Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мусобиқаи варзишии гуштингирӣ миёни донишҷӯписарони муассиса баргузор гардид, ки дар он ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада иштирок карданд.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ чорабиниро бо сухани шодбошӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла зикр намуд, ки бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии давлатҳои ҷаҳон Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмиллалӣ эътироф гардида, ҳамасола дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Наврӯзи байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шуда, бо сифатҳои вижаи башардӯстонаи худ – некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзӣ машҳури олам гардидааст.
Ниёгони мо аз қадим дар арафаи ин ҷашни миллӣ мусобиқаҳои гунонгуни варзишӣ баргузор мекарданд, ки яке аз маъруфтарин ва муҳимтарини онҳо гуштингирӣ мебошад. Паҳлавон ё худ шахсе, ки дар маъракаҳои гӯштингирӣ баромада, маҳорати худро ба дигарон пешниҳод мекард, аз азал миёни мардуми тоҷик маҳбубияти хоссаро доро буд. Дар замонҳои пеш ҷашни Наврӯз аз оғози баҳор то даромадани фасли тобистон, аниқтараш давоми се моҳ паҳлавононро бо ҳам ҷамъ меовард. Наврӯзро мардуми тоҷик деҳа ба деҳа дар алоҳидагӣ ҷашн мегирифтанд ва паҳлавонон ба майдон баромада, ҳар яке деҳи худро муаррифӣ мекард. Аслан паҳлавонон дар болои сабзаи наврӯида бо пойҳои луч ва чакманҳо баромада, қувва месанҷиданд. Мардум маҳорати паҳлавононро дида, дар васфи онҳо то Наврӯзи оянда шеъру таронаҳо эҷод мекард, ки ин аз варзишдӯст будани мардуми тоҷик дарак медиҳад.
Ғолибони мусобиқа дар чорабинии тантанавии донишкада, ки ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор мегардад, бо сипосномаҳо қадрдонӣ мегарданд.
ҚУДРАТОВ Сино