ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ,

АЗ ҲАЗОРОН КАЪБА ЯК ДИЛ БЕҲТАР АСТ.

       Дар арафаи ҷашну идҳо анҷом додани амалҳои хайру савоб, аз қабили дастгирии моддиву маънавии ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон аз ҷумлаи корҳое мебошад, ки дар ҷомеаи мо ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

     Маҳз ҳамин аст, ки бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ятимону маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд дар арафаи иди Фитр аз ҷониби ректори донишкада номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ба як гурӯҳ донишҷӯёни ятими кулл ва маъюби донишкада кумакҳои моддӣ расонида шуд.

       Зимни супоридани туҳфаҳо ректори донишкада донишҷӯёнро бо иди Фитр табрик намуда, аз дастгириҳову кумакҳои мунтазами Пешвои миллат ёдоварӣ намуданд.

       Боиси хушнудист, ки дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамасола ин анъанаи инсондӯстона бо ҳиммату масъулияти баланд риоя мешавад.