Имрӯз таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида 50-солагии фаъолияти эҷодӣ-омўзгории Ҳунарпешаи халќии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти Комсомоли ленинии Тоҷикистон, дорандаи орденҳои «Дўстӣ» ва «Шараф» Марям Исоева, Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон бо иштироки чеҳраҳои саршиноси фарҳангу санъати кишвар ва устодону донишҷӯён чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабиниро ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро бо меҳру самимияти хос ба донишкада хайрамақдам гуфта, ҳозиринро ба муносибати 50-солагии фаъолияти эҷодӣ-омўзгории Ҳунарпешаи халќии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти Комсомоли ленинии Тоҷикистон, дорандаи орденҳои «Дўстӣ» ва «Шараф» Марям Исоева, Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон муборакбод намуд.
Мавсуф иброз намуд, ки Марям Исоева аз зумраи чеҳраҳои маъруфи театр ва синамои тоҷик ба ҳисоб рафта, дар давоми 50-соли фаъолияти эҷодӣ-омӯзгориаш садҳо ҳунарманди соҳаи фарҳангу санъатро тарбия ва ба камол расондааст. Ҳунарпешаи хушсалиқаву пурмаҳорати театр бо симои мувофиқи образофарӣ ба зудӣ миёни мухлисону роғибони театру синамо маҳбубият пайдо карда, ба дили онҳо раҳ кушод. Ҳарчанд нақшҳои лирикию драмавиро дар ғояти эҳсоси баланд иҷро мекард, аз бозидани образҳои фоҷиавию мазҳакавӣ низ ба хубӣ мебаромад. Хидмати устод Марям Исоева дар дубляжи филмҳо низ бузург буда, бо дарки эҳсоси ботинии қаҳрамонаш ва садои ҷолибу марғуладораш дилҳои ҳаводоронашро тасхир намудааст.
Ректори донишкада таъкид кард, ки фаъолияти сермаҳсули ҳирфаӣ ва меҳр ба касби омӯзгорӣ Майрам Исоеваро ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода овард ва ӯ дар вазифаи омӯзгори кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна фаъолияти беш аз 50 — солаи пурсамар намуда истодааст. Дар ин муддат садҳо шогирдонро тарбия намуда, ба ҷодаи фарҳангу ҳунар раҳнамун сохтааст, ки аксарашон ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон ва дорандагони дигар унвонҳои ифтихорӣ мебошанд.
Муовини аввали вазири фарҳанг Назариён Обид Одилзода низ ҳунарпешаи маъруф Марям Исоеваро ба муносибати 50-солагии фаъолияти эҷодӣ-омӯзгориаш муборакбод намуда, табрикоти раёсати Вазорати фарҳанг, махсусан вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториёнро ба соҳибҷашн расонид. Мавсуф, инчунин зикр намуд, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева дар аксари нақшҳо нақши зан-модарро офаридааст. Нақши зан дар масири ҳунарии ӯ ҷойгоҳи мумтоз дорад ва ӯ бо дарки асли сурату сирати занони ҷаҳонӣ ва миллӣ аз ҳар ҷиҳат наздик шуда, дар бештар маврид бо ҳунари нотакрор образи модари асили тоҷикро бо маҳорати баланд офаридааст. Шахсияти Марям Исоева ҳамчун ҳунарманди асил солҳост, ки ба ҳаводорон ва дилбастагони театр ва кинои тоҷик шинос аст. Боварии комил дорем, ки симоҳои офаридаи устод Марям Исоева дар хазинаи фарҳанги миллат ҷовидона маҳфуз монда, номи ин ҳунарманди оламшумулро то парафшон будани парчами маърифату ҳунар зинда нигоҳ медоранд.
Сипас, намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Ҳабибзода Зоир, профессори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати шаҳри Санкт-Петерберги Федератсияи Русия Шербина Николай Филиппович, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон Миралиев Алишер, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Файзализода Дӯстмурод, муовини директори Агентии ҳифзи ёдгориҳои таърихии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайнуриддинзода Аҳлиддин, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Баҳодур Давлатзода, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва идораву ташкилотҳои гуногун табрикоти худро ироа намуда, ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева як қатор медалҳои ҷашнӣ, сипосномаву ифтихорномаҳо ва мукофотҳои ниҳодҳои худро тақдим намуданд.
Инчунин, дар доираи чорабинӣ як қатор меҳмонон ва устодону донишҷӯёни донишкада барои дастовардҳои назаррас бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон бо нишонҳои сарисинагӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Пас аз ироаи суханҳои табрикотӣ филми мустанади «Дунёи Марям» намоиш дода шуд, ки аз ҳаёт ва рӯзгори Марям Исоева қисса мекард.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид, ки ҷолибу хотирмон буд.
ҚУДРАТОВ СИНО