Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санади муҳимми расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин лиҳоз тамоми мардуми Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Иқдомоти дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва сунату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа, ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшидаанд.  Бунёди Китобхонаи миллӣ, театру иншоотҳои фарҳангӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти фарҳангии шаҳрвандони кишвар  мусоидат менамояд, Муҳимтарин аломати ҳастии миллат фарҳанг аст. Зеро фарҳанг инъикоскунандаи тарзи зиндагии гуногунрангу зеҳнияти миллат буда, дар он бурду бохти миллат дар тӯли таърих ва сарнавишти ӯ таҷассум меёбад ва ҳамчун дарси таҷрибаи иҷтимоӣ барои наслҳои оянда хизмат мекунад. Маҳз тавассути фарҳанг ҷаҳониён чеҳраи маънавии миллат ва нақшу мақоми ӯро дар таърихи башарият мешиносанд. Бинобар он фарҳанг ин руҳу равон ва ҳастии миллат аст, ки маҳз аз тариқи он ҳувийяту худшиносии миллии наслҳои ҳар кадом миллат ташаккул меёбад. Чун ҳамасола Паёми имсола низ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеъаро дар бар гирифта аз ҷумла  ҳамеша фарҳанг дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Тавре дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, тайи 33- соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар биноҳои театр, қасри фарҳанг, мактаби санъат, китобхона,  боғҳои фарҳангу фароғатӣ  ва осорхонаҳо  бунёд карда шуда, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.

Қайд гардид, ки масъалаи мактабҳои мусиқӣ дар шаҳру ноҳияҳо солҳои охир яке аз мавзӯъҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин робита Президенти кишвар ба Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода доданд, ки то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро пурра бартараф намоянд. Роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки дар ин муддат дар маркази ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат барои истеъдодҳои наврасу ҷавон як мактаби мусиқӣ сохта, ба истифода диҳанд. Албатта, бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва рушди муассисаҳои фарҳангӣ ба рушди маънавиёти ҷомеа, ҷаҳонбинии солим ва пешгирӣ аз хурофоту ҷаҳолат мусоидат менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷумла «Тоҷикистон Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат», «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» то имрӯз шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштироки фаъолона доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарбия намудани ҷавонон дар роҳи ватандӯстиву меҳанпарастӣ қайд намуданд, ки дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату ҳукумат мебошад.

Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт.

Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.

Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем.

Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳифзу рушди ин давлати миллӣ саҳми аввалиндараҷа доранд, тӯли 33-соли истиқлолияти давлатӣ пайваста ҳифзи таъриху фарҳанги миллии чандинҳазорсолаи тоҷиконро яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд. Маҳз талошҳои беохири сарвари давлат  аст, ки бисёр арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик имрӯз эҳё мегарданд ва дар барқарор намудани хотираи таърихии тоҷикон мусоидат менамоянд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Омӯзгори калони кафедраи тарбия

 ва таҳсилоти мусиқӣ Шарофидинзод М. Ш