Таҷрибаи баргузор намудани дарсҳои кушод дар кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи телевизион ва радио имкон фароҳам меорад, ки донишҷўён дониши амалӣ ва назариявӣ гирифта, роҳу усулҳои ҷаддидро дар тарҳрезӣ, омодасозӣ таҳия ва пахши барномаҳои телевизионӣ аз худ намоянд.
Бо ин мақсад имрўз дар синфхонаи таълимии махсусгардонидашуда барои донишҷўёни ихтисоси рўзноманигории телевизион дарси кушоди профессори фахрии донишкада Гавҳар Умарова бо донишҷўёни курсҳои 2-3-юми ихтисоси рўзноманигори телевизион аз фанни маҳорати эҷодии журналист дар мавзуҳои «ВАО оинаи пурҷилои забони тоҷикӣ» ва «Конститутсия- бахтномаи миллат»доир гардид. Дар он ҳайати омўзгорони кафедра: доктори илмҳои филологӣ, профессор З. Муъминҷонов, н.и.ф. М. Галимова, муаллими калони кафедра Ш. Наѓзалиев, ассисентон Зоирзода Н., Мирзоева М. ва мудири бахши мониторинги сифати таҳсилот Раҳимов Б. ширкат варзиданд.
Дарси кушод ба Рўзи Кониститутсия дар мавзуи «Кониститутсия- бахтномаи миллат» дар курси 2-юм ва дар мавзуи «ВАО оинаи ҷилодори забони тоҷик» дар курси 3-юм бахшида шуда буд. Муаллима Г. Умарова –собиқадори соҳаи телевизион бобати аҷр гузоштан ба ин ду муқаддасоти миллат сухан ронда аҳамити мавзуи дарси кушодро дар замони муосир баён намуд.
Донишҷўён Амзалиева М., Раҳимзода Б., Давлатбекова А. донишҷўёни курси 3-юм, Сафарова М., Маҳмадалиев Л., Давлатмамадова Д., Низомов Л донишҷўёни курси 2-юм бо маърўзаҳои пурмуҳтавои худ баромад карданд. Пешниҳоиди мавзуи дарси кушод аз тарафи донишҷўён дар шакли маърўзаҳо ва презентатсияҳо сурат гирифт. Ин тарзи пешниҳод бозгўкунандаи дониши назариявӣ ва амалии донишҷўён дар соҳаи сиёсат, фарҳанг ва касбияти онҳо мебошад. муҳайё намудани шароити хуби дарсомўзӣ, ҷиҳозонидани лабораторияҳо ва студияи таълимӣ бо техника ва технологияи муосир дар баланд бардоштани сифати таълим дар факултети мазкур мусоидат карда, омили асосии ҷалби донишҷўён ба корҳои эҷодӣ гардидааст. Ин аст, ки донишҷўён Низомов Л., Мамадалиев Л. бо истифода аз усули презентатсия маърўзаҳои худро омода ва пешкаш намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории чунин дарсҳо тибқи ҷадвали дарсҳои кушоди кафедра ба ба роҳ монда шудааст.
Пас аз анҷоми дарси кушод баррасии он аз тарафи омўзгорон сурат гирифт. Мудири бахши мониторинги сифати таҳсилот Раҳимов Б. баромад карда, баргузор намудани дарси кушодро аз фанҳои тахассусӣ, ки аксаран эҷодианд, саривақтӣ ва боманфиат шуморида, ҷиҳати тарбиявии онҳоро дар ташаккули худшиносиву худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ- фарҳангӣ нисбат дод, инчунин таҷрибаи бойи касбии омўзгорони собиқадорро ба омўзгорони ҷавон тавсия намуд.
Кафедра тасмим дорад, ки минбаъд дар гурўҳҳои таълимӣ баргузории дарсҳои кушодро ҷоннок намояд ва усули таҷрибагирии устодони ҷавонро тавассути иштирок ба дарсҳои кушоди омўзгорони собиқадор дар раванди таълим ҷорӣ намояд.
Мудири кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ,
н.и.ф., дотсент Галимова М.Б.



