Имрӯз дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар соли 2024 бо ҳузури рӯзноманигорони телевизион, радио ва матбуот нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Нахуст ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин намояндагони ВАО-ро ба боргоҳи фарҳанг ва санъати ҷумҳурӣ хушомадед гуфта, нишасти матбуотиро ҳусни оғоз бахшид. Зимни нишаст Низомӣ Муҳриддин Зайниддин оид ба натиҷаҳои фаъолияти МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар соли 2024 ба намояндагони ВАО маълумоти дақиқ ва ҳамаҷониба дод. Ҳамчунин, дар ҷараёни нишаст гуфта шуд, ки натиҷаҳои фаъолияти МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар соли 2024 назаррасанд, ки муҳимтарини онҳо ба қарори зайланд:

-Дар соли 2024 сатҳи сифати таълим дар донишкада 43,4% ва дарсазхудкунӣ 66,5% ва сатҳи сифати таълим дар имтиҳонҳои тестӣ 33,4% ва дар имтиҳонҳои эҷодӣ 53,4%-ро ташкил медиҳад, ки нишондоди мазкур яке аз нишондиҳандаҳои баланд дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.

-Дар соли 2024 донишкадаро 395 нафар донишҷӯён хатм намуданд, ки аз ин миён 102 нафари онҳо ба ҷойи кор фиристода шуд.

-Дар соли 2024 15 нафар донишҷӯён донишкадаро бо дипломи аъло хатм намуданд.

-43 нафар донишҷӯён ихтисосҳои санъати мусиқӣ ва таҳсилоти томактабӣ (санъати мусиқӣ)-ро, ки ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ мебошанд, хатм намуда, ба ҷойҳои кори худ роҳхат гирифтанд.

-Дар соли 2024 28 нафар донишҷӯён тариқи Квотаи президентӣ донишкадаро хатм намуда, барои кор ба маҳалли зисти хеш фиристода шуданд.

-Дар соли таҳсили 2024 зинаи магистратураро 19 нафар хатм намуданд, ки қисми зиёди онҳо барои идомаи таҳсил ба зинаи доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) тавсия шуда, бахше аз онҳо ба кафедраҳои тахассусии хеш ба ҳайси омӯзгор қабул гардиданд. Ҳамчунин, зинаи таҳсили доктор аз рӯйи ихтисос (PhD)-ро 5 нафар докторант хатм карданд.

-Дар донишкада аз рӯйи 12 ихтисос магистрант, 6 ихтисос унвонҷӯ ва 7 ихтисос докторант аз рӯйи ихтисос (PhD) қабул карда мешавад.

-Имсол дар донишкада аз рӯи 32 ихтисос довталабон дар бахши рӯзона, фосилавӣ ва ғоибона қабул карда шуданд. Дар натиҷа тибқи тақсимоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се давра 537 нафар қабул карда шуд, ки нақшаи қабул 57,5% иҷро гардид.

-Дар донишкада вобаста ба талабот ва ниёзҳои ҷомеа 7 ихтисоси нав: таърих ва назарияи фарҳанг, таъриху фарҳангшиносӣ, забон ва адабиёти тоҷик-фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ, забон ва адабиёти тоҷик-китобхонашиносӣ, забон ва адабиёти тоҷик-рӯзноманигорӣ, кори осорхона ва ҳифзи ёдгории таърихию фарҳангӣ (таърих ва музеология), санъати актёрии театри мусиқӣ-мазҳакавӣ таъсис дода шуд.

-Айни замон дар корҳои таҳқиқотӣ ва илмию методӣ 139 нафар устодону профессорон ширкат меварзанд, ки аз ин миён 3 нафар доктори илм, 30 нафар номзади илм, 2 нафар профессор ва 2 нафар дотсенти соҳаи санъат мебошанд.

— Дар соли 2024 МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” шурои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисос доир ба ихтисосҳои – 6D090400 – Хизмати иҷтимоӣ-фарҳангӣ (6D090401 – Назария, методика ва ташкили фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ) 6D091000 – Кори китобдорӣ (6D091001 – Китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ) ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳо аз рӯи ихтисосҳои 13.00.05 – «Назария, методика ва ташкили фаъолияти фарҳангӣ-иҷтимоӣ» (13.00.05.03 – Педагогикаи иҷтимоӣ ва худшиносӣ) ва 05.25.00 Иттилооти ҳуҷҷатӣ (05.25.03 – «Китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, китобшиносӣ» таъсис дода шуд.

