Сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон, ки тӯли ду рӯз идома ёфт, саҳифаи навро дар таърихи муносибатҳои ҳамсоядорӣ боз намуд.
Ин сафари воқеан таърихӣ ва ҳалли масъалахои марзӣ, ки мардумони ҳарду кишвар онро 101 сол интизор буданд, уфуқҳои нави ҳамгироӣ ва иртиботи ҳасанаро миёни халқҳои тоҷику қирғиз боз намуд.
Тавре аз сарчашмаҳои боз маълум аст, муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор гаштаанд. Равобити Тоҷикистону Қирғизистон бар пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд. Муколамаи сиёсии байни ду кишвар густариш меёбад ва ҷиҳати равнақи бештари он абзорҳои муҳим – Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ фаолият доранд.
Албатта, ҳамкорӣ ва ҳамсоядории Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон тӯли ин солҳо ҳамвору якнавохт набуд. Машваратҳои сиёсӣ байни роҳбарият ва воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар мунтазам баргузор мегарданд. Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 100 санадро дарбар мегирад. Санадҳои асосие, ки самтҳои аслии ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар он приниспҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудаанд, Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои некӯҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 мебошанд.
Баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ байни ду кишвар, аз ҷумла масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатӣ қадами бузург аст, ки ҳалли он ба таҳкиму таъмиқи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон такони тоза мебахшад. Кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА ва МҲТБО ҳамкориҳои зич дошта, аз таҷрибаи ҷонибдории ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигар фаровон истифода мебаранд.
Президенти маҳбуби мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари худ ба кишвари ҳамсоя бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар шахсони воломақом гуфтушуниди муфассал анҷом доданд. Аз рӯйи натиҷаи ҳамоиши Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи олӣ 16 санади навӣ ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтарини онҳо Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки соли 2018 Қирғизистон дар баробари 190 кишвари узви СММ қатъномаи Созмони Милали Муттаҳидро, ки бо ташаббуси Тоҷикистон зери унвони «Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”, пешниҳод шуда буд, дастгирӣ кард. Тоҷикистон низ лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони “Табиат марзро намешиносад: ҳамкории фаромарзӣ — омили калидии ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии зистӣ», ки бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон дар ҷаласаи 75-уми Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид, ҷонибдорӣ намудааст.
Тоҷикистон бар он аст, ки принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар асоси он мардумони тоҷику қирғиз аз қадимулайём мезистанд ва меофариданд, минбаъд низ ба рушди пайвастаи тамоми муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳанд кард.
Мулоқоту музокироти роҳбарияти ду кишвар дар фазои созанда ва дар руҳияи ҳамдигарфаҳмию ҳамсоягии нек баргузор гардид. Барои то ба 500 миллион доллари ИМА расонидани ҳаҷми гардиши мутақобили молу маҳсулот мувофиқа ба даст оварда шуд. Ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои барқарорсозии хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду кишвар, ҳамчунин хатсайри автобусҳо, аз ҷумла байни минтақаҳои наздисарҳадӣ тадбирҳои амалӣ андешанд. Аллакай парвози мустақим миёни Душанбе — Бишкек ва Бишкек – Хуҷанд роҳандозӣ гардид.
Мавриди тазаккур аст, ки Тоҷикистон аснои таърих нисбат ба касе даъвои қаламравӣ надошт. Ҳама гуна баҳсҳо танҳо тавассути роҳҳои мусолиматомез ва дипломатӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ҳал мешуданд. Мардуми тоҷик беҳтар аз ҳама медонад, ки сулҳу субот омили муҳим ва рӯйдоди таърихӣ буда, арзишмандтарин неъмати мост.
Воқеият ин аст, ки ирода ва хирадмандии халқи тоҷик, тафаккури созанда ва рӯҳияи шикастнопазири он муҳимтарин омили расидан ба сулҳ аст. Оғози шаклҳои муколамаи консептуалӣ оид ба ҷанбаъҳои бунёдӣ ва масъалаҳои ҳамкории стратегӣ хеле муҳим буда, воситаҳо ва механизмҳои устувору бисёрҷониба дар ин самт матраҳ гардиданд.
Тайи чанд соли охир дар муносибатҳои дӯстонаи як қатор кишварҳо дигаргуниҳои хеле мураккаб ба амал омаданд. Ҷаҳон бояд устувор бошад.
Зимни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон Шартнома оид ба сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон имзо гардида, бо роҳбари кишвари ҳамсоя Садир Нургожаевич Жапаров ба мувофиқа расида шуд, ки дар фурсати наздик Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оид ба пайванди нуқтаҳои сарҳади давлатӣ имзо карда мешавад. Имзои ин санад дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Мунтазири ин навиди сиёсӣ ва наврӯзӣ ҳастем.
Аҳли устодону кормандони ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода аз имзои Шартнома оид ба сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол менамоянд.
Дар замири мо намеғунҷад ба ғайр аз дӯст касс,
Ҳар ду оламро ба душман деҳ, ки моро дӯст бас.
Дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон поянда бод!
Саидзода Шодонаи Иброҳим,
номзади илмҳои филологӣ,
мудири кафедраи технологияи ВАО