Забон ойинаи ҳастӣ ва рӯҳи ҳар миллат аст. Миллат тавассути забон худро мешиносад, таърихашро ҳифз мекунад ва роҳи ояндаи дурахшони худро ҳамвор месозад. Забон на танҳо воситаи гуфтор, балки рукни давлатдорӣ, рамзи ваҳдат ва сарчашмаи ифтихори миллӣ мебошад.

Ҳар сол, 5-уми октябр, дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад – санаи муқаддас, ки моро водор месозад ба бузургии забони модарии худ бештар биандешем ва онро ҳамчун ганҷи миллӣ ҳифз намоем.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: «Забони тоҷикӣ рукни асосии давлатдорӣ ва ойинаи ҳастии миллии мост.» Ҳамчунин Сарвари давлат иброз доштаанд: «Ҳар калимаи забони модарии мо ганҷи бебаҳоест, ки садсолаҳо аз насл ба насл расида, имрӯз ба мо амонат мондааст.»

Дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ санаи 4 октябри соли 2019 Пешвои миллат таъкид карданд: «Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.» Ин суханон нишон медиҳанд, ки забон на танҳо воситаи гуфтор, балки нигаҳдорандаи фарҳанг, мероси маънавӣ ва ганҷи миллӣ мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди забони давлатӣ ҳама шароит фароҳам оварда шуд. Қонунгузорӣ дар бораи забон пайваста такмил меёбад, ва омӯзишу истифодаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ густариш меёбад. Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун омили ваҳдат ва таҳкими истиқлолият хизмат мекунад.

Дар Муассисаи давлатии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  бахшида ба Рӯзи забон чорабиниҳои гуногун — маҳфилҳои адабӣ, намоиши китобҳо, конфронсу барномаҳои фарҳангӣ — доир мегарданд. Донишҷӯён ва устодон бо ифтихор аз забони модарӣ ёдовар шуда, онро ҳамчун ганҷи меросӣ арҷ мегузоранд.

Забони тоҷикӣ на танҳо василаи гуфтор, балки пояи ваҳдат, нерӯи ҷунбонандаи миллат ва нишонаи сарбаландии миллӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ба забони модарӣ арҷ гузорад ва онро бо тамоми зебоияш ба наслҳои оянда мерос гузорад. Ба забон арҷ гузоштан – ба миллат арҷ гузоштан аст!

 

              Умарова Муқаддас

омўзгори калони кафедраи журналистикаи

телевизион ва радиошунавонӣ