Ҷомеаи муосирро бе ҷавонони босавод, боодоб ва ватандӯст тасаввур кардан номумкин аст. Ҷавонон қувваи пешбарандаи давлатанд ва ояндаи миллат ба сатҳи дониш, тарбия ва ахлоқи онҳо вобастагии ҷиддӣ дорад. Аз ин рӯ, масъалаи рушди илму маориф ва тақвияти ахлоқи ҳамида дар миёни ҷавонон ҳамеша мавқеи муҳимро дар сиёсати давлатии Тоҷикистон ишғол мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «Ҷавонон нерӯи бузурги созандаи миллатанд» ва ояндаи кишварро маҳз онҳо бояд бо дониш, маърифат ва ахлоқи ҳамида созанд. Ин сухани Пешвои муаззами миллат гувоҳи он аст, ки давлату ҳукумати мамлакат ба насли ҷавон эътимоди комил дорад ва дар симои онҳо ҳамчун такягоҳи воқеии ҷомеаро мебинад.
Солҳои охир дар соҳаи маориф тағйиротҳои мусбат ба назар расида, он дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи давлату ҳукумат қарор дорад. Бунёди муассисаҳои таълимии муосир, таъмини онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ, ҷорӣ кардани фанҳои нав ва ташкили стипендияҳои давлатӣ барои донишҷӯёни фаъол, ки ин ҳама аз талошҳои пайвастаи давлату ҳукумати кишвар баҳри таъмини сатҳи баланди маърифат барои ҷавонон шаҳодат медиҳад.
Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат боис гардидааст, ки имрӯз ҳазорон ҷавон дар дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намуда, донишу таҷрибаи нав меандӯзанд. Ҳар як ҷавоне, ки соҳиби илм мегардад, дар асл як пояи устувори рушди кишварро таъмин менамояд. Илова ба дониш тарбияи ахлоқӣ низ аз мавзуъҳои меҳварии тарбияи ҷавонон маҳсуб меёбад. Дар суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамеша ба эҳтироми волидайн, эҳтироми калонсолон, вафодорӣ ба Ватан, пос доштани арзишҳои фарҳанги миллӣ ва дурӣ аз падидаҳои номатлуб даъват менамоянд. Инҳо арзишҳои маънавие ҳастанд, ки симои маънавии насли ҷавонро шакл медиҳанд.
Мутаассифона, дар фазои иттилоотии муосир баъзан падидаҳои бегона, ахлоқи носолим, суханҳои зишт ва алфози қабеҳ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ байни ҷавонон паҳн гардида истодаанд. Вале маҳз тавассути таълиму тарбияи дуруст ва сиёсати ватандӯстонаи давлату ҳукумат насли ҷавони тоҷик метавонад роњи дурустро интихоб намуда, ба рушду камолоти маънавӣ бирасад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ҷомеаи илмпарвару фарҳангсолор қадам мегузорад. Дар ин радиф, ҷавонони кишвар, ки сармояи бебаҳои миллатанд, бояд ин эътимоди Пешвои миллатро бо рафтори нек, гуфтори нек, кирдори нек, таҳсили намунавӣ ва хизмати софдилонаю содиқона ба халқу миллат собит намоянд.
Ҳар як ҷавони худогоҳе, ки бо илму ахлоқ мусаллаҳ аст, метавонад номбардори халқу миллати худ бошад ва дар бунёди Тоҷикистони озоду обод саҳмгузор гардад.
НАБИЕВ Ҳ.И.
сардори раёсати таълими Муассисаи давлатии таълимии
«Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»