Имрӯз таҳти ҳамин унвон дар Муассиаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” тибқи нақша — чорабиниҳои раёсати илм ва инноватсияи муассиса аз ҷониби кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои хориҷӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Конференсияро ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ муборакбод намуд. Мавсуф дар давоми суханронияш зикр намуд, ки забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист. Бо ин забони шевою шоирона садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд.

Ректори донишкада зикр кард, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдомоти пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат забони тоҷикӣ неруи тоза гирифта, ба забони расмӣ — коргузорӣ табдил ёфт. Дар солҳои охир як қатор донишномаҳо, луғатномаҳо ва фарҳангҳои дузабонаву сезабона интишор шуданд, ки онҳо бо забони меъёр ва риояи қоидаҳои таркиби дохилии забони адабии тоҷикӣ чоп шуда, барои боз ҳам васеъ тарғиб кардани забони давлатӣ замина фароҳам оварданд. Имрӯз ин забони ноб аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад ва шуҳрати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад.

Муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер Файзуллоҳ мулоҳизаҳояшро дар бораи забони тоҷикӣ ва ҷойгоҳи он баён намуда, ҳамзамон аз таъкидҳо ва ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба забони давлатӣ ёдовар шуда, нақши Пешвои миллатро дар баланд бардоштани мақоми он муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.

Сипас, устодони донишкада Ғоибов А., Наимова Ф. ва  Раҳмонова Д. мутаносибан дар мавзуъҳои “Калимаҳои умумиистеъмолӣ дар “Нисоб-ус-сибён”-и А. Фароҳӣ”, “Забони асари бадеӣ аз нигоҳи Айнӣ дар ашъори  навқаламон” ва “Забон ҳастии миллат” суханронӣ намуда, андешаҳои худро дар бораи мақому манзалати забони тоҷикӣ баён намуданд.

Инчунин, донишҷӯёни донишкада Ваҳобова Амина ва Муҳиддинов Садриддин мутаносибан дар мавзуъҳои “Баррасии калимаи дил дар ашъори Рӯдакӣ” ва “Забони давлатӣ ва муҳити иҷтимоӣ” суханронӣ намуданд.

Дар анҷоми конференсия миёни иштирокчиён табодули афкори судманд сурат гирифт.

ҚУДРАТОВ СИНО