Таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва 66-солагии Телевизиони тоҷик дар доираи амалисозии Лоиҳаи таҳқиқотии «Масъалаҳои тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавии журналистикаи телевизион (солҳои 2022-2026)» баргузор гардид.

Конференсияро ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, андешаҳояшро дар бораи мавзуи он баён намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки соҳаи маориф дар сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷои муҳим дошта, пешрафти кишварамон ба фаъолияти аҳли маориф зич вобаста аст. Ҳамин аст, ки дар Паёми хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самти маориф ва сифати таҳсилот таваҷҷуҳи зиёд намуда, таъкид доштанд, ки «Бунёди миллат аз маориф оѓоз меёбад ва ѓамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерўи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омўхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халќи тоҷик, боло бурдани завќу раѓбати хонандагон ба омўзиши фанҳои риёзӣ, даќиќ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад». Вобаста ба ин дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода доир ба самту мавзуъҳои муҳими илмию таҳќиќӣ ва таълимӣ чорабиниҳои илмӣ баргузор карда мешаванд. Конфронси имрўза, ки  бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли  2040» ва 66-солагии Телевизиони тоҷик дар доираи амалисозии Лоиҳаи таҳқиқотии «Масъалаҳои тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавии журналистикаи телевизион (солҳои 2022-2026)» ба мавзуи хеле муҳим – «Зеҳни сунъӣ ва телевизиони соҳавӣ: имрӯз ва дурнамои он», ки ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавии журналистикаи телевизион бахшида шудааст.

Зикр гардид, ки донишкада ба хотири дар сатҳи зарурӣ омода намудани журналистони соҳавии телевизион ва радио бо шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ҷумҳурӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Соли чаҳорум аст, ки устодони кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии донишкада корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар доираи Лоиҳаи таҳқиқотии «Масъалаҳои тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавии журналистикаи телевизион (солҳои 2022-2026)» ба пеш бурда истоданд, ки натиҷааш таҳияи Барномаи давлатии тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавии журналистикаи телевизион хоҳад шуд.

Доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии донишкада Муъминҷонов Зулфиддин дар мавзуи «Зеҳни сунъӣ  ва ташаккули журналистикаи соҳавии телевизион» суханронӣ намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии пешрафти кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа ҳисобида, бо мақсади рушду такомули ҳаматарафаи он ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм имкониятҳои заруриро муҳайё карда истодааст.

Мавсуф таъкид кард, ки вобаста ба ин дар қатори дигар ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд, бо дастгири аксарият қабул намуд.

Баҳри татбиқ ва истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул карда шуда, барои вусъати ҷараёнҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳаматарафаи имкониятҳои технологияҳои иттилоотии рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шудааст.

Муъминҷонов Зулфиддин дар анҷоми суханронияш зикр намуд, ки зеҳни сунъӣ метавонад дар беҳтар намудани сифати таҳсилоти олии касбӣ нақши бунёдӣ гузорад. Он имконият медиҳад, ки барномаҳои таълимӣ ба таври инфиродӣ мутобиқ шаванд, малакаҳои амалӣ ва назариявӣ самараноктар омӯзонида шаванд ва донишҷӯён барои бозори меҳнат омода гарданд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро омӯхта, инфрасохтор ва захираҳои инсониро барои татбиқи зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои олии касбӣ таҳким диҳад.

Сипас, доктори илмҳои филологӣ, профессори ДМТ Муродӣ М., доктори илмҳои филологӣ, профессори ДСРТ Муллоев Ш. ва дотсенти кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии доникада, номзади илмҳои филологӣ Салимзода О. Мутаносибан дар мавзуъҳои «Рӯзноманигорӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар он», «Искусственный интеллект на отраслевом телевидении «Синамо»», ва «Парлумон ва ВАО: ҳамкории мутақобила» суханронӣ намуда, андешаҳои худро баён намуданд.

Инчунин, доктори илмҳои филологӣ, профессори ДДОТ ба номи С. Айнӣ Хоҷазод С., мудири кафедраи режиссура ва продюсерӣ, профессор Воҳидов Р., профессори фахрии кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ Умарова Г., дотсенти кафедраи технологияи ВАО, номзади илмҳои филологӣ Ҳамдамов Б. ва директори Радиои Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Саидзода О. Вобаста ба мавзуи конференсия маърузаҳои ироа намуда, андешаву мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Дар қисмати дуввуми кори конфронс, ки “Зеҳни сунъӣ дар ташаккули ВАО” ном гирифта буд, доктори илмҳои филологӣ, профессори ДДОТ Хоҷазод С., мудири кафедраи режиссура ва продюсерии донишкада, профессор Воҳидӣ Р.,  профессори фахрии кафедраи журналистикаи телевизион ва радио Гавҳар Умарова, директори Радиои Тоҷикистон Саидзода О. ва дигарон баромад намуданд.

Дар бахши дигари конфронс, ки дар синфхонаи 48 доир гашт, маърузаҳои омӯзгорони унвонҷӯён ва донишҷӯёни факултаи журналистикаи телевизион ва радио шунида шуд.

Мудири кафедраи журналистикаи телевизион ва радио Галимова М., омӯзгорони калони кафедра Умарова М. ва Абдуллоева А., Садзода Ш.,  докторантону унвонҷӯён ва магисторону донишҷӯён дар баромадҳои худ муҳимнокии мавзуъро шарҳ дода, қайд намуданд, ки зеҳни сунъӣ расонаҳоро ба марҳилаи нав бурда, дар пешбурди кори рӯзноманигорон сабукии чашмрас ворид кардааст. Бинобар ин, намояндагони ВАО бо кумаки зеҳни сунъӣ метавонанд, маводи хонданбоб ва диданӣ таҳия карда, дар қонеъ намудани завқи ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Хулоса карда шуд, ки зеҳни сунъӣ дар ташаккули ВАО на танҳо василаи техникӣ, балки падидаи бузурги иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буда, агар дуруст ва боэҳтиёт истифода шавад, имкониятҳои тозаву назаррас барои касби рӯзноманигорӣ ба вуҷуд меорад.

Дар охир байни маърузачиён ва ҳозирин табодули афкори судманд ба миён омад.

ҚУДРАТОВ СИНО