-Дар соли 2024 аз ҷониби омӯзгорони донишкада 4 монография, 8 китоби дарсӣ, 6 маҷмуаи мақолаҳо, 10 воситаи таълимӣ ва 12 дастури методӣ таълиф ва чоп шудааст. Илова бар ин, ҳайати илмии донишкада дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и назди Президенти ҶТ 35 мақола, дар маҷаллаҳои тақризшавандаи хориҷи кишвар 43 мақола, ҳамчунин 248 мақолаи илмӣ ва илмию омавӣ нашр кардаанд.

-Дар соли ҳисоботӣ дар донишкада 4 конференсияи муштараки байналмилалии илмӣ, 1 форуми байналмилалии илмӣ, 26 конференсияву семинари илмӣ-назариявии сатҳашон гуногун баргузор гардидааст.

-Дар давоми соли 2024 дар донишкада 5 нафар омӯзгор, унвонҷӯ ва докторант, аз ҷумла Зокиров С., Саидзода Ш., Наимова Ф., Холов Ш. ва Ҷалолов Б. дипломҳои дараҷаҳои илмии худро аз КОА назди Президенти ҶТ ба даст оварда, 2 нафари дигар Муллоева Н. ва Раҳмонова Д. рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд. Ҳамчунин, Бобоҷониён Р. унвони профессор, Муъминова Ҳ. ва Раҳимзода К. унвони илмии дотсентро аз КОА-и назди Президенти ҶТ дарёфт карданд.

— Кароматзода М. донишҷӯи курси 3-юми доникада дар соли 2024 дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз  рӯйи номинатсияи «Эҷоди назму наср» сазовори ҷойи 3-юм гардид.

-Донишҷӯйи соли дуюми донишкада Баракаев А. дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азиз ман» аз номинатсияи сарояндаи анъанавӣ сазовори ҷойи 3-юм гардид.

-Дар соли 2024 омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ Зокирзода С.И. барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардид.

-Соли 2024 донишҷӯи донишкада Абдусатторов Меҳроб дар озмуни ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба гирифтани ҷойи 2-юм мушарраф шуд.

-Дар озмуни «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар ҶТ барои солҳои 2023-2024» омӯзгори факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф иштирок намуда, соҳиби «Шоҳҷоиза»-и озмун гардид.

-Дар озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯи донишкада Давлатов Саҳобиддин сазовори ҷойи дуюм шуд.

-Дар Озмуни илмӣ-зеҳнии «Маърифати ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», ки бахшида ба соли «Маърифати ҳуқуқӣ» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, филми таҳиянамудаи  курси 4 шуъбаи филми бадеӣ Раҳматзода Шоҳрух – «Нигоҳи гарм» аз рӯйи номинатсияи навори пурмазмун ва филми донишҷӯи курси дуюми шуъбаи актёрӣ Кенҷаев Тоҳирҷон –«Муҳаббати фарзанд» аз рӯйи номинатсияи маҳорати актёрӣ сазовори ҷойи аввал гардид.

-Донишкада бо 59 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи онҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро ба роҳ мондааст.

-Дар соли ҷорӣ 46 нафар олимону ҳунармандони хориҷӣ ба донишкада ташриф оварда, бо иштироки онҳо 6 вохӯрӣ-мулоқоти роҳбарияти донишкада, 8 дарси маҳорат ва 3 чорабинии фарҳангӣ-консертӣ гузаронида шудааст. Ҳамчунин, 10 нафар устодони донишкада дар соли 2024 сертификат-гувоҳномаи хатми курси такмили ихтисоси муассисаҳои байналмилалиро ба даст овардаанд.

-Дар соли 2024 дар доираи созишномаҳои байнидонишкадавӣ 13 сафари хориҷӣ анҷом ёфта, 36 нафар сафарҳои хориҷӣ намудаанд, ки аз онҳо 20 нафар корманду омӯзгор ва 16 нафар донишҷӯ мебошанд.

