дорад, чунин чеҳраҳои созанда, чеҳраҳои муттаҳидкунанда ва абармардони сиёсате, ки тавонистаанд миллатро муттаҳид кунанд. Бояд ёдовар шуд, ки дар таърихи миллати мо чор марҳилаи таърихӣ ва дар он чаҳор шахсияти таърихӣ аст, ки якум ин Куруши Кабир аст, ки тавонист тамоми қавми ориёиро муттаҳид кунад ва як давлати бузург, як империяи мутамаддини сатҳи ҷаҳонӣ, ки хеле пешрафтаро дорад, созад. Дуюм нафаре, ки тавонист миллатро ҷамъ созад ин шоҳ Исмоили Сомонӣ буд ва чеҳраи сеюм Алома Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки бо шоҳасари худ китоби «Тоҷикон» таърихи куҳанбунёди миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд ва чеҳраи бузурги абаррмарде, ки моро боз аз ин вартаи сиёсӣ, парокандагӣ наҷот дод, ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Тамоми илмҳои дақиқе, ки мо онро илмҳои аврупоӣ мегӯем дар саргаҳи фарзандони бузурги мо истодаанд. Аз Куруши Кабир шуруъ шуда то Исмоили Сомонию Аллома Бобоҷон Ғафуров ва Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омада мерасад ва ин чор чеҳраи бузурги таърихӣ, ки моро аз нав ба эҳё, аз нав ба рушд оварданд, қаҳрамонони миллии миллати тоҷик, ифтихороти миллати бузурги халқи шариф мебошанд. Наслҳои имрӯзу оянда низ аз чунин бузургон ифтихор хоҳанд кард. Чуноне ки Куруши Кабир мегӯяд: «Озодии зиндониён, раҳоии бардавом ва иззати бузургон ҳамвора орзуҳои ман аст». Ҳамин гуна орзуҳои Куруши Кабирро дар замони соҳибистиқлолии кишвар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ сохтанд. Авф карданд зиндониёнро, бузургони миллати тоҷикро гиромӣ доштанд ва тавонистанд, ки халқи шарифи Тоҷикистонро бо худшиносии миллӣ ва ифтихороти миллӣ наздик созанд ва онро дар дунёи ҷаҳонӣ шудану ошубзада маҳфуз нигоҳ дошта шавад.
Истиқлоли давлатдорӣ, муқаддасоти миллӣ, ҳифзи марзу бум, эҳёи забону фарҳанг, ваҳдату ягонагӣ ва як порчагии ватан аст.
Мо насли хушбахти давраи истиқлолем.
Хуҷаста бошадо иқболи тоҷик,
Ба парвози нави шаҳболи тоҷик.
Гар истиқлолаш истиқбол дорад,
Ҳумоюн бод истиқлоли тоҷик!
Наимова Фарзона Меҳрубоновна
н .и.ф. омӯзгори калони кафедраи
филологияи тоҷик ва забонҳои
хориҷии МДТ “ДДФСТ ба номи
М. Турсунзода”