-Аз 14 то 17-уми апрели соли 2024 ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Низомӣ М.З. дар Форуми II-юми  ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок кард. Ҳамчунин, аз 29-уми май то 2-юми июни соли 2024 ректори донишкада профессор Низомӣ М.З. ба шаҳри Барнаули Федератсияи Россия сафар намуда, дар Форуми байналмилалии илмӣ-амалии «Фарҳанги минтақаи Авруосиё» ширкат намуд.

-Санаи 5-уми июни соли 2024 Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уйке ва як гурӯҳ ҳунармандони риштаҳои гуногуни санъати миллии Ҳиндустон ба донишкада ташриф оварда, барномаи консертии хотирмон пешкаши тамошобинон карданд.

-Аз 24-ум то 28-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби мутахассисони Театри миллии драмавии Россия (Алексан­дринский) курси такмили ихтисос таҳти унвони «Основы менеджмента в современном национальном театре» баргузор гардид, ки дар он 8 нафар омӯзгорони донишкада ширкат варзида, савияи дониши худро такмил доданд.

-Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии илмии донишкада кормандону устодони донишкада дар 16 конференсияву симпозиумҳои байналмилалӣ ширкат варзида, 72 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмӣ ва маҷмуаҳои илмии хориҷи кишвар ба чоп расидааст.

-15-уми майи 2024  дар донишкада дар доираи Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» бо иштироки ҳайатҳои ҳунарӣ ва олимони санъатшиноси давлатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Эрон, устодон ва донишҷӯёни донишкада дарси маҳорат бо услуби «устод-шогирд» дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.

-Соли 2024 дар донишкада дуюмин Озмуни байналмилалии рушди санъати миллии “Дӯстӣ бимонад ҷовидон” баргузор гардид, ки дар он довталабон аз Россия, Белорусия, Ӯзбекистон, Чин ва Тоҷикистон 22 нафар тариқи ҳузурӣ ва 76 нафар ғайриҳузурӣ иштирок намуданд.

-Соли 2024 устодону донишҷӯёни донишкада дар ҳайати 9 нафар дар Фестивали байналмилалии филмҳои кутоҳметражии донишҷӯёни кишварҳои ИДМ дар ДДУК ба номи С. Герасимови шаҳри Москва ширкат намуданд. Се филми донишҷӯёни донишкада дар фестивал ба намоиш гузошта шуда, филми “Душанбе – шаӽри ишқ” бо ҷоиза ва диплом қадрдонӣ шуд.

-Ҳамчунин, соли 2024 донишҷӯёни донишкада дар Фестивали театрии кишварҳои ИДМ “ГИТИС – мастер-класс” иштирок намуда, намоишномаи “Заҳҳок”-ро ба намоиш гузошта, бо ҷоизаи “Мусиқӣ ва рақси беинтиҳо” ва дипломи фестивал қадрдонӣ гардиданд.

— Аз озмунҳои байналмилалӣ дар давоми соли ҷорӣ ба унвонии донишкада 82 адад диплому сипосномаҳо ворид гардида аст, ки аз онҳо 29 адад Дипломи дараҷаи 1, 14 адад Дипломи дараҷаи 2, 8 адад Дипломи дараҷаи 3, 14 адад Диплом барои иштироки фаъолона, 2 адад сертификат ва 13 адад Сипосномаҳои фахрӣ мебошад.

— Дар донишкада 60 нафар донишҷӯён аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил намуда истодаанд.

-Айни замон дар хориҷи кишвар 11 нафар донишҷӯи донишкада дар Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой ва 5 нафар дар ДДУК ба номи С. Герасимов (ВГУК)-и шаҳри Москва таҳсил намуда истодаанд.

-Дар нимсолаи аввали соли 2024 роҳрави се ошёнаи бинои асосӣ ва синфхонаҳои бинои асосӣ таъмири капиталӣ шуд.

Баъд аз ироаи маълумот миёни намояндагони ВАО ва ректори муассиса саволу ҷавоб сурат гирифт, ки хабарнигорон ба саволҳои худ ҷавобҳои мусбат гирифтанд.

 

 

ҚУДРАТОВ Сино